Home: Public relations ДАВРИ ДУЮМИ ОМӮЗИШ
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
VOTE
Аз кадом хизматрасонии сомонаи расмии Вазорати мудофиа қаноатмандед?
 
Statistics
Today136
Week136
This month3816
Only232616
Video

Forum

ДАВРИ ДУЮМИ ОМӮЗИШ

12.07.2018

Аз аввали моҳи июли соли равон дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон даври дуюми омузиш оғоз ёфт. Ба ин муносибат аз 8 то 11-уми июли соли равон бо ҷалби ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳии Вазорати мудофиаи мамлакат, ҷамъомад ё худ машғулиятҳои методӣ-таълимӣ баргузор гардиданд.

Ҷамъомад ё худ машғулиятҳои методӣ-таълимӣ давоми 4 рӯз дар гарнизонҳои Душанбеву Хатлон ва дар пойгоҳи қисмҳои низомии тобеи Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ба таври назариявию амалӣ ҷараён гирифт. Ба машғулиятҳо муовинони вазири мудофиа, фармондеҳони навъи Қувваҳои Мусаллаҳ, комиссарони ҳарбии вилоятҳо, командирони қисмҳои низомӣ ва муовинони онҳо ҷалб карда шуданд.

Рафти ҷамъомади мазкур таҳти назорати қатъии роҳбарияти Вазорати мудофиа ҷараён гирифта, аз иштирокчиён масъулияти баланд дар омӯзиши фанҳои дақиқи низомӣ ва пурра аз бар намудани мавзуоти ба машғулиятҳо пешбинишуда талаб карда шуд.

 

Ҳамин тариқ иштирокчиёни ҷамъомади методӣ-таълимӣ вобаста ба мақому сатҳи вазифавӣ дар Артиши миллӣ ба гурӯҳҳо тақсим шуда, онҳо ба омӯзиши машғулиятҳои гуногуни ҳарбӣ, рондану тирпаронӣ намудан аз туп ва техникаҳои мухталифи вазнини зиреҳпушӣ ҷангӣ, силоҳу муҳимоти оташфишонии сабуки ҳарбӣ ва ба санҷиши омодагии ҷисмонӣ ҷалб карда шуданд.

Ҳадаф аз баргузории ҷамъомади методӣ-таълимӣ ин дар амал нишон додани роҳу усулҳои нави омузиши дар Қувваҳои Мусаллаҳ мебошад. Яъне ташаккул додани назару муносибати ягона ба масоили омодагии ҷангӣ, ташкили хидмати дохилии қӯшунҳо, мувофиқ намудани ҳудуди шаҳракҳои ҳарбӣ, майдончаҳои варзишӣ ва дигар мавзеҳои таълимии афсарону сарбозон ба талаботи оиномаҳои ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ мебошад.

Дар қисмҳои низомие, ки давоми се рӯз машғулиятҳои намунавии методӣ-таълимӣ ҷараён гирифтанд 15 бинову иншооти муҷаҳаз, аз қабили ҳамомхонаи сарбозӣ, нуқтаҳои таълимӣ, мавзеъҳои ёрирасони комуналӣ ва амсоли ин мавриди истифода қарор гирифт. Ба ҳамин тартиб дар давоми чанд соли охир ҳатто дар қисмҳои низомии навтаъсиси Вазорати мудофиа, заминаҳои намунавии моддиву таълимӣ, хидматӣ ва ҳам шароитҳои маишиву фароғатии афсарону сарбозон дар сатҳи баланд муҳаё карда шудаанд.

Қобили зикр аст, ки чунин шароитҳои намунавии омузишӣ, на танҳо барои гузаронидани машғулиятҳои методӣ-таълимӣ ва нишон додан ба иштирокчиёни он аст, балки ин гуна шароитҳо пеш аз ҳама барои омузиши доимии ҳайати шахсии қисмҳои низоми ба таври муосир бунёд карда шуда, он дар дигар ҷузъу томҳои ин ниҳоди қудрати ба тадриҷ муҳаё карда мешаванд. Аз ин рӯ зимни баргузории чунин ҷамъомадҳо ҳар дафъа талаботи нав ва навовариҳои зиёде барои иштирокчиёни он ворид мегардад.

Қабл аз анҷоми машғулиятҳои методӣ-таълимӣ ба қисми низомии 09264-и Қӯшунҳои хушкигард дар вилояти Хатлон, Сипосномаи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Байрақи ҷангӣ, ки он барои ҳар як фарди низомӣ баёнгари қарзи муқаддаси хизмати садоқатмандона ба Ватан, мардонавор ва моҳирона муҳофизат намудани он, суботкорона мудофиа кардани ҳар як ваҷаб хоки Ватан ва барои ин мақсад дареғ надоштани хун ва ҳатто ҳаёти худ мебошад, тақдим карда шуд.

Ҷамъомади методӣ-таълимӣ ва фаъолияти 6-моҳаи ҳайати шахсии ҷузъу томҳои Вазорати мудофиа, бо иштироки Котиби Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ Абдураҳим Қаҳҳоров, роҳбарияти Вазорати мудофиаи мамлакат, масъулини Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Сарпрокурори ҳарбӣ ва дигар шахсони дахлдор натиҷагирӣ ва мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор гирифт. Аз рӯи масъалаҳои дар боло зикрёфта сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, муовинони вазири мудофиа ва дигар шахсони дахлдор дар навбати худ ҳисобот доданд.

Дар баробари баррасии масъалаҳои гуногун ва вобаста ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардид, ки бо назардошти пешравиҳои ҷомеаи муосир, вазъи зудтағирёбанда дар минтақа ва як қатор кишварҳои ҷаҳон, вобаста ба таҳдиду хатарҳои эҳтимолӣ мо бояд доимо дар ҳолати омодабошии доимии ҷангӣ қарор дошта бошем ва бо масъулияти баланди ватандустӣ вазифаи муқаддаси хешро сарбаландона адо намоем.

Дар охири ҷамъомад фаъолият ва бурду бохти Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҳамаҷониба муайяну мушаххас натиҷагирӣ гардида, барои пешравиҳои минбаъдаи Артиши миллии мамлакат як қатор пешниҳодоти мушаххас ироа карда шуд.

МАРКАЗИ МАТБУОТИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Subscribe to us!

EMOMALI RAHMON

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

Minister of Defense
of the Republic of Tajikistan

Colonel-General Sherali Mirzo
Sport

Trading platform