Ба аввал: Робита бо ҷомеа ТЕРРОРИЗМ МИЛЛАТ ВА ВАТАН НАДОРАД
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
НАЗАРСАНҶӢ
Аз кадом хизматрасонии сомонаи расмии Вазорати мудофиа қаноатмандед?
 
Омор
Имрӯз53
Дирӯз511
Моҳ6754
Ҳамагӣ223962
Наворҳо

Форум

ТЕРРОРИЗМ МИЛЛАТ ВА ВАТАН НАДОРАД

21.06.2018

173(Дар радифи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22. 12. 2017.)

Ибораи терроризмро борҳо шунидаем, ҳатто дар бораи ин падидаи номатлуб ҳамчун вабои асри 21 мақолаҳо мутоила намудаем. Аммо ба ин нигоҳ накарда зарурияти мубориза бар зидди ин падидаи номатлуби аср аҳамияти худро гум накардааст. 
Эҳтимолияти рушди равандҳои сиёсиро дар ҷаҳони муосир таҳлил намуда Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон Эмомали Раҳмон доимо таъкид менамоянд, ки сабақи талхи таърихи навини тоҷикон ҳар шахсро водор менамоянд, ки дигар ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсӣ ва ҳушёрии зеҳниро аз даст додан лозим нест, ватандӯсту ватанпарвар будан зарур аст, аз гузаштаи пурғановати ниёгон ифтихор намуда баҳри пойдор намудани ваҳдати миллӣ, ягонагии кишвар, марзу буми аҷдодон заҳмат кашидан зарур аст.

Ин андешаҳои худро идома бахшида Сарвари давлатамон дар Паёми навбатиашон бори дигар таъкид намуданд, ки имрӯз қариб 100 давлати дунё дар ин ё он шакл ба оғӯши ҷангу низоъҳои иҷтимоӣ кашида шудаанд, ки дар нотинҷ гардонидани ҳаёти ин давлатҳо террористон, аз ҷумла ҷонибдорони ДИИШ, Ал-қоида, Ансоруллоҳ”, “Ҳаракати исломии Ӯзбекистон”, “Ҳизб-ут-таҳрир” “Ҷамоати таблиғ”, ”Ҳизби террористӣ ва мамнӯъи наҳзати исломи Тоҷикистон” даст доранд. Ба таври фарогир паҳн гаштани ақидаҳои иртиҷоии онҳо собит менамояд, ки дар ҳақақат террорист миллат ва ватан надорад. 
Муҳимияти дарки ин масъала барои мардуми мо дар он аст, ки баъд аз саркӯб гаштани қувваҳои бунёдгароии исломӣ дар Сурия ва Ироқ, боқимондагони онҳо дар Афғонистону Покистон, дар якчанд давлатҳои Африқо амалҳои террористии худро фаъол намуданд. Ин ҳолат моро дар ҳақиқат водор менамояд, ки ҳамеша зирак бошем. Ҳодисаи моҳи ноябр дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон рух дода ин андешаро боз ҳам қувват мебахшад. Мардуми Тоҷикистон бояд амиқан дарк намоянд, ки ғояҳои бунёдгароён ин мубориза баҳри тозагии ислом, нест балки маънои аслии экстремизм ин ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз меъёр гузаштан аст.
Террористон мехоҳанд мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Амалҳои террористӣ – бевосита содир намудани ҷинояти дорои хислати террористӣ дошта дар шакли таркиш, пахши одамон тавассути мошинҳо, истифодаи моддаҳои радиоактивӣ, химиявӣ, содир намудани дигар амалҳое, ки боиси хавфи ҳалокати одамон аст, равона карда шудааст. Дар маҷмӯъ мақсади асосии террористон ба таври зӯровари ғасб намудани давлат ва аз нигоҳи талаботҳои шариат ҳукмронӣ намудан аст. Баҳри амалӣ намудани ин ниятҳои нопокашон онҳо омода ҳастанд, ки ҳато муқаррароти Қуръони маҷидро тағйир диҳанд.
Дар шароити тезутунд гаштани муборизаҳои мафуравӣ байни мазҳабҳои динӣ ва пайдо шудани падидаи сиёсишавии ислом ба ҷаҳонбинии мардум таъсири манфӣ расонид. Акнун намояндагони ҳар мазҳабу равия нигоштаҳои китоби муқаддаси Қуръон ва фарзу суннатҳои шариатро ба таври худ ва мувофиқи матлаби хеш маънидод менамоянд., ки он боиси духӯрагии фаҳмиши арзишҳои ахлоқӣ гашт. Масалан, дар маълумотномаҳои исломи омадааст, ки ҷиҳод (ар.: ҷанг кӯшиш, сарфи ҳамаи қувва имконияти барои интишори ислом ва музаффариятҳои он) – яке аз вазифаҳои асосии ҷамъияти мусулмонӣ. Чунин маънидод гаштани ин аҳкоми ислом барои аҳолии ғайримусулмон асос шуд, ки ҷиҳодро ҳамчун “ҷанги муқаддас” номанд.
Вале аз асрҳои IХ-Х мафҳуми Ҷиҳод мазмуни нав мегирад: ҷиҳоди маънавии худтакмилдиҳии ботинӣ дар роҳи Аллоҳ, инчунин ҷиҳод барои тозагии ақлу қалб, ҷиҳод барои тозагии забону покизагии даст ва ғайра. Аммо дар шароити вусъат ёфтани муборизаи мафкуравӣ ва пиёда намудани манфиатҳои геополитикӣ таблиғгарони чунин падидаҳо ба монандӣ бунёдгароӣ, экстремизми динӣ аз ҷиҳод ва дигар аҳкомҳои динӣ барои пиёда намудани манфиатҳои ғаразнокӣ худ истифода бурда истодаанд.
Дар ин амали нопоки хеш онҳо аз кӯр-кӯрона тақлид намудан, камсаводии динии баъзе қишрҳои ҷомеа истифода мебаранд. Аз ин рӯ, бояд ҳар як шаҳрванди баору номуси кишвар ба қадри давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осуда расида, ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ҳаргиз фирефтаи таблиғоту ақидаҳои бебунёди ифротӣ нашаванд. 
Ба хотири ҳифзи сулҳу оромӣ ва пойдории суботи сиёсиии ҷомеъа мо ҳама бояд муттаҳид бошем ва ба фаъолияти сохтору мақомотҳои давлатӣ ҳамаҷониба мусоидат намоем.
Солиҷонов Р., омӯзгори кафедраи фанҳои ҷомеашиносии ДИС ДДТТ, бознашр аз «Минбари халқ»

http://vkd.tj/index.php/tj/khatar-oi-zamoni-muosir/19607-terrorizm-millat-va-vatan-nadorad

 

Обуна шудан!

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

ВАЗИРИ МУДОФИАИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ГЕНЕРАЛ-ПОЛКОВНИК 
ШЕРАЛӢ МИРЗО
Варзиш

Майдончаи савдо