Home: Public relations МИСР ВА ТОҶИКИСТОН ДАР МУБОРИЗА БО СОЗМОНҲОИ ТЕРРОРИСТӢ
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
VOTE
Аз кадом хизматрасонии сомонаи расмии Вазорати мудофиа қаноатмандед?
 
Statistics
Today232
Week2680
This month1687
Only355150
Video

Forum

МИСР ВА ТОҶИКИСТОН ДАР МУБОРИЗА БО СОЗМОНҲОИ ТЕРРОРИСТӢ

08 08 2018

Конфронси илмӣ-тадқиқотӣ оид ба фаъолияти  Ҳизби наҳзати исломӣ ва «Ихвон-ул-муслимин»  1-уми август дар  шаҳри Қоҳира зери сарпарастии пажӯҳишгоҳҳои давлатии илмӣ - тадқиқотии Ҷумҳурии Арабии Миср – Шӯрои Миср оид ба корҳои хориҷӣ, Форуми мисрӣ дар масъалаҳои ВАО, Маркази тадқиқоти сиёсӣ ва хабарии «Ҳивор» ва Намоишгоҳи баҳрӣ доир гардид.

Конфронс зери унвони «Миср ва Тоҷикистон дар мубориза бар зидди созмонҳои террористӣ. Омӯзиши тафсилии фаъолияти «Ихвон – ул - муслимин» ва ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати ислом» сурат гирифт. Дар рафти он таърихи созмонҳои террористии «Ихвон – ул - муслимин» ва ҲНИ, шабоҳати вазъи ду кишвар, муштаракот ва ягонагии ин созмонҳои террористӣ, ки кӯшиши ноором сохтани суботи ҳам Миср ва ҳам Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд, дастгирӣ ёфтани ин ташкилотҳо аз ҷониби Ҷумҳурии Исломии Эрон, масъалаҳои мубориза ва ҳамкорӣ бар зидди терроризм дар Миср ва Тоҷикистон баррасӣ гаштанд.
Дар ҷараёни конфронс аксҳои воқеии амалҳои террорис-тии ҲНИ, аз ҷумла ҷиноятҳои сангини содиркардаи он дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ, ошӯби гурӯҳи Ҳоҷӣ Ҳалим ва кушта шудани сайёҳони хориҷӣ дар ноҳияи Данғара, инчунин, филми мустанади «Решаҳои ноаён» дар бораи фаъолияти тахрибкории Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон намоиш дода шуданд. Дар чорабинӣ беш аз 150 нафар бо шумули коршиносони соҳа, устодони факултетҳои сиёсии донишгоҳҳои Миср, пажӯҳишгарони сиёсӣ, рӯзноманигорон, мансабдорони давлатӣ, корпуси дипломатии кишварҳои хориҷӣ ва шабакаҳои телевизиони давлатии Миср ширкат варзиданд.
Меҳмонони хоссаи конфронс собиқ сарвазири Ҷумҳурии Арабии Миср Исом Шариф, собиқ вазири рушди иҷтимоии кишвар Ҷуда Абдулхолиқ, намояндагони Маҷлиси Шӯро, вазоратҳои корҳои хориҷӣ, авқоф, муассисаи «Ал – Азҳар» ва ҳизбҳои сиёсии Миср, кормандони сафоратҳои Озарбойҷон, Қазоқистон, Алҷазоир, рӯҳониёни калисои масеҳиён ва дигарон буданд.
Ҷиҳати ироаи хулосаҳои хотимавии конфронс, пажӯҳишгарони машҳури мисрӣ - собиқ сафири ғайримуқими Миср дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқ ёрдамчии вазири корҳои хориҷӣ ва директори Шӯрои Миср оид ба корҳои хориҷӣ профессор Иззат Саъд ва собиқ сарвазири Ҷумҳурии Арабии Миср Исом Шариф чунин пешниҳодҳоро манзур сохтанд:
1. Фаъол гардондани муассисаю мақомоти давлатӣ дар соҳаи мубориза бар зидди идеологияи созмонҳои террористӣ ва хатарҳои он.
2. Ҷоннок намудани нақши ВАО дар мубориза ба муқобили таблиғоту ташвиқоти тахрибии созмонҳои террористии «Ихвон – ул - муслимин» ва ҲНИ.
3. Ба роҳ мондани сафару вохӯриҳои дуҷонибаи коршиносону пажӯҳишгарони Тоҷикистон ва Миср ҷиҳати табодули бештари донишу таҷриба дар масъалаҳои мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм.
