01

mort.tj

03

mort.tj

04

mort.tj

05

type your text for 5th image here

07

type your text for 7th image here

08

mort.tj

09

type your text for 9th image here

10

mort.tj

Ба аввал: Қонунгузорӣ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҚОНУН «ДАР БОРАИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»
ХУШ ОМАДЕД БА СОМОНАИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҚОНУН «ДАР БОРАИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқи, таъинот, вазифаҳо, ҳайат, принсипҳои ташкил ва фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд.(Қонун №141 аз 28.12.05с.)

Моддаи 1. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъиноти он Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил субъекти ҳуқуқи байналмилали буда, дорои Қувваҳои Мусаллаҳи худ мебошад. (Қонун №141 аз 28.12.05с.)

Моддаи 2. Вазифаҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазифаҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз инҳо иборатанд:
зада гардонидани таҳовузи душман ва шикаст додани таҳовузкор;
ҳифзи фазои ҳавоии давлат;
муҳофизати мусаллаҳонаи сарҳади давлати;
ташкил ва пешбурди мудофиаи ҳудуди; (Қонун №141 аз 28.12.05с.) иштирок дар зада гардонидани таҳовузи мусаллаҳона ба давлати дигар ё иҷро намудани вазифаҳои сулҳоварона, ки аз уҳдадориҳои байналмилалли бармеоянд. (Қонун №141 аз 28.12.05с.)

Ҷалб кардани қисмҳо, ҷузъу томҳо ва дигар сохторҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои вазифаҳое, ки ба таъиноти онҳо вобастаги надоранд, танҳо дар асоси Қонун ё Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баъдан дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мешавад, амали мегардад.(Қонун №31 аз 29.11.02с.)

Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад. (Қонун №141 аз 28.12.05с.)

Моддаи 4. Принсипҳои ташкил ва фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонун №141 аз 28.12.05с.) Принсипҳои ташкил ва фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳоанд: (Қонун №141 аз 28.12.05с.) Қонуният ва адолати иҷтимои, ҳисоботдиҳи ба мақомоти олии ҳокимияти қонунбарор ва иҷроия:
яккасардори, риояи интизоми ҳарби, таҳияи дастҷамъонаи қарорҳо ва идоракунии мутамарказ;
омодагии доимии ҷанги ва сафарбари;
ӯҳдадории умумии ҳарбии шаҳрвандон ва ихтиёри ба хизмати даромадан;
(Қонун №31 аз 29.11.02с.) нигаҳдории сирри давлати; (Қонун №5 аз 28.02.04с.) таъмини кафолатноки ҳимояи ҳуқуқи ва иҷтимоии хизматчиёни ҳарби ва оилаҳои онҳо.

 

Моддаи 5. Ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро инҳо ташкил медиҳанд:
Қушунҳои хушкигард;
Қувваҳои ҳарби-ҳавои ва мудофиаи зиддиҳавои; (Қонун №230 аз 5.03.07с.) сархат сеюми қисми якум хориҷ карда шуд. (Қонун №230 аз 5.03.07с.) Қушунҳои зудамал. (Қонун №21 аз 28.02.04с.)
Ба ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қисмҳо, воҳидҳо ва сохторҳои дигаре, ки фаъолияти онҳо бо таъиноти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини амалиёти онҳо алоқаманд нест, дохил шуда наметавонанд.
Дар давраи ҷанг ба ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, полки посбоникунандаи Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии таъмини амволи махсуси назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дохил мешаванд. (Қонун №225 аз 5.03.07с.)

Моддаи 6. Пуррагардонии сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Пуррагардонии сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати шахси ба тартиби ихтиёри, инчунин дар асоси даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарби тибқи Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. (Қонун №31 аз 29.11.02с., Қонун №141 аз 28.12.05с.) Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷyмҳуpии Тоҷикистон инчунин бо ҳайати ғайриҳарби пурра карда мешаванд. Феҳристи вазифаҳое, ки шахсони ғайриҳарби ишғол менамоянд, аз тарафи Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Шартномаҳои (Қарордодҳои) меҳнатии ҳайати ғайриҳарби бо фармондеҳии ҳарби вобаста аз вазифаи ишғолкардаашон дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат тартиб дода мешаванд. (Қонун №141 аз 28.12.05с.)
Ҳайати ғайриҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад иттиҳодияҳои касби ташкил намояд.

Моддаи 7. Роҳбари ва идоракунии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Роҳбарии умумии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Роҳбарии бевоситаро ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон амали намуда, ба иҷрои вазифаҳое, ки тавассути Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ӯҳдаи Қувваҳои МусаллаҳҶумҳурии Тоҷикистон гузошта шудаанд, масъул мебошад. (Қонун №31 аз 29.11.02с.)
Вазифаи Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷонишинҳои ӯ ва шахсони дигари масъули Қувваҳои Мусаллаҳи Ҳyмҳурии Тоҷикистонро дар ҳолатҳои истиснои шахсони ғайриҳарби ишғол карда метавонанд. Вазифаҳо ва ваколатҳои Вазорати мудофиа ва Сарситоди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи ин қонун, санадҳои дигари қонунгузори ва меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд. Барои амали намудани онҳо дар Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарситоди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон раёсатҳо ва хадамоти дахлдор ташкил карда мешаванд. Идоракунии намудҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи ситодҳои дахлдор сурат мегирад.
Барои роҳбари ва идоракунии қӯшунҳо, таълими ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурда мешавад.

