Ба аввал: Робита бо ҷомеа ВАТАНБИЗНЕС ё чаро падари Кабирӣ Тарас Булба нашуд?
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
НАЗАРСАНҶӢ
Аз кадом хизматрасонии сомонаи расмии Вазорати мудофиа қаноатмандед?
 
Омор
Имрӯз262
Дирӯз571
Моҳ5553
Ҳамагӣ222761
Наворҳо

Форум

ВАТАНБИЗНЕС ё чаро падари Кабирӣ Тарас Булба нашуд?

29.06.2018

Дар ҳар давру замон ба хоину хиёнаткор ҳам дӯст нафрат дораду ҳам душман. Дар маводи мазкур сухан дар бораи хиёнати аз ҳама бузург ва нобахшиданӣ - хиёнат ба Ватан-Модар меравад. Пеш аз оне, ки дар робита ба ин мавзуъ ҳарфе гуфта бошем, зарур аст, ба мафҳумҳое чун Ватан ва хиёнат тасаввуроти аниқ пайдо намоем.

327Ватан, диёр, меҳан, кишвар, мамлакат ва сарзамине, ки кас дар он таваллуд шудааст, маконе, ки хуни нофаш рехтааст, кишваре, ки бо сарватҳои табиӣ, аҳолӣ, сохти ҷамъиятӣ ва давлатӣ, хусусиятҳои забон, фарҳанг, оин ва урфу одат ба соҳибватанон таърихан тааллуқ дорад.
Хиёнат - бевафоӣ, аҳдшикан, амалест нобахшиданӣ. Ҷазои шахсе, ки бо ин амал даст мезанад, танҳо марг аст. Хиёнат ба Ватанро одатан душмани бадтар аз душман медонанд. Чунки душмани берун доим ба манфиати Ватани худ амал мекунад, хиёнаткор бошад, ба давлату миллати худ.
Нависанади бузурги рус О.Платанов дуруст қайд кардааст: «Сабабҳои даст задан ба хиёнату хиёнаткорӣ гуногун шуда метавонад. Аммо омили асосии хиёнат ба давлату миллат, ин ҳирсу ҳасодат, майлу рағбат ба пулу мол ва зиндагии пурҳаловат намудан мебошад».

