Ба аввал: Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВАЗЪИ ҲУҚУҚИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
НАЗАРСАНҶӢ
Аз кадом хизматрасонии сомонаи расмии Вазорати мудофиа қаноатмандед?
 
Омор
Имрӯз59
Дирӯз426
Моҳ7138
Ҳамагӣ213732
Наворҳо

Форум

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВАЗЪИ ҲУҚУҚИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ВАЗЪИ ҲУҚУҚИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2005, №3, мод. 130; с. 2006, №3, мод. 150;

с. 2008, №6, мод. 449; №10, мод. 799; с. 2012, №8, мод. 822; с. 2014, №11, мод. 661; Қонуни ҶТ аз 02.01.2018 с., №1479)

Бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 15-уми декабри соли 2004, № 1279

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, № 12 (қ.3), соли 2004, моддаи 713) қабул гардидааст.

Бо Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 11-уми феврали соли 2005, № 604

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, № 2, соли 2005, моддаи 80) ҷонибдорӣ гардидааст.

 

Қонуни мазкур дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳо, масъулияту вазифаҳои хизматчиёни ҳарбӣ, инчунин асосҳои сиёсати давлатиро дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқӣ ва иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ, шаҳрвандоне, ки аз хизмати ҳарбӣ рухсат шудаанд ва аъзои оилаи онҳоро муайян менамояд.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1479)

БОБИ I.

МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ

 

  1. Вазъи ҳуқуқии (статуси) хизматчиёни ҳарбӣ маҷмўи ҳуқуқу озодиҳои кафолатдодаи давлат, ҳамчунин масъулияту вазифаҳои хизматчиёни ҳарбӣ мебошад, ки Қонуни мазкур, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд.
  2. Хизматчиёни ҳарбӣ дорои ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, бо маҳдудкунии муайяне мебошанд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни мазкур, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд. (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1479)

Ба зиммаи хизматчиёни ҳарбӣ вазифаи омодагии ҷангӣ барои ҳимояи мусаллаҳона ва ҳимояи мусаллаҳонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шудааст, ки он бо зарурати иҷрои бечунучарои ин вазифа дар ҳар шароит, аз ҷумла бо таҳдиди хатар барои ҳаёт вобаста мебошад. Вобаста ба хусусиятҳои махсуси вазифаҳое, ки ба зиммаи хизматчиёни ҳарбӣ гузошта шудаанд, ба онҳо имтиёзу кафолат ва ҷубронпулиҳо дода мешаванд.

Хусусиятҳои вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро дар замони ҷанг, дар давраи сафарбарӣ, дар вақти иҷрои хизмати ҳарбӣ дар вазъияти фавқулодда ва ҳангоми муноқишаҳои мусаллаҳона адо мекунанд, тибқи қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумхурии Тоҷикистон танзим карда мешаванд.

  1. Ба хизматчиёни ҳарбӣ ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият, шаҳрвандӣ ва вазъи ҳуқуқии онҳо дода мешаванд.

Тартиби ба хизматчиёни ҳарбӣ додани хуҷҷатҳои номбурда ва маблағгузории чорабиниҳои вобаста ба додани онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

  1. Хизматчиёни ҳарбӣ барои нигоҳдорӣ, гирифта гаштан ва истифода бурдани силоҳ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд. (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1152)
  2. Мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳо ҳуқуқ доранд дар доираи ваколатҳои худ ба хизматчиёни ҳарбӣ, шаҳрвандони аз хизмати ҳарбӣ рухсатшудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд шаҳрвандон) ва аъзои оилаи онҳо имтиёзу кафолат ва ҷубронпулиҳои иловагӣ муқаррар намоянд.

Моддаи 2. Шаҳрвандоне, ки дорои вазъи ҳуқуқии хизматчии ҳарбӣ мебошанд

 

  1. Хизматчиёни ҳарбӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ўҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» хизмати ҳарбиро адо менамоянд.

Ба ҷумлаи хизматчиёни ҳарбӣ инҳо мансубанд:

афсарон, прапоршикҳо, курсантҳои муассисаҳои таълимии ҳарбии таҳсилоти касбӣ, сержантҳо ва аскарон (минбаъд – хизматчиёни ҳарбӣ).

  1. Шаҳрвандон вазъи ҳуқуқии хизматчии ҳарбиро аз ибтидои хизмати ҳарбӣ соҳиб шуда, баъди анҷоми хизмати ҳарбӣ аз он маҳрум мегарданд.
  2. Барои шаҳрвандоне, ки ба ҷамъомадҳои ҳарбӣ даъват шудаанд, вазъи ҳуқуқии хизматчии ҳарбӣ дар ҳолатҳо ва бо тартиби пешбининамудаи Қонуни мазкур, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.
  3. Барои шаҳрвандоне, ки хизмати ҳарбиро дар қисмҳои ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи собиқ Иттиҳоди Шўравӣ (минбаъд- ИҶШС), дигар сохторҳои ҳарбии ИҶШС ва давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил то таҳти салоҳияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидани сохторҳои ҳарбии номбурда адо намудаанд ва ба хизмати ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қўшунҳо ва сохторҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаштаанд, имтиёзу кафолат ва ҷубронпулиҳое, ки Қонуни мазкур, қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарти мавҷуд будани шартномаҳои дахлдори байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, нигоҳ дошта мешаванд.
  4. Вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро дар ҳудуди давлатҳое, ки дар қисми чоруми моддаи мазкур зикр нашудаанд, ҳамчунин хизматчиёни ҳарбие, ки ба қувваҳои мусаллаҳи давлатҳои номбурда бо тартиби ҳамкории ҳарбӣ фиристода шудаанд, мутобиқи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1479)
  5. Имтиёзу кафолат ва ҷубронпулиҳое, ки Қонуни мазкур, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ менамоянд, ба инҳо муқаррар карда мешаванд:

- ба хизматчиёни ҳарбӣ ва аъзои оилаи онҳо;

- ба шаҳрвандоне, ки аз хизмати ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қўшунҳо, сохторҳои ҳарбии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил рухсат шудаанд ва ба аъзои оилаи онҳо.

-ба шаҳрвандоне, ки аз хизмати ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи собиқ ИҶШС, қўшунҳои сарҳадӣ, дохилӣ ва роҳи оҳан, қўшунҳои мудофиаи гражданӣ, мақомот ва қўшунҳои мақомоти бехатарии давлат, дигар сохторҳои ҳарбии ИҶШС рухсат шудаанд ва аъзои оилаи онҳо.

  1. Ба аъзои оилаи хизматчиёни ҳарбӣ, шаҳрвандоне, ки аз хизмати ҳарбӣ рухсат шудаанду ба онҳо имтиёзу кафолат ва ҷубронпулиҳо дода мешаванд, агар дар Қонуни мазкур, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, инҳо мансубанд:

- ҳамсар;

- фарзандони ба балоғат нарасида;

- фарзандони аз 18-сола боло, ки то расидан ба синни 18 солагӣ маъюб шудаанд;

- фарзандони то 23-сола, ки аз рўи шакли таҳсили рўзона дар муассисаҳои таълимии рўзона таҳсил мекунанд;

- шахсоне, ки дар таъминоти хизматчиёни ҳарбӣ қарор доранд.

  1. Ба хизматчиёни ҳарбӣ ва шаҳрвандоне, ки аз хизмати ҳарбӣ рухсат шудаанд, собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва иштирокчиёни амалиётҳои ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо, собиқадорони хизмати ҳарбӣ, ҳамчунин собиқадороне, ки ўҳдадории хизмати ҳарбиро дар вазъияти фавқулодда ва ҳангоми муноқишаҳои мусаллаҳона иҷро намудаанд, тибқи қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин аст имтиёзу кафолат ва ҷубронпулиҳои иловагӣ муқаррар карда шаванд. (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1479)
  2. Кафолатҳои ҳуқуқию иҷтимоии шаҳрвандони ноболиғе,ки дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии миёнае (пурра) таҳсил мекунанд, ки барномаҳои иловагии таълимиашон дорои мақсади омодагии ҳарбӣ мебошанд, бо қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
  3. Барои хизматчиёни ҳарбие, ки асир афтодаанд ё гаравгон гирифта шудаанд, ҳамчунин дар мамлакатҳои бетараф боздошт шудаанд, вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ нигоҳ дошта мешавад. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва фармондеҳии ҳарбӣ ўҳдадоранд барои озод намудани хизматчиёни ҳарбии номбурда мутобиқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ тадбирҳо андешанд.

