Ба аввал: Робита бо ҷомеа ТОҶИКИСТОН-МУҚОБИЛИ ТЕРРОРИЗМ
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
НАЗАРСАНҶӢ
Аз кадом хизматрасонии сомонаи расмии Вазорати мудофиа қаноатмандед?
 
Омор
Имрӯз28
Дирӯз317
Моҳ6252
Ҳамагӣ176389
Наворҳо

Форум

ТОҶИКИСТОН-МУҚОБИЛИ ТЕРРОРИЗМ

26.05.2018

Дар ҳошияи суханронии Пешвои миллат

«Террорист-террорист аст ва ӯ ҳеҷ гоҳ «худӣ» ё «бегона» ва ё «таҳаммулгаро»-ву «тундгаро» буда наметавонад».

Эмомалӣ РАҲМОН

Пас аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Мубориза бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» бори дигар собит шуд, ки ҷониби Тоҷикистон доир ба ин мушкилоти ҷаҳонӣ саҳми назаррас дорад. Президенти кишвар пайваста ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳушдор медиҳад, ки барои решакан намудани ин зуҳуроти номатлуби ҷаҳон чораҳои муассир андешанд. Тавре Пешвои миллат дар конфронси байналмилалӣ иброз дошт, Тоҷикистон дар арсаи мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, тундгароӣ ва дигар хатару таҳдидҳои замони муосир, аз қабили гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ, ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ ва киберҷиноятҳо шарики табии ҳамаи давлатҳои дунё ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ мебошад.

Аз суханронии Пешвои миллат бармеояд, ки намояндагони давлатҳои абарқудрати ҷаҳон амсоли Амрикову Аврупо ва дигар кишварҳои тараққикарда дар ибтидо гумон мекарданд, ки масъалаи терроризму экстремизм мушкилоти Тоҷикистон ва ё Осиёи Марказӣ бошад, вале пас аз ҳодисаи моҳи сентябри соли 2001 Амрико пешниҳоди Тоҷикистонро дар мавриди муқовимат бо терроризму экстремизм ва гардиши маводи мухаддирро дастгирӣ намуд ва ин пешниҳоди Пешвои миллат аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфт.

-Танҳо баъди амалҳои террористии даҳшатовари 11 сентябри соли 2001 дар Ню-Йорк кишварҳои олам ҷиддияти масъаларо дарк намуда, таваҷҷуҳи худро ба он равона намуданд. Аммо ин падидаи номатлуб, аллакай, хислати ҷаҳонӣ касб намуда, пеши роҳи онро гирифтан хеле мушкил шуд»- зикр намуд Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар конфронси байналмилалӣ.

Воқеан, имрӯз ягона мушкилоте, ки кулли ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, ба гурӯҳҳои тундрав пайваст шудани ҷавонон мебошад. Бо камоли таассуф метавон гуфт, ки бархе аз ҷавонони мо ҷойи омӯхтани илму дониш ба роҳҳои нодуруст рафта, теша ба решаи хеш мезананд. Гузашта аз ин, ҷавононро мебояд ҳушёриву зиракиро аз даст надиҳанд ва аз зеҳни хеш амалҳои номатлубро дур сохта, ба омӯзиши илму дониш рӯ оранд. Коршиносони масоили динӣ ҳадс мезананд, ки ба гурӯҳҳои террористию экстримистӣ пайвастани ҷавонон аз надоштани дониши мукаммали динист, ҳамзамон хуб набудани шароити иқдисодиро низ яке аз ин омилҳо медонанд, ки доир ба ин масъала Пешвои миллат дар аксари суханрониҳояш ёдовар мешавад.

Мусаллам аст, ки дар масъалаи пешгирии терроризму экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир Тоҷикистон яке аз аввалин кишварҳое буд, ки доир ба ин зуҳуроти номатлуби ҷомеаи ҷаҳонӣ садо баланд кард. Дарвоқеъ, тайи чанд соли ахир зиёда аз 100 мамлакати дунё ҳадафи амалҳои харобкоронаи террористон қарор гирифта, бар асари ҳамлаҳои террористӣ садҳо ҳазор нафар аҳолии осоишта ба ҳалокат расидаанд ва миллионҳо нафар манзили зисташонро тарк намудаанд. Доир ба ин масъала Пешвои миллат дар конфронси байналмилалӣ ёдовар шуд.

