Home: Public relations ТЕРРОРИЗМ. КИШВАРИ МО ДАР САДРИ МУБОРИЗА ҚАРОР ДОРАД
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
VOTE
Аз кадом хизматрасонии сомонаи расмии Вазорати мудофиа қаноатмандед?
 
Statistics
Today225
Week1993
This month5673
Only234473
Video

Forum

ТЕРРОРИЗМ. КИШВАРИ МО ДАР САДРИ МУБОРИЗА ҚАРОР ДОРАД

11.07.2018

Дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез», ки 3 - 4 майи соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таъкид намуданд, ки кишварҳои дунё дар танҳоӣ наметавонанд дар муқовимат бо хавфу таҳдидҳои афзояндаи амнияту осоиш комёб гарданд ва сулҳу суботро таъмин намоянд. Аз ин лиҳоз, бо назардошти воқеияти мавҷуда, мо дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон пурзӯр кардани ҳамкориву шарикиро барои таъмини суботу амнияти фарогир тавассути андешидани иқдомҳои муштарак дар ҷодаи мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва аз байн бурдани омилҳои дастгирии сиёсӣ, низомӣ ва молиявии онҳо ҳамчун самти амалии раҳоӣ аз ин вартаи хатарнок муҳим арзёбӣ мекунем.

Тавре дар ин ҳамоиши байналмилалии сатҳи баланд гуфта шуд, имрӯзҳо дар гӯшаҳои гуногуни сайёра миллионҳо нафар гирифтори хавфу таҳдид ва оташи ҷангу низоъҳо гардидаанд ва зуҳуроти терроризму ифротгароӣ ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷиабору дарозмуддати ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бор меорад. Дар зарфи солҳои охир зиёда аз сад мамлакати дунё ҳадафи амалҳои харобкоронаи террористон қарор гирифта, бар асари ҳамлаҳои террористӣ садҳо ҳазор нафар аҳолии осоишта ба ҳалокат расида, миллионҳо нафар макону манзили зисташонро тарк кардаанд. 
Воқеан, бар асари амалҳои террористӣ дар бисёр мамолики дунё одамони бегуноҳ ба ҳалокат расида, шаҳру деҳот ва ёдгориҳои беназири таърихӣ тахриб мегарданд. Президенти кишвар зикр сохтанд, ки муборизаи самарабахш алайҳи терроризму ифротгароӣ ва тундгароии хушунатомез ба ҳеҷ ваҷҳ сиёсати «меъёрҳои дугона» - ро намепазирад. Сониян, ин амал на бо роҳи низомӣ, балки фақат тариқи муколамаи сиёсӣ имконпазир аст. Инро таҷрибаи Тоҷикистон собит намудааст. Ҳамзамон, таъкид карданд, ки Тоҷикистон дар ин ҷода шарики ҳамаи давлатҳо хоҳад буд. 
Сарвари давлат дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд тамоми мамлакатҳо, ниҳодҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи ҷаҳониро ба муқовимати дастаҷамъона бо ин зуҳуроти нанговари замон даъвату ҳидоят намуданд. Президенти маҳбуби мо, аз ҷумла иброз доштанд: «Барои ноил гаштан ба натиҷаҳои дилхоҳ дар муқовимат бо зуҳуроти хатарзои ҷаҳони муосир бояд бар пояи ҳусни эътимод ҳамдастиву ҳамоҳангии зичи хадамоту ниҳодҳои амниятии кишварҳо ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба роҳ монда шавад. Ба ин манзур, кишвари мо ҳамчун узви фаъоли Созмони Милали Муттаҳид ҷиҳати муборизаи самарабахши муштарак бар зидди хатару таҳдидҳои замони муосир пайваста талош карда, фаъолияти созандаро дар ин самт минбаъд низ густариш хоҳад бахшид».
Барҳақ, Пешвои миллати тоҷик, ки аз рӯзҳои нахустини Сарвари давлат интихоб гардидан дар роҳи наҷоти миллату давлат ва барқарорсозии сохти конститутсионӣ аз миёни обу оташ ва садду сангарҳои зиёде ҷасурона гузаштаанд, ба қадри осоишу оромӣ ва зиндагиву рӯзгори босафо аз ҳама бештар мерасанд. Офиятро оне қадр дорад, ки мувоҷеҳи уқубат гаштааст, мегӯянд дар халқ. Имрӯз Тоҷикистон дар симои Сарвари башардӯсти худ дар самти ҳар чи бештар зери самои поку беолоиш шаҳди рӯзгори хуш чашидани тамоми халқу миллатҳоро дар ҷаҳон меандешанд. Бешак, ин мавқеи башардӯстона намунаи ибрат ва лоиқи таҳсин аст.  
Юнусалӣ СИДДИҚОВ, 
узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон

 


Subscribe to us!

EMOMALI RAHMON

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

Minister of Defense
of the Republic of Tajikistan

Colonel-General Sherali Mirzo
Sport

Trading platform