Ба хизматчиёни ҳарбии номбурда маош, таъминоти моддӣ ва дигар навъҳои таъминот, ки ба ҳамсар ё дигар аъзои оилаи хизматчиёни ҳарбии бо онҳо ҳамроҳ истиқоматкунанда бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то пурра муайян шудани ҳолати асир афтодан ё гаравгон гирифтан, боздошти хизматчиёни ҳарбӣ ё озодшавии онҳо дода мешаванд.

  1. Хизматчиёни ҳарбӣ, шаҳрвандони аз хизмати ҳарбӣ рухсатӣ шуда ва аъзои оилаи онҳо, ки мутобиқи Қонуни мазкур ба имтиёз, кафолат ва ҷубронҳо ҳуқуқ доранд, аз имтиёз, кафолат ва ҷубронҳои мувофиқи қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои шаҳрвандон муқаррарнамуда истифода мебаранд. Агар шахсони номбурда дар як вақт ҳуқуқи гирифтани ин ё он имтиёз, кафолат ва ҷубронҳоро мувофиқи якчанд асосҳо дошта бошанд, ба онҳо мувофиқи интихобашон дар як асос, бо истиснои ҳолатҳои махсуси пешбининамудаи қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиёз, кафолат ва ҷубронҳо дода мешаванд.

Моддаи 3. Кафолати ҳифзи ҳуқуқию иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ, шаҳрвандоне, ки

аз хизмати ҳарбӣ рухсат шудаанд ва аъзои оилаи онҳо

 

  1. Қонуни мазкур барои хизматчиёни ҳарбӣ системаи ягонаи ҳифзи ҳуқуқию иҷтимоӣ, ҳамчунин таъминоти моддӣ ва дигар навъҳои таъминотро бо назардошти вазифаҳои ҳарбии ишғолкарда, рутбаҳои ҳарбии додашуда, мўҳлати умумии хизмати ҳарбии имтиёзнок, иҷрои вазифаҳо, шароит ва тартиби адои хизмати ҳарбии онҳоро муқаррар менамояд.
  2. Ҳифзи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ, шаҳрвандони аз хизмати ҳарбӣ рухсат шуда ва аъзои оилаи онҳо вазифаи давлатӣ буда, дар қонунҳо, дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ифода ёфтани ҳуқуқу имтиёз, кафолат ва ҷубронпулиҳои шахсони номбурда ва дигар чораҳо оид ба ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамчунин тартиби ҳуқуқии амалӣ намудани онҳоро пешбинӣ менамояд.
  3. Ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ, шаҳрвандони аз хизмати ҳарбӣ рухсат шуда ва аъзои оилаи онҳо вазифаи давлатӣ буда, инҳоро пешбинӣ менамояд:

- амалӣ намудани ҳуқуқу имтиёзҳо, кафолат ва ҷубронпулиҳои онҳо аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти идоракунии ҳарбӣ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;

- мукаммалгардонии тартиб ва қоидаҳои ҳифзи иҷтимоии шахсони номбурда;

-ҳифзи ҳаёт ва саломатии онҳо, ҳамчунин дигар чораҳое, ки ба ташкили шароити ҳаёту фаъолияти ба хусусиятҳои хизмати ҳарбӣ дахлдор ва нақши он дар ҷамъият равона шудаанд.

  1. Амалӣ намудани чораҳои ҳифзи ҳуқуқию иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ ва шаҳрвандони аз хизмати ҳарбӣ рухсатшуда ва аъзои оилаи онҳо ба зиммаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, судҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар доираи ваколатҳои онҳо гузошта шуда, ҳамчунин вазифаи командирон (сардорон) (минбаъд – командирон) мебошад. Ба амалӣ намудани ҳуқуқи хизматчиёни ҳарбӣ, шаҳрвандони аз хизмати ҳарбӣ рухсатшуда ва аъзои оилаи онҳо ҳамчунин метавонанд мутобиқи қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ мусоидат намоянд.
  2. Ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад, ки ҳуқуқу озодиҳои ба хизматчиёни ҳарбӣ, шаҳрвандони аз хизмати ҳарбӣ рухсатшуда ва аъзои оилаи онҳо кафолатдодаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни мазкурро маҳдуд созад. Шахсони мансабдори мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳо, ҳамчунин командироне, ки барои иҷро накардани вазифаҳо доир ба амалӣ намудани ҳуқуқи хизматчиёни ҳарбӣ, шаҳрвандони аз хизмати ҳарбӣ рухсатшуда ва аъзои оилаи онҳо гунаҳкоранд, мутобиқи қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1479; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1479)

Ҳангоми амалӣ намудани даъват ба хизмати ҳарбӣ, ҳамчунин ҳангоми рухсат шудани хизматчиёни ҳарбӣ аз хизмати ҳарбӣ давлат иҷрои ўҳдадориҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро кафолат медиҳад.

 

Моддаи 4. Асосҳои ҳуқуқии вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ

 

Асосҳои ҳуқуқии вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни мазкур, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, иборат мебошанд.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1479)

 

БОБИ II

ҲУҚУҚ ВА ОЗОДИҲОИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ, ШАҲРВАНДОНИ АЗ ХИЗМАТИ ҲАРБӢ РУХСАТШУДА

ВА АЪЗОИ ОИЛАИ ОНҲО

Моддаи 5. Ҳифзи озодӣ, шараф ва эътибори  хизматчиёни ҳарбӣ

 

  1. Хизматчиёни ҳарбӣ таҳти ҳимояи давлат қарор доранд. Ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад, ки ба фаъолияти хизматии хизматчиёни ҳарбӣ, ба истиснои шахсоне, ки тибқи қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин оинномаҳои умумиҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-оинномаҳои умумиҳарбӣ) ваколатдоранд, дахолат кунад.
  2. Таҳқири хизматчиёни ҳарбӣ, зўроварӣ ва таҳдиди истифода бурдани зўрӣ, суиқасд ба ҳаёту саломатӣ, шаъну шараф, манзилу молу мулки онҳо, ҳамчунин дигар амалиёте (беамалие), ки ҳуқуқи онҳоро бинобар иҷрои ўҳдадориҳои хизмати ҳарбӣ вайрон мекунад ва паст мезанад, мутобиқи қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ҷавобгарӣ мебошанд. (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1152)
  3. Хизматчиёни ҳарбӣ аз ҷумла ба сифати ҷазои интизомӣ бо нигоҳ доштан дар гауптвахта, танҳо мувофиқи асосҳо ва бо тартибе, ки қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, оинномаҳои умумиҳарбӣ пешбинӣ намудаанд, метавонанд боздошт гарданд ва ё ба ҳабс гирифта шаванд.

Дар ҳолатҳои боздошти хизматчиёни ҳарбӣ берун аз ҷойгиршавии қисми ҳарбие, ки дар он хизмати ҳарбиро адо мекунанд, мақомоти идоракунии ҳарбӣ ва мақомоти прокуратураи ҳарбӣ таъҷилан огоҳ карда мешаванд. Дар мавриди оғози кори ҷиноятӣ ва ба ҳабс гирифтани хизматчии ҳарбӣ таъҷилан волидайнаш огоҳ карда мешаванд.