Моддаи 8. Идоракунии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Мақоми асосии идоракунии амалии қӯшунҳо Сарситоди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки:
- нақшаи истифодабарии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаҳои сафарбари ва нақшаи ба таври фаври таҷҳизонидани Қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба манфиати мудофиаи мамлакат таҳия менамояд;
- оид ба доктринаи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохтор, ҳайат ва ҷойгиршавии қӯшунҳо, таъмини онҳо бо силоҳ ва техникаи ҳарби пешниҳодҳо таҳия мекунад;
- идоракунии амалии қӯшунҳои қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро анҷом медиҳад;
- фаъолияти разведкаро ба манфиати мудофиа ва амният ба роҳ мемонад; - тайёрии сафарбари ва ҷойгиркунонии қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил менамояд;
- тайёрии зарурии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро нигоҳ медорад;
- омодагии амалии ситодҳо ва қӯшунҳоро ташкил менамояд; - тадқиқоти илмию ҳарбии дорои хусусияти амалии стратегиро ба роҳ мемонад;
- нигоҳдории сирри давлатиро дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд;
- дигар ваколатҳоро мутобиқи низомномаи дахлдор иҷро мекунад. (Қонун №141 аз 28.12.05с.)

Моддаи 9. Ҳойгирони ва истифодабарии Қӯшунҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон. (Қонун №31 аз 29.11.02с.) Ҳойгиронии Қӯшунҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи вазифаҳои мудофиа ва имкониятҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон амали мегардад. Плани Ҳойгиронии Қӯшунҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷyмҳурии Тоҷикистон аз тарафи Сарситоди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикстон тартиб дода мешавад ва бо пешниҳоди Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад. Тағйирдиҳии ҷои Қӯшунҳо дар ҳудуди қаламраве, ки барои истифодаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо карда шудааст, аз тарафи Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи мақомоти ҳокимияти иҷроияи дахлдор сурат мегирад.
Ҳойгиронии ва истифодабарии Қӯшунҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон бо ризоияти Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар ҳаласаи якҷоя) дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амали мегардад. (Қонун №31 аз 29.11.02с.)

Моддаи 10. Ҳамкори ва амали якҷояи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҳyмҳурии Тоҷикистон бо Қувваҳои Мусаллаҳи давлатҳои дигар ва воҳидҳои дигари ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қувваҳои Мусаллаҳи давлатҳои дигар дар соҳаи мудофиа, ҳифзи сулҳу амният, инчунин соҳаи сохтмони ҳарби дар доираи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалли ҳамкори мекунанд.
Як қисми Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи ӯҳдадории байналмилалли Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ризояти Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар Ҷаласаи якҷоя), дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи муттаҳида дохил шуда ё таҳти фармондеҳии муттаҳида қарор гирифта метавонад. (Қонун №31 аз 29.11.02с.)
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша бо дигар сохторҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкори менамоянд.

Моддаи 11. Фаъолияти хоҷагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурате бо фаъолияти хоҷаги машғул шуда метавонанд, ки он ба тайёрии ҳарби ва Қобилияти Ҷангиашон таъсир нарасонад.
Тартиби амали намудани фаъолияти хоҷаги аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Моддаи 12. Маҳдуд намудани фаъолияти созмонҳои ҷамъияти ва иттиҳодияҳои дигар дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон созмонҳои ҷамъиятие, ки вазифаи ҳимояи ҷамъияти, тарбияи ҳайати шахсиро доранд ва шахсони юридики нестанд, ташкил ёфта метавонанд.
Дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис додани сохторҳои ташкили ва фаъолияти ҳизбҳо, дигар иттиҳодияҳои ҷамъияти, ки мақсадҳои сиёси доранд, инчунин таблиғи идеологияи онҳо манъ аст. (Қонун №31 аз 29.11.02с.)
Истифодаи мансабҳои штати ва воситаҳои молии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташкили сохторҳо ва фаъолияти ҳар гуна созмонҳои ҷамъияти ва иттиҳодияҳои дигар ғайр аз онҳое, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидаанд, манъ аст. Бурдани ҳама гуна таблиғоти сиёси дар ҳудуди қисмҳои ҳарби ва муассисаҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоикистон манъ аст.

Моддаи 13. Таъмини қонуният дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Назорат ба қонуният дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Прокурори Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокурорҳои ҳарбии тобеиӣ сурат мегирад.
Ҳимояи ҳуқуқи хизматчиёни ҳарби, баррасии парвандаҳои ҷинои ва граждани дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи судҳои ҳарби амали мегардад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов ш. Душанбе, 13 декабри соли 1996
№ 316
АМОҲТ №23 1996

ВАЗИРИ МУДОФИАИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ГЕНЕРАЛ-ЛЕЙТЕНАНТ
ШЕРАЛӢ МИРЗО
Наворҳо

Варзиш