Home: Public relations ҶАРАЁНИ МАРҲИЛАҲОИ МАШҚҲОИ МУШТАРАК ДАР ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
VOTE
Аз кадом хизматрасонии сомонаи расмии Вазорати мудофиа қаноатмандед?
 
Statistics
Today335
Week2924
This month6988
Only213582
Video

Forum

ҶАРАЁНИ МАРҲИЛАҲОИ МАШҚҲОИ МУШТАРАК ДАР ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН

17.07.2018

Аз 17 то 21-уми июли соли равон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо ҷалби сохтору мақомоти давлативу қудратии ин гарнизон ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ, машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ ва маҷмӯи машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегии зиддитеррористӣ, бо тирпаронии ҷангӣ баргузор мегардад, ки ба он зиёда аз 10 ҳазор нафар ҳайати шахсӣ ҷалб карда мешаванд.

Ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ, машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ ва маҷмӯи машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегӣ тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар доираи баргузории маҷмӯи чорабиниҳои асосии Қувваҳои Мусаллаҳ барои соли 2018 пешбинӣ гардидааст, дар ҳудуди ВМКБ, ташкилу ба роҳ монда мешаванд.

Дар баробари иштироки сохтору мақомоти давлативу қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин гарнизон/ инчунин ба машқҳои муштарак ҷузъу томҳои пойгоҳи низомии 201-уми Федератсияи Россия бо техникаву лавозимоти ҷангӣ ба он ҷалб мегарданд.

Илова бар ин, дар доираи баргузории машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ ва ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ дар гарнизони Хоруғ, Ситоди муштараки идории қӯшунҳо ташкил гардида, раисони шаҳру ноҳияҳои ин минтақа, захираи эҳтиётии даъватшавандагон ба он ҷалб карда мешаванд. Ҳамзамон техникаҳои хоҷагии халқ ва умуман лавозимоте, ки барои баргузории ин чорабинии муҳими низомӣ заруранд/ истифода мегарданд.

Дар ин чорабинии низомӣ дар баробари ҷалби беш аз 10 ҳазор нафар ҳайати шахсии ин гарнизон, инчунин тамоми размгоҳҳои ҳудуди ВМКБ ба майдони шартии ҷанг табдил ёфта, зимни ҷамъбаст дар машқгоҳи ҳарбии “Ҷилонди”-и ҳудуди ноҳияи Шуғнон, машқҳои муштараки баталионӣ-тактикӣ доир карда мешаванд, ки ба он беш аз 100 адад техникаҳои зиреҳпӯши ҷангиву артиллерӣ, чархболҳои ҳарбиву нақлиётии МИ-8 ва МИ-24, 260 адад техникаҳои гуногуни автомобилӣ ва дигар силоҳу муҳимоти мухталифи ҷангӣ истифода мегарданд.

Ҷараёни баргузории тамоми амалиёти сохтору мақомотӣ ба машқҳо ҷалб гардида ва омӯзиши мавзӯҳои ба он пешбинишуда, аз ҷониби Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон идора гардида, он таҳти назорати қатъии вазири мудофиаи кишвар Шерали Мирзо ҷараён мегирад.

Ҳадафи баргузории ин чорабинии муштараки низомӣ дар гарнизони Хоруғ ин сайқал додани ҳамоҳангӣ ва таҷрибаи ҳайати шахсии сохторҳои низомии мамлакат дар ташкили амалиёти бомуваффақонаи ҷангӣ, вусъат додани қувва ва воситаҳои минтақаҳои мудофиаи ҳудудӣ, баланд бардоштани омодагии рӯҳиву равонӣ, қобилияти ҷангиву ҷисмонӣ ва сафарбарии қӯшунҳо дар самти доир кардани унсурҳои мухталифи зиддитеррористиро дар минтақаҳои масъулиятноки сарҳадӣ, шароити дашту саҳро ва кӯҳистони ҳудуди ҷумҳурӣ дар бар мегирад.

МАРКАЗИ МАТБУОТИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Subscribe to us!

EMOMALI RAHMON

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

Minister of Defense
of the Republic of Tajikistan

Colonel-General Sherali Mirzo
Sport

Trading platform