Моддаи 6. Озодии сухан, виҷдон ва мазҳаб

 

  1. Хизматчиёни ҳарбӣ ҳуқуқҳои худро ба озодии сухан, изҳори афкору ақида, имконияти дастрас ва паҳн кардани иттилоот амалӣ намуда, ҳуқуқ надоранд, ки сирри давлатиро ифшо карда, фармони командирро муҳокима ва танқид намоянд.
  2. Иштироки хизматчиёни ҳарбӣ дар корпартоиҳо, пикетҳо, нофармониҳои оммавии зиддидавлатӣ ва дигар амалиёти эътирозӣ ё ташкили онҳо, инчунин дигар намуди қатъкунии иҷрои вазифаҳои хизмати ҳарбӣ ҳамчун воситаи ҳаллу фасли масъалаҳои ба хизмати ҳарбӣ алоқаманд, манъ аст.
  3. Хизматчиёни ҳарбӣ ҳуқуқ доранд муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намоянд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон ҳар гуна динро пайравӣ намоянд ва ё пайравӣ накунанд.
  4. Хизматчиёни ҳарбӣ ҳуқуқ надоранд аз рўи эътиқоди динии худ аз иҷрои ўҳдадориҳои хизмати ҳарбӣ даст кашанд ва ваколатҳои хизматии худро барои таблиғоти ин ё он дин истифода намоянд.

5.Хизматчиёни ҳарбӣ дар вақтҳои озод будан аз хизмати ҳарбӣ ҳуқуқ доранд ҳамчун шахси алоҳида ба ибодат машғул шуда, дар маросимҳои динӣ иштирок намоянд.

  1. Ташкили иттиҳодияҳои динӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ дар қисми ҳарбӣ манъ аст.

Моддаи 7. Ҳуқуқи гаштугузори озодона ва дигар кардани маҳалли хизмати ҳарбӣ

 

  1. Хизматчиёни ҳарбӣ ҳуқуқи гаштугузори озодона карданашонро бо назардошти аз тарафи онҳо нигоҳ доштани омодагии ҷангии қисмҳои ҳарбӣ ва саривақт ҳозир шудан ба маҳалли хизмати ҳарбӣ амалӣ мегардонанд.

Ҳуқуқи гаштугузор кардан дар ҳудуди қисми ҳарбӣ, берун баромадан аз ҳудуди гарнизоне, ки дар ҳудуди он хизмати ҳарбиро адо менамоянд, бо оинномаҳои умумиҳарбӣ муайян карда мешавад.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1479)

  1. Хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро ба тарзи ихтиёрӣ адо менамоянд, ҳуқуқ доранд маҳалли хизмати ҳарбиашонро дигар кунанд, аз он ҷумла ба маҳалли дигар бо назардошти шартҳои адои хизмати ҳарбӣ, аҳволи саломатии хизматчиёни ҳарбӣ ва аъзои оилаи онҳо (дар асоси хулосаи комиссияи тиббии ҳарбӣ) ва дигар асосҳои муқаррарнамудаи Низомнома дар бораи тартиби адои хизмати ҳарбӣ барои адои хизмати ҳарбӣ гузаранд.

Моддаи 8. Ҳуқуқи иштирок дар идоракунии корҳои давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ

 

  1. Хизматчиёни ҳарбӣ ҳуқуқ доранд тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти маҳалли ҳикимияти давлатӣ интихоб намоянд ва интихоб шаванд, дар райъпурсӣ, ҳамчунин дигар шаклҳои амалӣ гардонидани худидораи маҳаллӣ иштирок намоянд. (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1479)

Хусусиятҳои вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбие, ки ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ интихоб шудаанд, мутобиқи, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.

  1. Дохил шудани хизматчиёни ҳарбӣ ба ҳизбҳои сиёсӣ ё ташкилотҳои ҷамъятӣ, ки мақсади сиёсӣ доранд, манъ аст, инчунин узвият ба онҳо дар давраи адои хизмати ҳарбӣ боздошта мешавад.

Моддаи 9. Ҳуқуқ ба меҳнат

 

  1. Хизматчиёни ҳарбӣ ҳуқуқи меҳнатро вобаста ба адои хизмати ҳарбӣ амалӣ мегардонанд.
  2. Тартиби баҳисобгирии мўҳлати умумии хизмати ҳарбӣ, ҳамчунин мўҳлати умумии хизмати ҳарбии имтиёзнокро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
  3. Мўҳлати қарор доштани шаҳрвандон дар хизмати ҳарбӣ бо тартиби ихтиёрӣ ба собиқаи умумии корӣ ва ба собиқаи кор аз рўи ихтисоси онҳо аз ҳисоби як рўзи хизмати ҳарбӣ баробар ба як рўзи корӣ ҳисобида мешавад, мўҳлати қарор доштани шаҳрвандон дар хизмати ҳарбӣ мувофиқи даъват (аз ҷумла афсароне, ки ба хизмати ҳарбӣ даъват мешаванд) бошад – як рўзи хизмати ҳарбӣ баробар ба ду рўзи корӣ ҳисоб карда мешавад.
  4. Мўҳлати адои хизмати ҳарбии хизматчиёни ҳарбӣ дар вазифаҳои ҳарбие, ки бо афзоиши хатар барои ҳаёту саломатӣ вобастаанд, ҳангоми муқаррар намудани нафақаи пиронсолӣ вобаста бо шароитҳои махсуси меҳнат ё нафақаи мўҳлати хизмат, мутобиқи феҳристи дахлдори тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба собиқаи махсус ҳисоб карда мешавад.
  5. Ба собиқаи умумии меҳнатии ҳамсарони хизматчиёни ҳарбии бо тартиби ихтиёрӣ хизмати ҳарбиро адокунанда, ки барои муқаррар намудани нафақа зарур аст, ҳамаи давраи истиқомат бо ҳамсар то соли 1997 новобаста ба маҳалли ҷойгиршавии қисмҳои ҳарбӣ, аз соли 1998 дар маҳалҳое, ки онҳо натавонистаанд бинобар набудани имкониятҳои бо кор таъминкунӣ мувофиқи ихтисос меҳнат кунанд ва бо тартиби муқарраршуда бекор дониста шудаанд, ҳамчунин давраҳое, ки ҳамсари хизматчиёни ҳарбӣ-шаҳрвандон маҷбур буданд мувофиқи вазъи саломатии фарзандон, вобаста бо шароити истиқомат дар маҳалли хизмати ҳарбии ҳамсарон кор карда натавонистанд, агар мувофиқи хулосаи муассисаи ҳифзи саломатӣ фарзандони онҳо ба нигоҳубини доимӣ эҳтиёҷ доштаанд, ҳисоб карда мешаванд. Давраҳои зикршуда фосилаи собиқаи меҳнатиро, ки барои гирифтани мададмаош аз рўи суғуртаи иҷтимоӣ зарур аст, катъ намекунад.
  6. Ба хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро дар маҳалҳои баландкўҳ ва маҳалҳои дорои шароити номусоиди иқлимӣ ё экологӣ, ё берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин дар вазифаҳои ҳарбие, ки бо таҳдиди хатар барои ҳаёту саломатӣ вобастаанд, адо мекунанд, тибқи қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумхурии Тоҷикистон имтиёзу кафолат ва ҷубронпулиҳои иловагӣ муқаррар карда мешаванд.

Феҳристи ин ноҳияву маҳалҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, номгўи вазифаҳои ҳарбии мазкурро Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунанд.