Файзулло Баротзода-директории Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як суҳбати ихтисосӣ доир ба масъалаи терроризму эстремизм чунин иброз дошт: «Набояд фаромӯш кард, ки ҳанӯз афзоиши ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ, тавсеаи терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, хатари ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистию террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ дар корбурди бозиҳои геополитикии ҷаҳонӣ ва минтақавӣ ҳузури қобили мулоҳиза ва боиси нигаронӣ доранд. Ин воқеияти талх, вале омӯзанда ба мо ибрат медиҳад, ки корҳои пешгирӣ ва фаҳмондадиҳиро дар ин самт ба ҳеҷ ваҷҳ заиф нагардонем».

Нуқтаи дигари ҷолиби диққате, ки дар суханронии Пешвои миллат садо дод, аз ҷониби ташкилоту гурӯҳҳои террористӣ фаровон истифода бурдани технологияи муосир, аз ҷумла шабакаи интернет ба ҳисоб меравад. Зеро гурӯҳҳои иртиҷоӣ бештари ҷавононро тариқи шабакаҳои интернетӣ ҷалб менамоянд. Дар воқеъ, аксари ҷавонон ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ тавассути шабакаи интернет ҷалб шуданд. Аз ин ҷост, ки бархе аз шабакаҳои интернетӣ низ дар Тоҷикистон маҳдуд гардидаанд. Пӯшида нест, ки пас аз маҳдуд шудани шабакаҳои иҷтимоӣ низ аз ҷониби истифодабарандагони шабакаҳои интернетӣ эътирозу норозигиҳо баён гардид, вале Ҳукумати Ҷумҳурӣ барои пешгирии ҷавонону напайвастани онҳо ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ маҷбур шуд, бо ҳар шевае набошад, садди роҳи ҷавононе, ки ба ҷамъият таъсири манфӣ мерасонанд, гирад. Боиси таассуф аст, ки ҷавонони мо фарҳанги дурусти истифодаи интернетро надоранд. Ҳастанд нафароне, ки воқеан аз шабакаҳои интернет дуруст истифода мебаранд, вале чунин нафарон ангуштшуморанд. Дар замони соҳибистиқлолии кишвар низ таваҷҷуҳи раёсати олии он ба фарҳангу маданияти истифодаи техникаву технологияи пешрафта бештар гардидааст, ки бо мақсади дуруст ба роҳ мондани ҳам фаъолият ва ҳам истифодаи дастовардҳои илму техникаи муосир соли 2010-ро “Соли маориф ва фарҳанги техникӣ” эълон намуда буданд. Аз назари нигоранда, агар аз як тараф мақсади асосии эълон гардидани “Соли маориф ва фарҳанги техникӣ” бештару беҳтар омӯхтани технологияи муосир бошад, аз тарафи дигар баланд бардоштани фарҳанги истифода аз ҳамагуна технология, чӣ шабакаҳои иҷтимоӣ бошанду чӣ дигар намуди технология ва истифодаи самараноки он дар самти таълиму тарбия ва омӯзишу пажӯҳиш ба ҳисоб меравад. Ҷавонони тоҷик барои омӯзиши дини ислом ба муассисаҳои исломии хориҷӣ рафта, дар он ҷо ба омӯзиши илм машғул буданд. Хушбахтона, ҷониби Тоҷикистон нафароне, ки ғайриқонунӣ дар муассисаҳои динии берун аз кишвар таҳсил менамуданд, ба Ватан баргардонид. Барои гирифтани маълумоти динӣ имрӯз дар Тоҷикистон шароит муҳайё буда, Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам фаъолият мекунад, ки дар он ҷавонони тоҷик ба омӯзиш машғуланд.

Мавриди зикр аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояш иброз дошт: «Бадхоҳони миллати тоҷик барои пиёда намудани мақсадҳои палид ва ғаразноки худ мехостанд ба сари мардуми мо мазҳабу фарҳанги бегона ва андешаи ботили бунёди «Давлати исломӣ»-ро таҳмил кунанд».

Ба гуфтаи Пешвои миллат, пирӯзӣ бар терроризму ифротгароӣ танҳо бо роҳи низомӣ ғайриимкон мебошад. Фақру камбизоатӣ, бекорӣ, сатҳи пасти саводнокӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз ҷумлаи омилҳое мебошанд, ки одамонро водор менамоянд, то дар ҷустуҷӯи адолати иҷтимоӣ ба ғояҳои зӯроварӣ рӯ оранд.

Азимҷон БАДАЛОВ

Обуна шудан!

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

ВАЗИРИ МУДОФИАИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ГЕНЕРАЛ-ПОЛКОВНИК 
ШЕРАЛӢ МИРЗО
Варзиш

Майдончаи савдо