Ба аввал:
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
НАЗАРСАНҶӢ
Аз кадом хизматрасонии сомонаи расмии Вазорати мудофиа қаноатмандед?
 
Омор
Имрӯз7
Дирӯз339
Моҳ6660
Ҳамагӣ213254
Наворҳо

Форум

ҲАМПОЁНИ РОҲ ВА ҲАМДАСТОНИ ТАЪРИХ

10 08 2018

Ба муносибати сафари қарибулвуқӯи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекистон

Хусусияти барҷаста ва имтиёзи бузурги робитаҳои таърихӣ ва фарҳангии тоҷикону ӯзбеконро дар тӯли ҳазорсолаҳо муносибатҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва пайвандҳои адабиву фарҳангӣ шакл дода,  таҳаввул бахшидаанд. Робитаҳои хеле наздик ва ба ҳам даромехтаи иқтисодиву  фарҳангӣ маҳсули зисти якҷоя дар як обу хок буда, меҳнати якҷоя ва суннатҳои муштарак дар давоми асрҳо ба ин ҷараён таъсиргузор будаанд. 
Ҳанӯз Алишер Навоӣ дар «Муҳокимат-ул-луғатайн» хусусияти ваҳдат, иттиҳоди иҷтимоӣ ва фарҳангии тоҷикону ӯзбеконро, ки дар тӯли замонҳо ҳампоёни роҳ ва ҳамдастони таърих будаанд,  мушоҳида карда, навишта буд: «Дар байни ҷавону пир, балки ҳамаи калону хурди ин ду тоифа ихтилот ба як андоза аст. Ҳар қадар ин якро бо он як омезиш ва гуфтор бошад, он якро ҳам бо ин як ба ҳамон андоза такаллум ва гуфтор ҳаст».  Дар ҳамин матн устод Айнӣ низ тоҷикону ӯзбеконро «як халқи дузабона» унвон кардаанд.
Воқеан ҳам, тоҷикону ӯзбекон дар тӯли таърих дар як муҳити ҷуғрофӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ зиста, дар неку бад ва ғаму шодии ҳам  ҳамеша шарик  будаанд. Бузургтарин фоҷиаҳои  таърихро, аз ҳуҷуми арабҳо сар карда, то фоҷиаҳои Чингиз  якҷоя пушти сар карда,  талхиҳои рӯзгору шириниҳои онро бо ҳам қисмат намудаанд. Таърих ҳуҷҷатҳоеро ҳифз кардааст, ки далели қиёмҳои истиқлолхоҳонаи тоҷикону ӯзбекон ба муқобили душманони муштаракашон низ  ҳаст. Ба ифодаи дигар, робитаҳои ин ду халқ фақат ба замони муайян маҳдуд нашуда,  умқ ва вусъати таърихиву паҳнои замонӣ дорад.