  1. Хизматчиёни ҳарбӣ ҳуқуқ надоранд:

- ба дигар фаъолияти музднок машғул шаванд, ба ғайр аз фаъолияти омўзгорӣ, илмӣ ва эҷодӣ, бе расонидани зарар ба иҷрои ўҳдадории асосии хизматӣ бо иҷозати роҳбарони вазорату идораҳое, ки дар онҳо тибқи қонун хизмати ҳарбӣ пешбинӣ гардидааст;

- шахсан ё тавассути шахсони боваринок ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шаванд, аз ҷумла дар идоракунии ташкилотҳои тиҷоратӣ иштирок кунанд, ҳамчунин ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар амалӣ гардонидани фаъолияти соҳибкорӣ бо истифода аз вазъи хизматии худ мусоидат намоянд;

- воситаҳои молиявию молу мулки қисми ҳарбӣ, ҳамчунин дигар молу мулки давлатиро ба ғайр аз ҳолатҳои мутобиқи қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида ба мақсадҳои новобаста ба иҷрои ўҳдадориҳои хизмати ҳарбӣ истифода баранд; (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1152)

- аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ подош (тўҳфаҳо, хизматона, қарз, хизматрасонӣ, ҳароҷоти вақтхушӣ, истироҳат, нақлиёт ва дигар подошҳо) гирад, ки бо иҷрои ўҳдадориҳои хизмати ҳарбӣ вобастаанд, ба истиснои тўҳфаҳои қимматнок (аз ҷумла хоса) ва маблағе, ки мутобиқи оинномаҳои умумиҳарбӣ ба тариқи ҳавасмандгардонӣ хизматчиёни ҳарбӣ қадр карда мешаванд;

- бе иҷозати Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (роҳбари вазорату идораҳое, ки дар онҳо тибқи қонун хизмати ҳарбӣ пешбинӣ гардидааст), мукофотҳои давлатҳои ҳориҷӣ, ташкилотҳои хориҷию байналмилалиро қабул намоянд;

- аз ҳисоби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ба ғайр аз сафари хизматӣ тибқи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шартномаҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ бо мақомоти ҳокимияти дахлдори давлатии давлатҳои хориҷӣ ё ташкилотҳои байналмилалӣ ба хориҷа ба сафари хизматӣ раванд;

- вазъи хизматиашонро ба манфиати ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла иттиҳодияҳои динӣ, ҳамчунин барои таблиғоти ақидаҳои онҳо истифода намоянд.

  1. Ҷалби хизматчиёни ҳарбӣ ба иҷрои корҳое, ки ба иҷрои ўҳдадориҳои хизмати ҳарбӣ вобаста нестанд, танҳо дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода мешавад. Дар ин сурат меъёрҳои ҳуқуқие, ки барои дигар шаҳрвандони баҷооварандаи ин корҳо пешбинӣ шудаанд, ба хизматчиёни ҳарбӣ дахл мекунанд.
  2. Занон – хизматчиёни ҳарбӣ ва хизматчиёни ҳарбие, ки фарзандони бе падар (модарро) тарбия мекунанд, тибқи қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи оила, модарон ва кўдакон аз имтиёзу кафолат ва ҷубронпулиҳо истифода менамоянд.

Моддаи 10. Вақти хизматӣ ва ҳуқуқ барои истироҳат

 

  1. Давомнокии умумии ҳафтаи хизмати хизматчиёни ҳарбие, ки бо тартиби ихтиёрӣ хизмати ҳарбиро адо мекунанд, ба истиснои ҳолатҳои дар қисми сеюми моддаи мазкур баёнгардида, набояд аз мўҳлати маъмулии ҳафтаи вақти корӣ, ки қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд, зиёд бошад. Ҷалби хизматчиёни ҳарбии номбурда ба иҷрои ўҳдадориҳои хизмати ҳарбии зиёда аз мўҳлати муқарраршудаи ҳафтаи хизматӣ дар дигар ҳолатҳо бо мўҳлати дахлдори истироҳат дар дигар рўзҳои ҳафта ҷуброн карда мешавад. Дар сурати ғайриимкон будани ҷуброни номбурда, мўҳлати иҷрои ўҳдадории хизмати ҳарбии изофавии бо мўҳлати хизмати ҳафтаина муқарраршуда ҷамъбаст карда шуда, ба хизматчиёни ҳарбӣ дар шакли истироҳати иловагии шабонарўзӣ дода мешавад, ки ин рўзҳоро бо хоҳиши хизматчиёни ҳарбии зикршуда ба рухсатии асосиашон ҳамроҳ кардан мумкин аст. Тартиби баҳисобгирии вақти хизматӣ ва додани рўзҳои истироҳати иловагиро Низомномаи тартиби адои хизмати ҳарбӣ муайян менамояд.
  2. Давомнокии вақти хизматии хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати харбиро мувофиқи даъват адо мекунанд, тибқи талаботи оинномаҳои умумиҳарбӣ бо тартиби реҷаи рўзи қисми ҳарбӣ муайян карда мешавад. Аз ин рў, ба хизматчиёни ҳарбии номбурда, ба ғайр аз ҳолатҳои муайяннамудаи оинномаҳои умумиҳарбӣ ҳамарўза на камтар аз ҳашт соат барои хоб ва ду соат барои эҳтиёҷоти шахсӣ дода мешавад.
  3. Навбатдории ҷангӣ (хизмати ҷангӣ), машқ ва дигар чорабиниҳое, ки номгўи онҳоро Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (роҳбарони вазорату идораҳое, ки тибқи қонун дар онҳо хизмати ҳарбӣ пешбинӣ гардидааст) муайян менамояд, ҳангоми зарурат бе маҳдуд намудани мўҳлати умумии ҳафтаи хизматӣ гузаронида мешаванд. Тартиб ва шартҳои додани истироҳат ба хизматчиёни ҳарбӣ, ки иштироки онҳоро дар чунин чорабиниҳо ҷуброн мекунад, бо Низомномаи тартиби адои хизмати ҳарбӣ муайян карда мешавад.
  4. Ба хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро мувофиқи даъват адо мекунанд, на камтар аз як шабонарўз дар як ҳафта истироҳат дода мешавад. Ба дигар хизматчиёни ҳарбӣ на камтар аз як шабонарўз дар як ҳафта, вале на камтар аз 4 шабонарўз дар як моҳ истироҳат дода мешавад.

Рўзҳои истироҳат ба хизматчиёни ҳарбӣ дар рўзҳои  истироҳат ва ид дода мешавад, ҳангоми ҷалби онҳо ба иҷрои ўҳдадориҳои хизмати ҳарбӣ дар ин рўзҳо бошад, дар рўзҳои дигари хафта ба онҳо истироҳат дода мешавад.

  1. Ба афсарон, прапоршикҳо ва дар мавридҳои пешбининамудаи штат ба сержанту старшинаҳо ва хизматчиёни ҳарбӣ – занон ҳамасола рухсатии асосӣ дода мешавад.

Давомнокии рухсатии асосӣ чунин муқаррар карда мешавад:

- ба хизматчиёни ҳарбие, ки давомнокии умумии хизмати имтиёзноки ҳарбиашон камтар аз 10 солро ташкил мекунад – 30 шабонарўз;

- ба хизматчиёни ҳарбие, ки давомнокии умумии хизмати имтиёзноки ҳарбиашон аз 10 то 15 солро ташкил мекунад – 35 шабонарўз;

- ба хизматчиёни ҳарбие, ки давомнокии умумии хизмати имтиёзноки ҳарбиашон аз 15 то 20 солро ташкил мекунад – 40 шабонарўз;

- ба хизматчиёни ҳарбие, ки давомнокии умумии хизмати имтиёзноки ҳарбиашон 20 сол ва зиёда аз инро ташкил мекунад – 45 шабонарўз.

  1. Ба хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро дар маҳалҳои баландкўҳ, маҳалҳои дорои шароити номусоиди иқлимию экологӣ, ҳамчунин дар вазифаҳои ҳарбие, ки иҷрои ўҳдадориҳои хизмати ҳарбии онҳо бо афзоиши хатар барои ҳаёт ва саломатӣ вобаста аст, адо менамоянд, давомнокии рухсатии асосӣ ба мўҳлати 10 шабонарўз зиёд карда мешавад.
  2. Тибқи хоҳиши хизматчиёни ҳарбие, ки бо тартиби ихтиёрӣ хизмати ҳарбиро адо менамоянд, мумкин аст рухсатии асосӣ ба онҳо қисм ба қисм дода шавад. Ба хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро мувофиқи даъват адо менамоянд ва дар ақди никоҳи ба қайди давлатӣ гирифташуда қарор доранд, рухсатии асосӣ тибқи тартиби муқарраргардида қисм ба қисм, вале на камтар аз як маротиба дар шаш моҳ дода мешавад. (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1479)
  3. Ба хизматчиёни ҳарбӣ – иштирокчиёни амалиётҳои ҷангӣ доир ба ҳифзи сохти конститутсионӣ, иштирокчиёни амалиётҳои ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо тибқи ўҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон давомнокии рухсатии асосӣ ба мўҳлати 5 шабонарўз зиёд карда мешавад. (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1479)
  4. Ба хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро мувофиқи даъват адо менамоянд, як рухсатии асосӣ ба мўҳлати зайл дода мешавад:

- дар вазифаҳои ҳарбие, ки барои онҳо аз рўи штат рутбаи ҳарбии аскари қаторӣ пешбинӣ шудааст - 20 шабонарўз;

- дар вазифаҳои ҳарбие, ки барои онҳо аз рўи штат рутбаи ҳарбии сержант ва старшина пешбинӣ шудааст – 30 шабонарўз.

