Ба аввал: Робита бо ҷомеа МУҲОФИЗОНИ ОСМОНИ СОФ
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
НАЗАРСАНҶӢ
Аз кадом хизматрасонии сомонаи расмии Вазорати мудофиа қаноатмандед?
 
Омор
Имрӯз54
Дирӯз426
Моҳ5928
Ҳамагӣ234728
Наворҳо

Форум

МУҲОФИЗОНИ ОСМОНИ СОФ

06 08 2018

Ҳамасола чун анъана якшанбеи савуми моҳи август ҳамчун рӯзи Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ҷашн гирифта мешавад. Имсол ҳайати шахсии он ҷашни касбиашонро дар доираи чорабиниҳои андешида ва татбиқ намудани таъкиду нишондодҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 25-солагии ташкилёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25-солагии ташкилёбии Қувваҳои ҳарбӣ-ҳ авоӣ ва омодагиҳо ба 27- солагии Истиқлолияти давлатии кишвар истиқбол гирифта истодаанд.

Таъсисёбии ҚҲҲ ба таърихи Истиқлолияти давлатӣ ва Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон алоқаи зич дорад. Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ соли 1993 қариб, ки аз сифр-дар асоси қисмҳои ҳарбии харобу фалаҷгаштаи собиқ артиши Шӯравӣ, ки дар кишварамон мустақар буданд, таъсис дода шуда, ҳамагӣ бо якчанд чархболи ҷангию шумораи камтарини ҳайати шахсӣ ба иҷрои вазифаҳои хизматии худ шуруъ карда буданд. Парвози аввалини авиатсияи ҳарбии тоҷик дар фазои кишвар таҳти сарпарастии генерал-майори авиатсия В.М.Грудына моҳи марти соли 1993 амалӣ гардида бу.

Дар солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ ҳайати шахсии қӯшун бо нишон додани маҳорати баланди касбӣ дар тамоми амалиёти ҷангӣ иштирок карда, ҷузъу томҳои амалкунандаро бо силоҳу аслиҳа, хӯроку сару либос таъмин мекард, захмиёну гурезагонро ба ақибгоҳ мебаровард, амалиёти ҷангиро аз ҳаво дастгирӣ мекард. Дар ин давраи мураккаб ҳайати парвозӣ ва таъминкунанда бо маҳорати баланди касбию ҷангӣ иқтидори нерӯҳои мусаллаҳи давлати навбунёдро меафзуданд.

Дар бунёду рушди қӯшун, тарбияву парастории ҳавонавардони тоҷик мутахассисони кордону ботаҷриба ва соҳибэҳтироми касбӣ генерал-майори авиатсия В.М.Грудына, генерал-майор Р.Д.Сафарализода, генерал-майор Қ.Н.Товбаев, генерал-майор Т.П.Курбанов, полковникон М.Г.Гадоев, Б.Ҷуразода, К.Хобилов, Ҳ.Султонов, А.Мирзоев, подполковникон Д.Шоҳусайнов, А.Балышев, майор Н.Қурбонов ва дигарон саҳми калон гузоштанд. Ҳамзамон, ҳайати шахсӣ шаҳидони зиндаёд подполковник Грудына В.В., майор Ҷӯраев Б., майор С.Бойпоччоев, капитан И.В.Демешко, капитан Б.А.Алабердиев, капитан А.В.Кошелев, лейтенанти калон А.Мансуров, лейтенанти калон Х.Амирбеков ва дигаронро, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва ҳифзи Ватан ҳалок шуданд фаромӯш нахоҳанд кард.

Мувофиқи иттилои фармондехи Қувваҳои ҳарбӣҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ генерал-майор Р.Д.Сафарализода, имрӯз барои ҳайати шахсӣ шароитҳои хуби хизматӣ фароҳам оварда шудааст. Дар як вақт, давлату ҳукумати ҷумҳурӣ, роҳбарияти Вазорати мудофиа ва фармондеҳии қӯшун пайваста дар бобати боз ҳам беҳтар кардани шароитҳои хизмати афсарон, маишату фароғат ва зиндагии онҳо тадбирҳо меандешанд. Ҳамин аст, ки дар муддати кӯтоҳ теъдоди зиёди афсарон бо манзили истиқоматӣ таъмин карда шуда, танҳо дар панҷ соли охир барои хизмати шоиста 15 нафар бо ордену медалҳои давлатӣ, чанд тан бо рутбаи ҳарбии «генерал-майор» сарфароз гардонида шуда, аз 1-уми сентябри соли ҷорӣ зиёд кардани маоши хизматчиёни ҳарбӣ пешбинӣ шудааст. Дар ҷавоби ҳамаи ин ғамхориҳо, имрӯз анъанаҳои хизмативу ҷангии қӯшунро аксари афсарон-мутахассисони касбӣ шарафмандонаву содиқона идома медиҳанд. Имрӯз хизмати шоистаи афсарон полковник Ҳ.Султонов, подполковникон Р.Хайруллоев, Н.Қурбонов, майорҳо Р.Салоҳидинзода, А.Искандарзода, Н.Гаримадов, капитанҳо Ҳ.Меликов, Ш.Раҳимов, лейтенанти калон О.Ҳилолзода, лейтенанти хурд М.Ширинзода ва дигарон барои ҳайати шахсӣ намунаи беҳтарини хизмат ба Ватан нишон медиҳанд. Дар навбати худ, фармондеҳии қӯшун тамоми чораву тадбирҳоро меандешад, ки барои хизмати содиқонаву шоистаи ҳайати шахсӣ имконияту шароитҳои хуби имконпазири хизматӣ фароҳам оварда шавад.