Ҳуҷҷатҳои таърихӣ ба саргаҳи робитаҳои иҷтимоиву фарҳангии пешгузаштагони халқҳои тоҷику ӯзбек ишорати саҳеҳ доранд. Аз ҷумла,  академик Бобоҷон Ғафуров навишта буд, ки «унсури туркӣ ба таркиби ҷамъияти Осиёи Миёнаи асрҳои ҳафту ҳашт устувор дохил гардидааст… Аз ҳамин давра синтези расму одатҳо, ақидаҳои мазҳабӣ, маросим ва маданияти халқҳои эронизабону туркзабони Осиёи Миёна нафақат сар шудааст, балки пурмаҳсул давом кардааст». Ба ин  далел, пайдоиш ва истеҳком ёфтани унсури туркӣ дар  адабиёти шифоҳӣ ва китобӣ дар таърихи адабу  фарҳанги тоҷикон беасос набуд.
Таъсири мутақобилаи адабиёт ва фарҳанги тоҷикиву ӯзбекӣ, пеш аз ҳама,  дар осори шифоҳӣ, расму оин ва эътиқодоти ин мардумон чашмрас аст, ки аз бисёр ҷиҳат ҷараёни таърихии инкишофи онро муайян намудааст. Иосиф Брагинский барҳақ навиштааст, ки «наздикӣ ва ҳатто мутобиқати комили ҷашнҳо, муҳтавои афсонаҳо, ягонагии зарбулмасалу мақолҳову муаммоҳо миёни ҳар ду халқ то он ҷо ба адабиётшиносону русумшиносон ва фолклоршиносон маълум аст, ки зарурати ёдкарди он нест».
Ҳамаи ин омилҳо барои тараққӣ ва пешрафти адабиёт ва фарҳанги ҳар ду халқ заминасоз омада,  дар навбати аввал ба неруи тоза пайдо кардани робитаҳои тарафайн, таъсири босамари мутақобила ва дороиафзоии адабиёту фарҳанги ду  тараф мусоидати комил намудаанд. Адибону донишмандони ҳар ду халқ дар тӯли таърих бо маҳсули эҷодии худ  ба ташаккули илму дониш ва адабиёту фарҳанги тоҷикону ӯзбекон мусоидати комил намудаанд. Ба ин дастур, дар давоми асрҳо ин ду халқ соҳиби суннатҳои муштараки адабию фарҳангӣ, тарзи тафаккури ягонаи бадеӣ ва завқи адабӣ гардиданд. Дар адабиёти шифоҳиву китобӣ мавҷуд будани мавзӯъҳо, шаклу услубҳо ва тарзи баёни муштарак далели раднопазири гуфтаҳои болост. Ин тарзи таъсирпазирӣ,  бахусус  дар осори ҳамосӣ ва таронаҳо чашмрас аст. Ҳанӯз муаллифи «Қутадғу билиқ» (асри ёздаҳ) иқрор карда буд, ки ба шарофати тоҷикон афсонаи Рустаму Суҳроб ба онҳо  (ӯзбекон) расид. Дар адабиёти шифоҳии ӯзбек мавқеи хос доштани чеҳраи Рустам решаҳои таърихӣ дошта, далели қаробати сужаҳо, тасвирҳо ва андешаҳои бадеӣ миёни ин ду халқ мебошад. Дар адабиёти тоҷик, бахусус шеъри классикӣ, нақш ва ҷойгоҳи хос доштани  образи турк  (пешгузаштагони ӯзбекон) ҳамчун намоди зебоиву далерӣ, шахсиятҳое чун Бектош аз қиссаи машҳури ишқӣ аз рӯзгори Робиаи Балхӣ ва аз тарафи Фаридауддини Аттор дар «Илоҳинома» истифода шудани он низ гувоҳи пайвандҳои амиқ ва таъсирпазириҳои судманди ин ду халқ аз воқеиятҳои таърихӣ ва адабии вобаста ба таърихи ҳамдигар мебошад.
Бисёре аз шоирони ӯзбек, ки дар матни адабу фарҳанги тоҷикон парвариш ёфтаанд, осорашонро ба забони форсии тоҷикӣ навиштаанд. Ҳамчунин, осори адибони тоҷик аз тарафи ҳамин гуна қаламкашони забондон ба ӯзбекӣ тарҷума ва нашр гардидаанд. Ин ҷараёни ҳамгироӣ, бахусус дар асри понздаҳ ба авҷи олӣ расида, ҳамчун нуқтаи олӣ дар робитаҳои таърихии тоҷикону ӯзбекон арзёбӣ мешавад, ки бунёдгузори он шоири тоҷик Абдураҳмони Ҷомӣ ва асосгузори адабиёти классики ӯзбек Алишер Навоӣ мебошанд. Ба шарофати ин ду мард ва ҳимояту дастгири онон на танҳо адабиёт, балки тамоми соҳаҳои эҷодиёти бадеӣ ва илмии он замон дар таърихи робитаҳои тоҷикону ӯзбекон дурахши хоссе пайдо кард. 
Устод Айнӣ дар рисолааш «Алишер Навоӣ» дар бораи нақш ва ҷойгоҳи Навоӣ дар  таърихи робитаҳои тоҷикону ӯзбекон сухан карда, аз 57 китобе ёд меоварад, ки бевосита «бо ташаббус ва ёрмандии моддӣ ва маънавӣ» - и  Навоӣ ба забони тоҷикӣ навишта шудаанд ва дар онҳо номи бисёр адибон, олимон, хаттотону наққошон, навозандагону ҳофизон зикр гардидааст, ки Навоӣ дар тарбияи онон саҳм доштааст. Ҷомӣ ва Навоӣ аз зумраи мардони ангуштшумори таъриханд, ки новобаста ба гароишҳои мазҳабӣ ва тааллуқоти миллиашон ба халқҳои тоҷику ӯзбек, равнақи адабу фарҳанги онон фидокорона хидмат кардаанд,  ташаккул ва таҳаввули як ҷарёни хосси ҳамгироии адабиву миллӣ - зуллисонайн, яъне ба тоҷикиву ӯзбекӣ шеър гуфтан, асар эҷод карданро бунёд гузоштанд ва замонат доданд, ки аз асри понздаҳ ба ин тараф воқеияти муҳими ҳаёти адабии тоҷикону ӯзбекон аст. Дар ин замина танҳо метавон аз тарҷумаҳои «Шоҳнома» - и Фирдавсӣ, «Ҳафт пайкар» - и Низомии Ганҷавӣ, «Саломон ва Абсол», «Юсуф ва Зулайхо», «Баҳористон» - и Ҷомӣ, «Шоҳ ва дарвеш» - и Ҳилолӣ, «Бадоеъ-ул-вақоеъ» — и Восифӣ, «Равзат-ус-сафо» - и  Мирхонд, «Ҳабиб-ус-сияр» - и Хондамир, «Тӯтинома», «Чор дарвеш» ва ғайра ёд кард, ки дар асрҳои гузашта ба забони ӯзбекӣ тарҷума ва нашр шудаанд. 
Коре, ки Ҷомиву Навоӣ ва пайравони онҳо дар асри понздаҳ оғоз карда буданд, дар давраи гардишҳои азими таърихӣ — даврони маорифпарвариву инқилоби русӣ ва баъди он  устод Айнӣ ва шогирдони ӯ идома дода, саҳифаи навро дар таърихи робитаҳои адабии ин ду халқ боз намуданд, ки то имрӯз идома дорад. 
Дар тӯли солҳо муҳимтарин осори адабиву илмӣ ва таърихии ҳар ду халқ ба забонҳои якдигар тарҷума шуда, дастраси хонандагон гардидааст. Хонандагони мо осори шоирону нависандагонашонро дар асл ва тарҷума мехонанд ва аз дастовардҳои ҳамдигар огоҳанд. Ҳамчунон ки осори адибони ӯзбек — Ғафур Ғулом, Ӯйғун, Зулфия ва дигарон ҷузъи андешаи бадеии хонандаи тоҷик қарор гирифтааст, осори Айнӣ,  Мирзо  Турсунзода, Муъмин Қаноат, Лоиқ ва дигар шоиру нависандагони тоҷик низ ҷузъи маънавиёти хонандаи ӯзбек аст.
Шоирону нависандагон ва донишмандони тоҷик, аз устод Айнӣ сар карда то Мирзо Турсунзодаву  баъдиниён бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳусни пайванди махсус доштанд. Бештарини онҳо, аз ҷумла  Мирзо  Турсунзода, Сотим Улуғзода ва даҳҳои дигар парвардаи Дорулмуаллимини Тошканд мебошанд, ки дар ташаккули неруҳои адабиву илмии тоҷик таъсиргузор будааст. Он рӯзҳову саҳнаҳои зиндагӣ ва пайвандҳои маънавию иҷтимоии  тоҷикони донишҷӯ дар адабиёти ёддоштиву бадеии тоҷикӣ таҷассум гардидааст. Аз ҷумла,  Мирзо Турсунзода таассуроташро аз он рӯзҳо аз назари ҷавони шонздаҳсола ҳамчун шоири баркамол дар достони «Ҳасани аробакаш»  ба тариқи зер тасвир кардааст:
Менамудам нигоҳ роҳравон,
Бо муҳаббат ба кишвари ӯзбек.