Давомнокии рухсатии асосии хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро мувофиқи даъват адо менамоянд, мумкин аст дар шакли ҳавасмандкунӣ ё ҷазо ба мўҳлати то 5 шабонарўз бо тартиби муайяннамудаи оинномаҳои умумиҳарбӣ зиёд ё кам карда шавад.

  1. Ба хизматчиёни ҳарбие, ки муассисаи таълимии ҳарбии таҳсилоти касбиро хатм намудаанд, рухсатии асосӣ пас аз хатми муассисаи таълимии номбурда ба мўҳлати 30 шабонарўз дода мешавад.
  2. Давомнокии рухсатии асосии хизматчиёни ҳарбӣ ба миқдори шабонарўзҳое, ки барои ҳамлу нақл ба маҳалли истифодабарии рухсатӣ ва бозгашт заруранд, вале на камтар аз як шабонарўз барои як тараф зиёд карда мешавад. Агар рухсатии асосии хизматчиёни ҳарбӣ қисм ба қисм дода шуда бошад, вақти зарурӣ барои ҳамлу нақл ба маҳалли истифодабарии рухсатӣ ва бозгашт як маротиба дода мешавад.
  3. Ба хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро бо тартиби ихтиёрӣ адо мекунанд, барои омодагӣ ва супоридани имтиҳонҳои дохилшавӣ дар адъюнктура ва докторантураи ҳарбӣ, ҳамчунин барои омодагӣ ва супоридани имтиҳонҳои дохилшавӣ ба муассисаи таълимии таҳсилоти касбӣ ва имтиҳонҳо дар давраи таҳсил дар онҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон рухсатии таълимӣ дода мешавад.
  4. Ба хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро бо тартиби ихтиёрӣ адо мекунанд, ҳамчунин ба курсантҳои муассисаҳои таълимии ҳарбии таҳсилоти касбӣ дар давраи таҳсил дар муассисаҳои таълимии номбурда дар давраи танаффуси машғулиятҳои таълимӣ ба мўҳлати муайяннамудаи Қонуни мазкур ва Низомномаи тартиби адои хизмати ҳарбӣ рухсатии таътилӣ дода мешавад.
  5. Ба хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро бо тартиби ихтиёрӣ адо карда, барои гирифтани унвони номзад ё доктори илм кўшиш доранд, рухсатии эҷодӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.
  6. Ба хизматчиёни ҳарбӣ дар асоси хулосаи комиссияи тиббии ҳарбӣ рухсатии беморӣ дода мешавад.
  7. Рухсатӣ бо сабабҳои шахсӣ ба хизматчиёни ҳарбӣ ба мўҳлати то 10 шабонарўз, агар рухсатии асосиро онҳо истифода бурда бошанд, дар ҳолатҳои зерин дода мешавад:

- ҳолати вазнини саломатӣ ва вафоти (ҳалоки) хеши наздики хизматчии ҳарбӣ (ҳамсар, падар, модар, падару модари ҳамсар, писар, духтар, бародар, (хоҳар) ё шахсе, ки хизматчии ҳарбӣ дар тарбия ё таъминоти ў мебошад;

- сўхтор ё дигар офати табиие, ки ба сари оила ё хеши наздики хизматчии ҳарбӣ омадааст;

- дар дигар ҳолатҳои истисноие, ки будани хизматчии ҳарбӣ бо оила зарур бошад, - мувофиқи қарори командири қисми ҳарбӣ.

Давомнокии рухсатии бо сабабҳои шахсӣ ва дигар сабабҳои узрнок ба хизматчии ҳарбӣ додашуда ба миқдори шабонарўзҳои барои ҳамлу нақл бо нақлиёти заминӣ (ҳавоӣ) ба маҳалли истифодабарии рухсатӣ ва бозгашт зарурбуда зиёд карда мешавад.

  1. Ба хизматчиёни ҳарбие, ки мўҳлати умумии хизмати ҳарбиашон бо ҳисоби тақвимӣ 20 сол ва аз ин зиёдаро ташкил мекунад, дар яке аз се соли то расидан ба синни ниҳоии хизмати ҳарбӣ ё дар соли рухсат шудан аз хизмати ҳарбӣ ба сабаби саломатӣ ва ё бинобар чорабиниҳои ташкилии штатӣ, ба ғайр аз рухсатии асосӣ, мувофиқи хоҳиши онҳо ба мўҳлати 30 шабонарўз рухсатии бо сабабҳои шахсӣ дода мешавад. Рухсатии номбурда барои ҳамаи давраи хизмати ҳарбӣ як маротиба дода мешавад.
  2. Ба ҳамсарони хизматчиёни ҳарбӣ рухсатӣ мувофиқи хоҳиши онҳо дар як вақт бо рухсатии хизматчиёни ҳарбӣ дода мешавад. Дар ин сурат мўҳлати рухсатии хамсарони хизматчиёни ҳарбӣ мумкин аст мувофиқи хоҳиши онҳо ба мўҳлати рухсатии хизматчиёни ҳарбӣ баробар бошад. Барои қисми рухсатии ҳамсарони хизматчиёни ҳарбӣ, ки аз мўҳлати рухсатии ҳамасолаи ҷои кори асосии онҳо зиёд аст, маош дода намешавад.
  3. Ба хизматчиёни ҳарбӣ-занон рухсатӣ барои ҳомиладорӣ, ҳамчунин рухсатӣ барои парастории кўдак тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад. Дар айни ҳол нисбати онҳо имтиёзу кафолат ва ҷубронпулиҳои иловагии муқаррарнамудаи қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегарданд.

Моддаи 11. Таъминоти пулӣ

 

  1. Таъминоти пулии хизматчиёни ҳарбӣ аз маоши мувофиқи вазифаи ишғолкарда (минбаъд-маош аз рўи вазифаи ҳарбӣ) ва маоши мувофиқи рутбаи ҳарбии додашуда (минбаъд – маош аз рўи рутбаи ҳарбӣ), ки маоши (таъминоти пулии) хизматчиёни ҳарбӣ (минбаъд - маоши таъминоти пулӣ), иловапулиҳо барои собиқаи хизматӣ ташкил мекунанд, иборат мебошад.
  2. Андоза ва тартиби пардохти таъминоти пулии хизматчиени ҳарбӣаз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

 

Рутбаи ҳарбӣ

Иловапулӣ баробари карати музди ақалли меҳнат

Генерали артиш

6,0

Генерал-полковник

5,5

Генерал-лейтенант

5,0

Генерал-майор

4,5

Полковник

4,0

Подполковник

3,5

Майор

3,0

Капитан

2,5

Лейтенанти калон

2,0

Лейтенант

1,5

Лейтенанти хурд

1,0

Прапоршики калон

0,8

Прапоршик

0,5

 

  1. Хусусияти таъминоти пулии гурўҳи алоҳидаи хизматчиёни ҳарбӣ бо қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
  2. Ба хизматчиёни ҳарбие, ки дар муассисаҳои таълимии ҳарбии таҳсилоти касбии берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил мекунанд, маош (таъминоти пулӣ) тибқи меъёрҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.
  3. Тартиби пардохти маоши (таъминоти пулии) хизматчиёни ҳарбӣ аз тарафи Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (роҳбарони вазорату идораҳое, ки дар онҳо тибқи қонун хизмати ҳарбӣ пешбинӣ гардидааст), муайян карда мешавад.

