Home: Public relations РАЗМОИШИ НИЗОМӢ
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
VOTE
Аз кадом хизматрасонии сомонаи расмии Вазорати мудофиа қаноатмандед?
 
Statistics
Today335
Week2924
This month6988
Only213582
Video

Forum

РАЗМОИШИ НИЗОМӢ

12.07.2018

Рӯзҳои 3 ва 4-уми июли соли равон дар Маркази идоракунии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ ва машқгоҳи ҳарбии Фахрободи вилояти Хатлон, бо ҷалби масъулини мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони аввали сохторҳои қудратии мамлакат ҷамъомади методӣ-таълимӣ ва машқҳои муштараки баталионӣ-тактикӣ ташкилу ба роҳ монда шуданд.

Марҳиллаи нахустини ҷамъомади методӣ-таълимӣ дар Маркази идоракунии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ ҷараён гирифт. Дар ҷамъомад нахуст Котиби Шӯрои амнияти ҷумҳури Абдураҳим Қаҳҳоров баромад намуда, доир ба ҳадафу вазифаҳои ба ҷамъомад пешбинишуда ва омодагии вазорату кумитаҳо ва дигар мақомоти дахлдори давлатиро натиҷагирӣ кард ва вобаста ба иштирок намудану нишон додани масъулияти баланд дар ин чорабинии низомӣ ибрози андеша намуд. Илова бар ин такид гардид, ки самтҳои ҳамкориву ҳамоҳангсозии мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои аманиятӣ дар замони осоишта ва ҳам ҳолати ҷанг бояд муайян ва қатъи ба танзим дароварда шавад. Зеро он барои мудофиаи Тоҷикистони азиз ва таъмини ҳаёти осоиштаи мардумони он бисёр муҳиму манфиатбахш мебошад.

Ҳамзамон роҳбарияти Вазорати мудофиаи кишвар низ дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмонро оид ба асосҳои ташкили мудофиаи давлат ва таъмини бехатарии мамлакат иброз намуда, дар ин самт ҳамоҳангии сохторҳои қудративу мақомоти давлатиро баҳри боз баланд бардоштани сатҳи тайёрии доимии Қувваҳои Мусаллаҳ баланд арзёбӣ намуд. Ба таъкиди Шерали Мирзо вазъи имрузаи минтақа ва ҷаҳон моро водор месозад, ки дар ҳолати зарури бояд тамоми мақомоти давлативу қудратӣ дар доираи системаи ягонаи идоракунӣ сафарбар карда шавад.

Дар ҷараёни баргузории ҷамъомади методӣ-таълимӣ инчунин сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, роҳбарону намояндагони чанде аз вазорату кумитаҳо ва дигар масъулини мақомоти давлати низ, вобаста ба татбирҳои муҳим ҳангоми сар задани ҳар гуна вазъият, пешгирӣ аз эҳтимолияти таҳдиди хатар ва дигар масъалаҳои марбут ба мавзуи ҷамъомадро ҳамаҷониба таҳлилу баррасӣ намуда, дар самтҳои фаъолияти соҳавӣ, ки дар ҳолати ҷанг ва замони осоишта, кадом корҳоро бояд ҳар яки онҳо ба анҷом расонанд баромад карданд.

Илова бар ин, дар ҷамъомад доир ба таҳия ва тарҳрези намудани Нақша-чорабиниҳои вазорату кумитаҳо ва дигар мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба иҷрои талаботи вазифаву уҳдадориҳои сохтору мақомоти давлативу қудратии мамлакат, ҳангоми таҳдиди хатарҳои воқеӣ зарур мебошанд, муайян ва мушахас карданд.

Рӯзи дуюми ҷамъомади методӣ-таълимии роҳбарони мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машқгоҳи ҳарбии Фахрободи вилояти Хатлон идома ёфт.

Баҳри назорат аз болои унсурҳои зидди террористӣ Котиби Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ, роҳбарон ва намояндагони тамоми сохторҳои низомии мамлакат, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, масъулини вазорату кумитаҳо ва дигар шахсони расмӣ ба машқгоҳи ҳарбӣ омаданд. Қабл аз оғози қисмати амалии размоиши ҳарбӣ бо тирпаронии ҷангӣ, ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳии сохторҳои қудративу мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар иштирокчиёни он, бо намунаи тамоми силоҳу муҳимоти ҷангӣ, ки аз тарафи ҳайати шахсии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат истифода мешаванд, аз наздик шинос гардиданд.