 

Дӯстиро тарона мекардам, 
Аз забони қаламкаши тоҷик.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки таҷрибаи бои таърихии худ,  барои боз ҳам қавитар сохтани дӯстии ин ду халқи бародар дари сарҳади дӯстиро дубора боз кардаву ормонҳои чандинсолаи мардуми тоҷику ӯзбекро амалӣ карданд. Аз иқдомҳои неки Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвари олии кишвари ба мо дӯсту ҳамсояи Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев имрӯз тоҷику ӯзбек боз ба хонаи ҳамдигар меоянд, шодиву хурсандӣ мекунанд, робитаҳои илмиву фарҳангӣ, иҷтимоиву иқтисодии байни давлатҳоро мустаҳкамтар месозанд.
Пайвандҳои таърихии иҷтимоӣ ва адабиву фарҳангии тоҷикону ӯзбекон дар давоми асрҳо  василаи дороиафзоии мутақобил, ҳамгироӣ ва ҳамбастагии иқтисодиву иҷтимоӣ ва адабиву фарҳангии ду миллат буд ва яқин, ки имрӯзу фардо низ ҳамин рисолаташро барои осоиши рӯҳиву маънавии ҳар ду миллат ба ҷо хоҳад овард.  Таҷрибаи таърихӣ ва фарҳангии миллатҳои мо дар ин замина сархати ҳуҷҷатест, ки ҳамчун шаҳодатномаи дӯстии қарин ва якҷоягии дерин дар масири замонҳо эътибор дошту эътибораш боқӣ хоҳад монд.

Сайрам  БАҚОЗОДА,
номзади илмҳои филология

Обуна шудан!

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

ВАЗИРИ МУДОФИАИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ГЕНЕРАЛ-ПОЛКОВНИК 
ШЕРАЛӢ МИРЗО
Варзиш

Майдончаи савдо