Моддаи 12.  Пардохтҳои иловагӣ

 

  1. Ба хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро мувофиқи даъват адо мекунанд ва курсантҳои муассисаҳои таълимии ҳарбии таҳсилоти касбӣ ҳангоми рафтан ба рухсатии асосӣ, ҳамчунин ба рухсатии беморӣ (дар асоси хулосаи комиссияи тиббии ҳарбӣ) ба андозаи на камтар аз як маош (таъминоти пулӣ) пардохта мешавад.
  2. Ҳангоми рафтани хизматчиёни ҳарбие, ки бо тартиби ихтиёрӣ хизмати ҳарбиро адо мекунанд, ба маҳалли нави хизмати ҳарбии дигар маҳалли аҳолинишин, аз ҷумла ба ҳудуд ё аз ҳудудидавлати хориҷӣ, вобаста ба таъин шудан ба вазифаи ҳарбӣ, дохил шудан ба муассисаи таълимии ҳарбии таҳсилоти касбӣ, ки мўҳлати таҳсилаш зиёда аз як солро ташкил мекунад ё ки вобаста бо тағйири ҷои қисми ҳарбӣ ба онҳо чунин намуди иловапулиҳо пардохта мешаванд: (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1479)

- мададмаош ба андозаи як маош (таъминоти пулӣ) ба хизматчии ҳарбӣ, ва нисфи маош (таъминоти пулӣ) ба ҳар як аъзои оилаи хизматчии ҳарбие, ки ба маҳалли нави хизмати ҳарбии хизматчии ҳарбӣ ё ба маҳалли аҳолинишини ба ҷои номбурда наздик ё ки (аз набудани хонаи истиқоматӣ) ба дигар маҳалҳои аҳолинишин мераванд. Мададмаоши номбурда ба хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро дар маҳалҳои баландкўҳ ва маҳалҳои дорои шароити номусоиди иқлимию экологӣ адо мекунанду ба таъминоти пулии онҳо коэффисиенти минтақавӣ (барои адои хизмати ҳарбӣ дар минтақаҳои баландкўҳ) муқаррар гардидааст, бо назардошти ин коэффисиент пардохта мешавад; (ҚҶТ аз 1.08.12с., №885)

- ба андозаи меъёри устувори маоше (пули харҷи рўзмаррае), ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони ба сафари хизматӣ раванда барои ҳар рўзи дар роҳ  будани хизматчии ҳарбӣ ва ҳар як аъзои оилаи хизматчии ҳарбие, ки бо ў ҳамроҳ меравад, муқаррар карда шудааст.

  1. Хизматчиёни ҳарбие, ки  хизмати  ҳарбиро  бо  тартиби  ихтиёрӣ  адо  мекунанд,  ғайр  аз  курсантҳои  муассисаҳои  таълимии  ҳарбии  таҳсилоти   касбӣ,   ҳуқуқи   гирифтани   қарзҳои   бефоизро   ба   андозаи   то   12   маош (таъминоти  пулӣ)   ба   мўҳлати   то  се  сол    барои харидани асбобу анҷоми ниёзи аввалин аз ҳисоби маблағи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (вазорату идораҳое, ки тибқи қонун дар онҳо хизмати ҳарбӣ пешбинӣ гардидааст) дар яке аз  ҳолатҳои зерин доранд:

- дар давоми се моҳи баъди таъин шудан ба вазифаи ҳарбӣ пас аз хатми муассисаи таълимии ҳарбии таҳсилоти касбӣ ва вобаста ба ин гирифтани рутбаи ҳарбии афсарӣ;

- дар давоми се моҳи баъди ба вазифаи ҳарбӣ таъин шудани хизматчиёни ҳарбӣ ё шаҳрвандоне, ки хизмати ҳарбиро бо тартиби ихтиёрӣ адо мекунанду хоҳиши адои хизмати ҳарбиро ба мўҳлати 5 сол ва аз ин зиёда изҳор менамоянд;

- дар давоми се моҳи баъди  бастани ақди никоҳи аввалин.

Ҳангоми аз рўи якчанд асосҳо ба гирифтани қарзи номбурда ҳуқуқ пайдо кардани хизматчии ҳарбӣ ба вай қарз танҳо аз рўи як асос ва як маротиба дар давраи адои хизмати ҳарбӣ дода мешавад.

  1. Ба афсароне, ки ба хизмати ҳарбӣ даъват шудаанд, пардохтпулиҳои муқаррарнамудаи моддаи мазкур дода намешаванд.
  2. Ба хизматчиёни ҳарбие, ки ба сафари хизматӣ фиристода мешаванд, хароҷоти сафари хизматӣ бо тартиб ва андозаи муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта мешавад.
  3. Ба ғайр аз пардохтҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизматчиёни ҳарбӣ иловапулӣ ва дигар навъи пардохтҳо метавонад муқаррар карда шавад. Иловапулӣ ва пардохтҳои номбурда вобаста ба мураккабӣ, меъёр ва аҳамияти иҷрои вазифа аз тарафи хизматчиёни ҳарбӣ мутаносибан муқаррар карда мешаванд.
  4. Ба ғайр аз пардохтҳои иловагие, ки дар моддаи мазкур пешбинӣ шудаанд, дигар пардохтҳои иловагие, ки қаблан тибқи дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шуда буданд, нигоҳ дошта мешаванд.

Моддаи 13. Таъминоти озуқа ва молу мулки шайъӣ, хизматрасонии маишию савдоии хизматчиёни ҳарбӣ

(ҚҶТ аз 27.11.14с., №1152)

 

  1. Таъминоти озуқаи хизматчиёни ҳарбӣ мувофиқи меъёрҳо ва дар мўҳлати муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартибе, ки, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (вазорату идораҳое, ки тибқи қонун дар онҳо хизмати ҳарбӣ пешбинӣ гардидааст) муайян кардааст, дар яке аз шаклҳои зерин амалӣ карда мешавад:

- ташкили хўрок дар маҳалли адои хизмати ҳарбӣ – барои хизматчиёни ҳарбие, ки  мувофиқи даъват хизмати ҳарбиро адо мекунанд ва категорияи хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро бо тартиби ихтиёрӣ адо мекунанду номгўи онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад;

- додани озуқаи муқарраршуда;

- пардохти ҷубронпулӣ бар ивази озуқаи (хўроки) муқарраршуда ба андозаи  муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои соли молиявии дахлдор  ба хизматчиёни  ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро бо тартиби ихтиёрӣ адо мекунанд, ҳамчунин ба хизматчиёни ҳарбие, ки ба хизмати ҳарбӣ ба вазифаи афсарӣ ва прапоршикӣ даъват шудаанд ва ба курсантҳо бошад, танҳо дар вақти истифодабарии рухсатӣ;

- додани пули озуқаи сафарӣ ба хизматчиёни ҳарбие, ки мувофиқи даъват хизмати ҳарбиро адо мекунанд ва ба курсантҳо ҳангоми дар роҳи сафар будан, ҳамчунин ҳангоми қарор доштан дар нуқтаҳои сафари хизматӣ, агар  дар ин нуқтаҳо хўроки хизматчиёни ҳарбӣ ташкил нашуда бошад.