4. Барпо намудани чорабиниҳои муштарак, аз қабили конфронсҳо, семинар ва мизи гирд барои муҳокимаи паҳлуҳои гуногуни экстремизму терроризм ва роҳҳои пешгирии интишори онҳо.
5. Роҳандозии ҳамкориҳои судманд миёни мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Арабии Миср дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм ва воридсозии «Ихвон - ул - муслимин» ва ҲНИ ба рӯйхати ташкилотҳои террористӣ дар кишварҳои арабӣ, мусулмоннишин, ҳамчунин, созмонҳои арабӣ, исломӣ ва байналмилалӣ.
6. Дар давоми соли ҷорӣ барпо намудани конфронси байналмилалӣ бо ҷалби намояндагони кишварҳои арабӣ ва мусулмоннишин, ки «Ихвон-ул-муслимин» - ро ҳамчун ташкилоти экстремистию террористӣ эътироф кардаанд (Арабистони Саудӣ, Миср, Амороти Муттаҳидаи Араб, Баҳрайн, Кувайт, Алҷазоир, Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Афғонистон, Озарбойҷон, Русия ва Чин).
7. Маҳкум ва ҷилавгирӣ намудани дахолати Эрон ба корҳои дохилии мамлакатҳои арабӣ ва дигар кишварҳои хориҷӣ, бахусус Тоҷикистон, ёриҳои доимии он ба созмонҳои террористӣ, ба мисли «Ихвон-ул-муслимин» ва ҲНИ, аз ҶИЭ талаб кардани эҳтироми истиқлолияту соҳибихтиёрии кишварҳо.
Натиҷаи конфронс дар шакли ҳуҷҷати хулосавӣ таҳия гардида, аз ҷониби ташкилкунандагони чорабинӣ ба мақомоти давлатии Миср, аз ҷумла вазоратҳои корҳои хориҷӣ, корҳои дохилӣ, адлия, Маҷлиси Шӯро ва корпуси дипломатии муқими ин кишвар ҷиҳати тасмимгирӣ расонда шуд.
Дар поёни чорабинӣ миёни пажуҳишгарони сиёсӣ, устодон ва донишҷӯёни донишгоҳҳои Қоҳира ва Айн - уш - Шамс озмун эълон шуд, ки барои таҳия ва пешниҳоди кори илмӣ - тадқиқотии беҳтарин доир ба масъалаи фаъолияти террористии «Ихвон - ул - муслимин» ва ҲНИ Шӯрои Миср оид ба корҳои хориҷӣ мукофот тақдим хоҳад кард.
Боиси тазаккур аст, ки Ҳизби наҳзати исломӣ аз ҷониби созмону ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Маркази зиддитеррористии ИДМ ва ғайра ҳамчун ташкилоти террористӣ эътироф гардидааст.
Конфронс бо номи «Миср ва Тоҷикистон дар мубориза бар зидди созмонҳои террористӣ. Омӯзиши тафсилии фаъолияти «Ихвон - ул - муслимин» ва ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати ислом», ки бо ташаббуси олимон, сиёсатмадорон, рӯзноманигорон ва дигар зиёиёни Миср доир шуд, намунаи беҳтарини муттаҳидшавӣ ба муқобили терроризму экстремизм ва ҳамраъйӣ ба миллати тоҷик дар самти ифшо намудани симои душманонаи ҲНИ ва истифодаи он ҳамчун абзор аз ҷониби кишварҳои муайян, ба ҳисоб меравад.

АМИТ «Ховар»

Subscribe to us!

EMOMALI RAHMON

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

Minister of Defense
of the Republic of Tajikistan

Colonel-General Sherali Mirzo
Sport

The newspaper "Defender of the Fatherland"

ДАР ИН ШУМОРА:

1. НАВРӮЗ МЕРАСАД БОЗ…

2. САЙРИ ТАЪРИХИИ НАВРӮЗ

3. МАШҚҲОИ МУШТАРАКИ АМАЛИЁТӢ-СТРАТЕГӢ

4. САЛОМИ ҲАРБӢ КАЙ ПАЙДО ШУД?

5. НАМУНАИ ИБРАТ

6. КАК ПРАВИЛЬНО ВЕСТИ СЕБЯ ОФИЦЕРУ В АРМИИ

7. САБЗКОРИҲОИ НИЗОМИЁН

8. ПИРӮЗИИ НЕКРӮЗ