Инсоне, ки даст ба хиёнат мезанад, пеш аз ҳама моҳияту ҷавҳари аслии одамияти худро ботинан аз даст медиҳад. Нависандаи машҳури рус Гогол дар повести худ «Тарас Булба» ҳисси баланди ватандӯстӣ ва оқибати хиёнат ба ватанро хеле моҳирона ба қалам додааст. Нависанда тавассути асари худ ба хонанда пастфитратии инсонро дар симои писари саркардаи казакҳо Тарас нишон додааст. Барои Тарас, ки саркардаи қавми худ буд, садоқат, вафодорӣ, дӯстӣ, ҷонфидоӣ барои Ватан муқаддастарин арзишҳо маҳсуб мешуд. Ӯ фарзандонашро дар ҳамин рӯҳия тарбия намуда, умед дошт, ки аз корнамоиҳои онҳо доим ифтихор менамояд, вале хиёнати фарзанди хурдияш дарди ҷонкоҳе буд барои падар. Андрей, фарзанди охирини Тарас ба духтари полякӣ, ки душмани ашадии казакҳо маҳсуб мешуд, ошиқ шуда, ба ҷониби онҳо мегузарад. Ӯ бо ин амалаш ба модар, зодгоҳ, меҳри падарӣ, бародарон хиёнат намуд. Падар бошад ин хиёнати фарзандро натавонист бахшад.
Таи саҳнаи таърихи миллӣ хиёнат ва хиёнатпешагӣ ба унвони мудҳиштарин ва хатарноктарин зуҳуроти иҷтимоӣ «ҷилва» намуда, бофтаҳои иҷтимоиро дар ҳар давру замон осебпазир сохта, раванди тассалути мафкура ва фарҳанги бегонаро ба таври тадриҷӣ таҳкиму тақвият бахшидааст. Хиёнате, ки алайҳи қаҳрамони таърихи миллӣ Спитамен, Муқаннаъ, Бобаки Хуррамдин, Абумуслими Хуросонӣ, Темурмалик, Маҳмуди Торобӣ, Мавлонзодаи Сарбадор, Восеъ ва дигарон сурат гирифтааст, бештар аз ҷониби «худӣ»-ҳо ба амал омада, решаҳои зулму истибдод ва таарузу зӯриро дар минтақа амиқ карда, тасаллути бечунучарои гумоштагони аҷнабиро таъмин намудааст.
Тавре таҷриба ва навиштори бузургон нишон медиҳад, хоин кӯшиш мекунад, дар коллектив ҷои намоёну ифтихорӣ ва асосиро ишғол намояд. Дар асоси он худпарстӣ ҷойгир буда, яроқи он рақобати носолим мебошад, ки тавасути он ба сӯи ҳадафи худ кӯшиш мекунад.
Беш аз 10 сол аст, ки исми Муҳиддин Кабирӣ, собиқ раиси ҳизби фаъолияташ мамнӯи наҳзати исломӣ дар расонаҳо пайдо мешавад. Соле пеш васоити ахбори омма аз ӯ қаҳрамон сохтанӣ мешуданд. Лофзаниҳои ӯро дар бораи беҳтар намудани шароити зиндагии мардум, диққати ҷиддӣ додан барои ҳалли масоили иҷтимоии сокинон такрор ба такрор шунидаем. Ҳамаро насиҳат мекарду ба ҳама дарси ибрат меомӯзонид. Вале ҳодисаҳои чанд соли пешро пеши назар орем, шоҳид мегардем, ки на танҳо дар вуҷуди ӯ ватандӯстиву меҳанпарастӣ дида намешавад, балки ӯро як инсони манфиатҷӯву бепарво, ҳарзагӯ, ифротӣ ва хоин шинохтан мумкин аст. Шояд нафароне пайдо шаванд, ки ба ин суханони банда шакку шубҳа доранд ва ё гумон менамоянд, ки аз ҳасудиву бахилӣ нисбати ӯ чунин ҳарф мезанам. Вале биёед баргардем ба ҳодисаҳои моҳи майи соли 2012. Зеро маҳз ҳамон моҳ кӣ будан ва чеҳраи аслии Кабириро барои бисёриҳо нишон дод.
Маҳз дар моҳи май, ки модари Кабирӣ охирин нафасҳои худро мекашид, ӯ чун холабеғамҳо ба сафар баромад. Шояд инсонҳое, ки асли ин қазияро намедонанд, пурсиданӣ шаванд, ки магар собиқ роҳбари наҳзатиҳо барои зиёрати Хонаи Худо рафта буд, ки дар ҷанозаи модар иштирок карда натавонист? Мутаассифона, на ба зиёрати Хонаи Худо, балки ба Масква, барои иштирок ва суханронӣ намудан дар маркази «Корнегӣ» рафта буд. Кишварҳое, ки ҳушёрии сиёсиашон дар дараҷаи баланд қарор дорад, чунин хазинаҳою созмону ташкилотҳои «озодӣ»-иовару «демократия»-созро дар қаламрави худ ҳатто роҳ додан як тараф истад, онҳоро на сухан медиҳанду на суханашонро гӯш мекунанд.
Маҳз ҳамин ҳодиса ва ҳодисаҳое, ки солҳои минбаъда ба вуқӯъ пайвастанд, маро маҷбур сохт, ки аз ҳамин зовия рафтори Кабириро дар мизони ақли худ баркашаму баҳогузорӣ кунам. Ӯ дар он лаҳзаҳо қарзи фарзандии худро фаромӯш кард. Ҳамон лаҳзае, ки модари ранҷурро дар бистари беморӣ гузоштаву ҷомадони сафар бардошт, ба ёд наовард, ки якшаба ранҷи дар сари гавҳора кашидаи модарро ба хизмати як умра дар ду ҷаҳон наметавон ҷуброн кард. Ин қарзест, ки бо ҳама хизматпӯлиҳои карнегию соросу шайхҳои арабу охундҳои эронӣ ва дигарон наметавон онро баргардонид. Фаромӯш кард, ки модар умри ширини худро бо шабҳои бехобию рӯзҳои сахттарин иваз намуда, фарзандонашро дур аз озор ва бе мушкилоти рӯзгор ба воя расонидааст. Танҳо ба як умед ба умеде, ки фарзанд бузург шуда бар қадри шири сафедаш мерасад. Эҳтироми ранҷҳои кашидаашро пос медорад. Дар охирин нафасҳои ҳаёт дасти бемадорашро дар дасти худ гирифта, богармию нармӣ, меҳру муҳабат, дилсӯзию шафқати фарзандӣ дарди ҷонкоҳи танашро сабук мегардонад. Тобуташро дар миёни дӯсту душман сари китф бардошта, то манзили охираташ мебарад. Во дареғ, ки М.