  1. Хизматчиёни ҳарбӣ бо молу мулки шайъӣ вобаста ба шароити адои хизмати ҳарбӣ мувофиқи меъёрҳо ва мўҳлати муқаррарнамудаи Низомномаи таъминоти молу мулки шайъии хизматчиёни ҳарбӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, таъмин карда мешаванд. (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1152)
  2. Хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро бо тартиби ихтиёрӣ адо мекунанд, ба гирифтани ҷубронпулӣ бар ивази молу мулки шайъии муқарраршуда ба андозаи нархи сару либоси номбурда ҳуқуқ доранд. Тартиби пардохти ҷубронпулии номбурдаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунанд. (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1152)
  3. Хизматчиёни ҳарбӣ мувофиқи меъёрҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷкистон бо тартиби муайяннамудаи оинномаҳои умумиҳарбӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамом таъмин мешаванд ва сарулибосашон шуста мешавад.
  4. Хизматрасонии маишию савдоии хизматчиёни ҳарбӣ ва аъзои оилаи онҳо бо қонун, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мегардад.
  5. Хизматчиёни ҳарбӣ ва аъзои оилаи онҳо ҳуқуқи харидории маҳсулоти саноатӣ ва хўроквориро мувофиқи нархҳои имтиёзнок бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи шабакаи савдои ҳарбӣ доранд.

Ҳуқуқи пешбининамудаи моддаи мазкур ҳамчунин ба шаҳрвандони аз хизмати ҳарбӣ рухсатшуда ва аъзои оилаи онҳо дахл дорад.

  1. Таъминоти озуқаю молу мулки шайъии хизматчиёни ҳарбие, ки дар муассисаҳои таълимии ҳарбии таҳсилоти касбии берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил мекунанд, мувофиқи меъёрҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад. (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1152)

Моддаи 14. Ҳуқуқ ба манзил

 

  1. Давлат бо манзил таъмин намудани хизматчиёни ҳарбиро кафолат медиҳад.

Ба хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро бо тартиби ихтиёрӣ адо мекунанд ва аъзои оилаи бо онҳо ҳамроҳ зиндагикунанда на дертар аз се моҳи баъди ба маҳалли нави адои хизмати ҳарбӣ омадан мувофиқи меъёрҳо ва бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории манзилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти ҳуқуқ ба масоҳати иловагии манзил аз ҳисоби давлат ё захираи манзилии коммуналӣ хонаи истиқоматии хизматӣ дода мешавад.

Дар ҳамаи мўҳлати адои хизмати ҳарбӣ инҳо бо манзили истиқоматии хизматӣ таъмин карда мешаванд:

- хизматчиёни ҳарбие, ки ба вазифаи ҳарбӣ пас аз хатми муассисаи таълимии ҳарбии таҳсилоти касбӣ таъин шудаанду вобаста ба ин рутбаи ҳарбии афсарӣ (аз соли 1993 сар карда) гирифтаанд ва аъзои оилаи бо онҳо ҳамроҳ зиндагикунанда;

- афсароне, ки ба хизмати ҳарбӣ даъват шудаанд, ҳамчунин афсарону прапоршикҳои пас аз 1 январи соли 1993 ба хизмати ҳарбӣ омада ва аъзои оилаи бо онҳо ҳамроҳ истиқоматкунанда;

- аскарону сержантҳои ҷинси зан, ки пас аз 1 январи соли 1993 ба хизмати ҳарбӣ омадаанд ва аъзои оилаи бо онҳо ҳамроҳ истиқоматкунанда.

Манзили истиқоматии хизматӣ дар ҳамаи давраи хизмати ҳарбӣ ба хизматчиёни ҳарбӣ-шаҳрвандони хизмати ҳарбиро адокунанда, аъзои оилаи онҳо, ки ҳамроҳ бо онҳо зиндагӣ мекунанд, дар шаҳрчаҳои ҳарбии пўшида дода мешавад.

Ба шаҳрчаҳои ҳарбии пўшида шаҳрчаҳои ҳарбии қисмҳои ҳарбии дар маҳалҳои аҳолинишин ҷойгиршуда, ки дорои тартиби рухсатномавӣ мебошанд, ҳамчунин шаҳрчаҳои ҳарбии алоҳидаи махсуси қисмҳои ҳарбӣ, ки берун аз маҳалҳои аҳолинишин ҷойгир шудаанд, тааллуқ доранд. Феҳристи шаҳрчаҳои ҳарбии пўшида бо пешниҳоди Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (вазорату идораҳое, ки тибқи қонун дар онҳо хизмати ҳарбӣ пешбинӣ гардидааст) аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.

Ба хизматчиёни ҳарбӣ-шаҳрвандоне, ки дар ҳамаи давраи адои хизмати ҳарбӣ бо манзили истиқоматии хизматӣ таъмин мешаванд, бо расидан ба мўҳлати умумии собиқаи хизмати ҳарбии 20- сола ва зиёда аз он ва ҳангоми рухсат шудан аз хизмати ҳарбӣ бо расидан ба синни ниҳоии дар хизмати ҳарбӣ будан, бинобар вазъи саломатӣ ё вобаста бо чорабиниҳои ташкилию штатӣ дар сурати доштани собиқаи хизмати ҳарбии 10- сола ва зиёда аз он манзили истиқоматӣ аз маҳали зисти доимии интихобшуда бо тартиби муайяннамудаи қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ройгон дода мешавад, ба истиснои хонаҳои истиқоматии хизматии дар шаҳрчаҳои пўшида буда.

Хизматчиёни  ҳарбие, ки бо манзили истиқоматии хизматӣ таъмин карда мешаванд, бо Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (вазорату идораҳое, ки тибқи қонун дар онҳо хизмати ҳарбӣ пешбинӣ шудааст) қарордоди манзилӣ мебанданд. Дар қарордоди номбурда тартиби додани хонаи истиқоматии хизматӣ, нигоҳдорӣ  ва холӣ кардани он муайян карда мешавад. Шарту тартиби бастани қарордоди манзилӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро бо тартиби ихтиёрӣ адо мекунанд, дар давраи адои хизмати ҳарбӣ ба беҳтар намудани шароити манзилӣ бо назардошти меъёрҳо, навбат ва имтиёзҳои муқаррарнамудаи қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд.

Ба хизматчиёни ҳарбӣ барои харидан ё сохтмони манзил, инчунин беҳтар намудани шароити манзилӣ ба мўҳлати 20 сол қарзи бефоиз дода мешавад, ки шартҳо ва тартиби додани чунин қарзро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

  1. Хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро бо тартиби ихтиёрӣ адо мекунанд ва аъзои оилаи онҳо, ки ба маҳалли нави адои хизмати ҳарбии хизматчиёни ҳарбӣ омадаанд, то гирифтани хонаи истиқоматӣ мувофиқи меъёрҳои муқаррарнамудаи қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳалли истиқомат, аз ҷумла мувофиқи хоҳиши онҳо аз рўи нишонии қисмҳои ҳарбӣ ба қайд гирифта мешаванд. Ба хизматчиёни ҳарбии номбурда ва аъзои оилаи онҳо то гирифтани манзили истиқоматӣ манзили истиқоматӣ ё хобгоҳ, ки барои муваққатан истиқомат намудан қобили истифода бошанд, дода мешавад.

Дар ҳолати набудани чунин манзили истиқоматӣ қисмҳои ҳарбӣ барои таъмин намудани хизматчиёни ҳарбӣ ва аъзои оилаи бо онҳо ҳамроҳ истиқоматкунанда бинои истиқоматиро ба иҷора мегиранд ё тибқи хоҳиши хизматчиёни ҳарбӣ ба онҳо ҷубронпулии ҳармоҳа барои иҷораи хонаи истиқоматӣ бо тартиб ва андозаи муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ( вазорату идораҳое, ки дар онҳо тибқи қонун хизмати ҳарбӣ пешбинӣ гардидааст) пардохт менамоянд.

