Ба аввал: Робита бо ҷомеа ИСТИҚЛОЛИЯТ. ХУРШЕДИ БЕҒУРУБ
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
НАЗАРСАНҶӢ
Аз кадом хизматрасонии сомонаи расмии Вазорати мудофиа қаноатмандед?
 
Омор
Имрӯз7
Дирӯз339
Моҳ6660
Ҳамагӣ213254
Наворҳо

Форум

ИСТИҚЛОЛИЯТ. ХУРШЕДИ БЕҒУРУБ

05 09 2018

Мову Шумо дар даврони соҳибистиқлолӣ борҳо марҳалаҳои мушкилу сангинро паси сар намуда, аз ҳолатҳои бисёр вазнин сарбаландона баромадем, аз ҷумла хатари нестшавии давлат ва парокандашавии миллатро бартараф кардем ва ба пешрафти давлату ҷомеа муваффақ шудем.
Эмомалӣ РАҲМОН
Пас аз заволи давлати бузурги Сомониён, ки тоҷиконро муттаҳид ва рушди илму адаб ва забони миллиро таъмин намуда буд, миллати соҳибтамаддуни мо солҳои тӯлонӣ аз баракати давлатдории миллӣ бебаҳра монд. Пас аз таҳаммули ҳазорон дарду ранҷи таърих, билохира 9 сентябри соли 1991 Тоҷикистон соҳиби Истиқлолияти давлатӣ гардид ва зарур буд, ки ҳамаи мо сарҷамъона баҳри эъмори давлатдории миллӣ талош варзем. Мутаассифона, бо сабабҳои мухталифи сиёсӣ, ки сарчашма ба иғвои душманони дохилию хориҷӣ доштанд, нооромиҳои ҷамъиятӣ сар  зада,  сабабгори  заиф шудани пояҳои давлатдорӣ, аз фаъолият бозмондани аксар сохтору мақомоти давлатӣ ва ҳатто оғози ҷанги шаҳрвандӣ гардиданд.  Дар чунин даврони сарнавиштсоз, ки хатари парокандагию заволи аркони давлат моро таҳдид мекард, нафаре лозим буд, ки хуршеди истиқлолиятро аз зери абрҳои тираи ҷаҳолату маҳалгароӣ ва мансабхоҳӣ берун оварад. Маҳз дар чунин лаҳзаҳои тақдирсоз фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҳадияи Илоҳӣ ба миллати тоҷик зимоми давлатро ба даст гирифтанд. Аввалин сухане, ки дар замони яъсу ноумедиҳо аз забони Сарвари давлат садо дод ба қалби миллионҳо тоҷику тоҷикистонӣ нури умед бахшид: “Ман ба шумо сулҳ меорам!”.
Баъд аз истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон Пешвои муаззами миллат ҳамчун марди қавлу амал маҳбуби дилҳо гардида, истиқлолият ва ягонагии миллату давлат ҳифз, пояҳои фалаҷгаштаи ҳокимият барқарор ва рушди бонизоми соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат таъмин шуд. 
Бунёди неругоҳҳои барқи обии хурду бузург ва нақбу роҳҳои пайвандгар, таъсиси корхонаҳои гуногун, сохта  ба истифода додани садҳо  мактабу беморхона, донишгоҳу донишкада ва  марказҳои илмию фарҳангӣ, симои нав касб кардани пойтахт ва ҳамаи шаҳру  навоҳии  мамлакат  ва  аз  ҳама  муҳим тарбияи насли худогоҳу ватандӯст аз ҷумлаи неъматҳои пурфайзи Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ин ҳама дастоварду пешрафт ва рушди рӯзафзуни мамлакат итминон мебахшад, ки хуршеди Истиқлолияти давлатии мо беғуруб ва файзу баракати он беинтиҳост. Пас, ҳамаи мо, махсусан насли даврони истиқлолро зарур аст, ки ба қадри чунин неъмати бузург бирасем ва аз доштани озодию иттиҳод шукргузорӣ намоем.

 

Акобир ИЗЗАТУЛЛОЗОДА, 
прокурори ноҳияи Мастчоҳ


Обуна шудан!

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

ВАЗИРИ МУДОФИАИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ГЕНЕРАЛ-ПОЛКОВНИК 
ШЕРАЛӢ МИРЗО
Варзиш

Майдончаи савдо