Ҳамзамон дар нуқтаҳои таълимии ин тамрингоҳи низоми ҳайати иштирокчиён, бо истифода аз силоҳу муҳимоти мухталифи сабуки ҷангӣ тирпаронӣ карданд.

Вобаста ба марҳилаҳои амалии тамринҳои баталионӣ-тактикӣ роҳбари машқҳо, аз рӯи тамсила ё худ макет доир ба баргузории 4 унсури зиддитерористии сохторҳои қудратии мамлакат маълумот дод.

Аз рӯи мавзуъ ва матлаби баргузории машқҳо унсурҳои тактикӣ, дар шароити дашту саҳро, маҳалаҳои аҳолинишин, бинову иншооти муҳими давлатӣ, мавзеҳои стратегӣ ва роҳҳои душворгузари кӯҳистони ҳудуди ҷумҳуриро дар бар мегирифт.

Дар машқҳо, ҷузъу томҳои бригадаи ҳамлаовари десантӣ-зарбавии Қӯшунҳои зудамал, Гвардияи миллӣ, дастаҳои таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилӣ, Қӯшунҳои сарҳадӣ, як ҷузъи таъиноти махсуси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ширкат намуда, зимни гузаронидани амалиёт, аз худ маҳорати касбӣ нишон доданд.

Маҷмуи машқҳои муштараки баталионӣ-тактикии ҷузъу томҳои таъиноти махсуси сохторҳои қудратии мамлакат, аз рӯи пешгири намудани убури ғайриқонунии марз, дастгиру безарар гардонидани афроди сарҳадшикан, торумор намудани душманони шартӣ, озод намудани гаравгонон дар бинову иншооти муҳими давлатӣ ва фуруд овардани десанти фазои тактикӣ тариқӣ ҳавопаймо ва чархболҳои ҳарбӣ сурат гирифта, ҳайати таъиншудаи сохторҳои ба машқҳо ҷалбгардида, вазифаву уҳдадориҳои хешро дар сатҳи баланд иҷро намуданд.

Ҳадафи баргузории ҷамъомади методӣ-таълимии роҳбарони мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин пеш аз хама дар самти баланд бардоштани иқтидори мудофиаивии давлат равона гардида, он ба сайқал додани ҳамоҳангии ҳайати шахсии сохторҳои низомии мамлакат дар ташкили амалиёти бомуваффақонаи ҷангӣ, баланд бардоштани омодагии рӯҳиву равонӣ ва сафарбарии қӯшунҳо ҳангоми доир кардани унсурҳои мухталифи зиддитеррористиро дар бар мегирифт.

Зимни ҷамъбаст котиби Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ ва роҳбарияти Вазорати мудофиаи мамлакат, ба сухан баромада, вобаста ба таваҷҷӯҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти амнияти давлату миллат, сиёсати дифоии кишвар, таҳкими сулҳу субот, таҳдиди хатарҳои эҳтимолӣ, аз даст надодани ҳушёриву зиракӣ, сайқали маҳорати касбиву омодабошии доимии ҷангӣ, баҳри боз ҳам баланд бардоштани қудрати мудофиавии кишвар ва оид ба ҳадафу моҳияти баргузории чунин машқҳои муштарак ибрози андеша карда, ба қобилияти ҷангиву амалиёти моҳиронаи ҳайати шахсии сохторҳои қудративу мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҷоддаи ташкилу ба роҳ мондани унсурҳои тактикӣ баҳои баланд доданд.

Дар охир ба чанд нафар аз иштирокчиёни тамринҳои муштараки низомӣ, рутбаҳои навбатии ҳарбӣ ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Расми гузашти низомии ҳайати шахсӣ ё худ ҷузъу томҳои дар машқҳо ширкатнамуда, анҷомбахши ҷамъомади дурӯзаи методӣ-таълимии роҳбарони мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид.

МАРКАЗИ МАТБУОТИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Subscribe to us!

EMOMALI RAHMON

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

Minister of Defense
of the Republic of Tajikistan

Colonel-General Sherali Mirzo
Sport

Trading platform