Имсол 25-солагии ташкилёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардида, тайи ин солҳо ҚҲҲ низ баробари Артиши миллӣ инкишоф ёфт, таҳким ёфта пурзӯр гашт. Охир, дар замони ҳозира ягон артишро бе авиатсияи ҳарбӣ тасаввур карда намешавад. Аз ин рӯ, ҚҲҲ имрӯз аз қӯшуни номукаммали солҳои 90-ум ба таври куллӣ фарқ карда, он бо аслиҳа ва техникаи муосири авиатсионии ҷангии гуногунҳадаф, бо мутаххасисони касбӣ таъмин мебошанд. Дар гузашта асоси тамоми амалиёти ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳро иштироки ҳатмии авиатсияи ҷангӣ ташкил мекард ва имрӯз ҳам ягон амалиёти ҳарбии артиш, дигар сохторҳои қудративу ҳифзи ҳуқуқи кишвар бе фаъолияту дастгирии авиатсияи ҳарбӣ ва ҳайати шахсии ҚҲҲ намегузарад. Ҳамзамон бояд таъкид кард, ки ин навъи қӯшун ҳамасола пешсафи мусобиқаи умумиқӯшунии Вазорати мудофиа буда, дар ҷамъбасти давраҳои соли хониш ҳамеша ҷойҳои намоёнро ишғол карда меояд. Ифтихор дорем, ки ҷавонони болаёқату соҳибистеъдоди касбӣ анъанаҳои беҳтарини ҷангии устодони хешро содиқона идома дода, ҷашни 25-солагии ташкилёбии Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоиро чун ҳамеша бо хизмати аъло, интизоми намунавӣ, донишу маҳорати мукаммал истиқбол гирифта, ҳар лаҳза тайёранд супоришҳои гузошташударо баҳри ҳифзи Ватан содиқона иҷро намоянд.

Имрӯзҳо ба муносибати ҷашни Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ миёни ҳайати шахсӣ вохӯрию суҳбатҳо бо собиқадорони соҳа ва дигар чорабиниҳои гуногуни идонаи сиёсӣ-тарбиявӣ, варзишӣ гузашта истодаанд. Мутасаддиён ва собиқадорон ҳайати шахсиро бо 25-солагии таъсисёбии Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, аз рӯзҳои мушкили солҳои гузашта, дастоварду комёбиҳои навъи қӯшун дар солҳои таҳкими истиқлолияти миллӣ ва Қувваҳои Мусаллаҳ, имконияту шароитҳои имрӯзаи хизмати ҳарбӣ ёдовар мешаванд, ҷавононро ба хизмати шоиста, содиқона, давом додани анъанаҳои беҳтарини ҷангии гузаштагон, баланд бардоштани сати омодагии ҷангӣ ва интизоми ҳарбӣ, таҳкими қонуният ва тартиботи Ҳуқуқӣ даъват менамоянд.

Итминони комил дорем, ки ҳайати шахсии Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ба анъанаҳои беҳтарини қӯшун содиқ буда, дар роҳи сулҳ, таъмини амният ва пойдории қобилияти дифоии Ватан, ҳифзи музаффариятҳои истиқлолияти давлатии кишвар, нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои баланди хизматӣ донишу малака, нерӯи ҷисмию зеҳнии худро дареғ нахоҳанд дошт. Дар амалӣ гардидани ин ниятҳои нек ба онҳо барору пирӯзиҳои нав ба нав орзу мекунем.

Шӯрои собиқадорони Вазорати мудофиа фармондеҳӣ ва ҳайати шахсии бахши Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоиро бо ҷашни 25-солагиашон самимона табрику таҳният гуфта, ба онҳо саломатӣ ва дар иҷрои вазифаҳои пуршарафашон баҳри ҳифзи Ватани маҳбубамон муваффақиятҳои беназир орзу менамояд.

Ҳ.ХУДОЙҚУЛОВ, полковники мустаъфӣ

Обуна шудан!

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

ВАЗИРИ МУДОФИАИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ГЕНЕРАЛ-ПОЛКОВНИК 
ШЕРАЛӢ МИРЗО
Варзиш

Майдончаи савдо