Кабирӣ ин тавр накарда буд. Модари азизашро, ки ӯро ҳаёт бахшидаву ба воя расонида, дасти дуо барои расиданаш ба қуллаҳои мурод бардошта буд, дар бистарӣ беморӣ гузошта ҷониби Маскав парид. Он замон модарро бо пулҳои «Карнеги» нафурӯхта буд. Мутмаинам фурӯхт, ҷанозаи модарро, меҳри модарро, иззату эҳтироми модарро тиҷорат намуд, ба иборае «бизнес» кард. Ҷанозаи модарро авлотар аз пули ночиз ва ваъдаҳои дуруғин донист. Тӯли ин солҳо, ки роҳбарии ҳизби террористӣ-экстремистии наҳзатро бар душ дошт, на якбору дубор балки даҳо маротиба ватану миллат, имону инсоф, обурӯи эътиборашро фурӯхт. Агар чашми фарзанди Тарасро ишқу зебогӣ, нафосату назокати духтари поляк кӯр карда буду ғайр аз ӯ наметавонист дар бораи каси дигаре андеша кунад, пас чашмони Кабириро пулу мол, давлату сарват, ҷоҳу ҷалол кӯр намуд ва беихтиёр нангу номус, ватану миллати худро арзон фурӯхт.
Агар хоҳиши роҳбарӣ ба ин ҳизбро дошта бошӣ, агар хоҳиши пулу моли калон шуданро дорӣ, ҳатман бояд тиҷорат намоӣ. Тиҷорати хеле бузург бо нархи ночиз, тиҷорати меҳан, тиҷорати виҷдон, тиҷорати арвоҳи гузаштагони худ.
Агар ҳизби он ифодакунандаи манфиатҳои миллӣ мебуд, агар дар он аризаҳои хоҷагону муллоҳои манфиатҷӯ намебуд, дар пушти ин кор ягон кишвари дигар намебуд, агар дар он хариду фурӯхтанҳо намебуд пас чаро дар замоне, ки Иттиҳоди шӯравии абарқудрат пойбарҷову яккаҳизбӣ, тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ буд, дар кадом тангкӯчаю паскӯча, пинҳонию ғайриқонунию ғайрирасмӣ ин ҳизбро таъсис доданд? Чаро аз аввал номашро ошкор накарданду наҳзати ҷавонон номаш ниҳоданд. Агар дар он фиреб набуд, чаро ҳамчун ҳизби наҳзати исломии Иттиҳоди ҷамоҳири шуравӣ таъсис ёфту баъд дарди сари миллати тоҷик шуд? Ин ва дигар суолҳое мебошад, ки ҷавобаш барои ҳамагон ошност. Тули солҳо саркардаҳои наҳзатӣ фурӯшанда буданду хоҷагони хориҷияшон харидор. Имрӯз ҳам Кабирӣ дар хориҷи кишвар нишаста арзишҳои миллии кишварро мефурӯшад. Маҳз натиҷаи ҳамин бозиҳои бозорӣ буд, ки бисёр аъзоёну роҳбарони ин ҳизби ифротӣ ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнини ба фаъолияти сиёсиашон омехтаю сӯйистифодашуда ва зидди сохти конститутсионии давлат равонашударо анҷом доданд. Аксари онҳо на аъзои қаторӣ, балки масъулону саркардагони наҳзат буданд, ки Кабирӣ онро ташкил, назорат ва раҳнамоӣ мекард.
Гирифтани 1,5 млн доллари амрикоӣ аз охунҳои эронӣ ба хотири анҷом додани табаддулоти давлатӣ, идомаи ҳамон тиҷоратҳои Кабирист, ки тавассути Ҳ.Назарзода мехост анҷом диҳад. Замоне, ки падараш Тилло Кабирӣ - падари Муҳиддин зинда буд, хиёнаткориҳои писараш вирди забони омма гашта буд ва пиру ҷавон дар бораи аъмоли зишти ӯ медонист. Мутмаъинан падари Кабирӣ аз хиёнатҳои писараш огоҳӣ дошт. Хуб дарк карда буд, ки барои пулу мол, боигарӣ ва давлату сарват, қиматтарин чиз ватани худро фурӯхтааст. Вале, ҳарфе ба забон наоварду насиҳате накард. Барои фарзанди хиёнатпешаи худ нагуфт, ки ватанфӯрушӣ аъмолест зишт, корест носавоб. Нафаҳмонд, ки фарзандам миллат хиёнатро фаромӯш намекунад. Куҷост он Тарас булбаи тоҷик, ки ба хотири меҳану миллат аз баҳри ватанбизнеси тоҷик М.Кабирӣ гузарад. 
Баҳром Қодирӣ.
Бознашр аз ҳафтаномаи «Тоҷикистон»

http://vkd.tj/index.php/tj/khatar-oi-zamoni-muosir/20015-vatanbiznes-jo-charo-padari-kabir-taras-bulba-nashud

 

Обуна шудан!

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

ВАЗИРИ МУДОФИАИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ГЕНЕРАЛ-ПОЛКОВНИК 
ШЕРАЛӢ МИРЗО
Варзиш

Майдончаи савдо