  1. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳо ба қисмҳои ҳарбӣ барои ба иҷора додани хонаҳои истиқоматии қобили зисти муваққатии хизматчиёни ҳарбӣ ва аъзои оилаи онҳо кўмак менамоянд.
  2. Хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро бо тартиби ихтиёрӣ адо мекунанду соҳиби хонаи истиқоматии алоҳидаи шахсӣ ё аъзои ширкатҳои сохтмони манзилӣ мебошанд, ҳамчунин хизматчиёни ҳарбие, ки барои онҳо мутобиқи қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон хонаи истиқоматӣ нигоҳ дошта мешавад, ҳангоми гузаштан ба маҳалли нави хизмат ба онҳо ва аъзои оилаи бо онҳо якҷоя зиндагикунанда дар давраи адои хизмати ҳарбӣ дар маҳалли номбурда бинои истиқоматии хизматӣ ё хобгоҳ дода мешавад.
  3. Дар ҳолати аз ҷониби хизматчиёни ҳарбӣ ва аъзои оилаи бо онҳо истиқоматкунанда холӣ кардани хонаҳои истиқоматӣ, ғайр аз хонаҳои шахсӣ, хонаҳои номбурда ба дигар хизматчиёни ҳарбӣ ва аъзои оилаи онҳо дода мешаванд.
  4. Барои бо манзил таъмин намудани хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро бо тарттиби ихтиёрӣ адо мекунанд ва барои зисти доимӣ хонаи истиқоматӣ надоранд ё ба беҳтаргардонии шароити манзил эҳтиёҷ доранд, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (вазорату идораҳои, ки дар онҳо мувофиқи қонун хизмати ҳарбӣ пешбинӣ гардидааст) метавонанд дар доираи меъёрҳои муқаррарнамудаи Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо назардошти маблағи дар соли дахлдор дар сметаи хароҷот пешбинигардида манзили истиқоматӣ харидорӣ намоянд.
  5. Афсарони дорои рутбаи ҳарбии полковник, баробар ва баланд аз он, ки хизмати ҳарбиро ихтиёрӣ адо менамоянд, ё ки аз хизмати ҳарбӣ бо расидан ба синни ниҳоии дар хизмати ҳарбӣ будан, бинобар вазъи саломатӣ ё вобаста ба чорабиниҳои ташкилию штатӣ рухсат шудаанд, ҳамчунин командирони қисмҳои ҳарбӣ, хизматчиёне, ки дорои унвонҳои фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, хизматчиёни ҳарбӣ-омўзгорони муассисаҳои таълимии ҳарбии таҳсилоти касбӣ, кафедраҳои ҳарбии назди муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти олии касбӣ, хизматчиёни ҳарбӣ – кормандони илмии дорои дараҷаю унвонҳои илмӣ ба васеъ намудани сатҳи умумии иловагии манзил ба андозаи на камтар аз 18 метри квадратӣ ҳуқуқ доранд.
  6. Хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро бо тартиби ихтиёрӣ адо мекунанд ва аъзои оилаи бо онҳо истиқоматкунанда, ҳамчунин шаҳрвандони аз хизмати ҳарбӣ бо расидан ба синни ниҳоии дар хизмати ҳарбӣ будан, бинобар вазъи саломатӣ ё вобаста ба чорабиниҳои ташкилию штатӣ рухсатшуда, ки мўҳлати умумии хизмати харбиашон 20 сол ва зиёдаро ташкил мекунад, ба андозаи 50 фоиз пардохт менамоянд:

- барои майдони умумии манзили ишғолкардаи онҳо дар хонаҳои давлатӣ ё манзилҳои коммуналӣ;

- барои хизмати коммуналӣ (таъминоти об, баровардани партовҳои маишӣ, нерўи гармдиҳӣ ва ғайра) новобаста ба навъи фонди манзилӣ, ба ғайр аз пардохти музди барқ ва газ.

Дар хонаҳое, ки дорои гармидиҳии мутамарказ нестанд, шахсони номбурда ба андозаи 50  фоиз маблағи пардохти сўзишвориеро, ки аз тарафи мақомоти масъули давлатӣ харидорӣ мешавад, дар доираи меъёрҳое, ки барои фурўш ва расонидани он ба аҳолӣ муқаррар шудааст, мепардозанд.

  1. Ба хизматчёни ҳарбӣ, ҳамчунин шаҳрвандоне, ки дар моддаи мазкур зикр шудаанд, имтиёзҳо доир ба пардохти 50 фоизи маблағи гузаронидани телефонҳои хонагӣ ва пардохти музди истифодабарии онҳо дода мешавад. Хароҷоте, ки бо додани чунин имтиёзҳо вобаста аст, аз ҳисоби маблағи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (вазорату идораҳое, ки дар онҳо тибқи қонун хизмати ҳарбӣ пешбинӣ гардидааст) пардохт мешавад.
  2. Хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро мувофиқи даъват адо мекунанд, тибқи талаботи оинномаҳои умумиҳарбӣ ҷойгир мешаванд.
  3. Ба хизматчиёни ҳарбӣ ва шаҳрвандоне, ки хизмати ҳарбиро бо тартиби ихтиёрӣ адо мекунанд, аз хизмати ҳарбӣ бо расидан ба синни ниҳоии дар хизмати ҳарбӣ будан, бинобар вазъи саломатӣ ё вобаста ба чорабиниҳои ташкилию штатӣ рухсат шудаанду мўҳлати умумии собиқаи хизмати онҳо 10 ва зиёда соли тақвимиро ташкил мекунад, ҳамчунин ба хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҳалҳои баландкўҳ, ҳамчунин маҳалҳои дорои шароити номусоиди иқлимию экологӣ адо мекунанд, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ўҳдадоранд ба онҳо дар навбати аввал ҳуқуқи аъзои ширкатҳои сохтмони манзилӣ шуданро диҳанд ё барои сохтмони хонаҳои истиқоматии алоҳида қитъаҳои замин ҷудо намоянд. (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1479)
  4. Хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро бо тартиби ихтиёрӣ адо мекунанд, дар мўҳлати на зиёда аз се сол то рухсатшавӣ аз хизмати ҳарбӣ бо расидан ба синни ниҳоии дар хизмати ҳарбӣ будан ё дар давоми як соли аз хизмати ҳарбӣ бинобар вазъи саломатӣ рухсат шудан, вобаста ба чорабиниҳои ташкилию штатӣ бо дархости командирони қисмҳои ҳарбӣ аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии маҳалли зисти доимии интихобнамуда ба рўйхати шаҳрвандоне, ки аз хизмати ҳарбӣ рухсат шуда, ба гирифтани хонаҳои истиқоматӣ эҳтиёҷ доранд ё ба рўйхати аъзоёни ширкатҳои сохтмони манзилӣ дохил карда мешаванд. Дар бораи қабул гардидани қарор раиси шаҳр ва ноҳия ба командирони дахлдори қисмҳои ҳарбӣ дар мўҳлати се моҳ хаттӣ хабар медиҳанд. Маълумот дар бораи ба қайд гузоштан дар парвандаи шахсии хизматчиёни ҳарбӣ сабт мегардад.
  5. Хизматчиёни ҳарбие, ки собиқаи умумии хизмати ҳарбии 10-сола ва зиёда доранд, ҳангоми рухсат шудан аз хизмати ҳарбӣ бо расидан ба синни ниҳоии дар хизмати ҳарбӣ будан, бинобар вазъи саломатӣ ё чорабиниҳои ташкилию штатӣ ва аъзои оилаи онҳо ҳангоми иваз намудани маҳалли зист на дертар аз се моҳ аз рўзи расидан ба маҳалли зисти интихобшуда аз ҷониби ҳукуматҳои шаҳрию ноҳиявӣ мувофиқи меъёрҳои муқарраршуда бо манзили хизматӣ таъмин мегарданд. Ҳуҷҷатҳо дар бораи  супоридани  манзил ба Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  (вазорату  идораҳое,  ки  дар  онҳо  тибқи  қонун  хизмати  харбӣ пешбинӣ гардидааст) ва баровардан аз қайди маҳалли зисти пешина ба шаҳрвандони номбурда ва аъзои оилаи бо онҳо якҷоя истиқоматкунанда ҳангоми гирифтани манзили истиқоматӣ аз маҳалли зисти интихобшуда дода мешаванд.

Ҳангоми дар мўҳлати се моҳ мувофиқи меъёрҳои муқарраршуда аз ҷониби раисони шаҳру ноҳияҳо дода натавонистани манзили хизматӣ бошад, онҳо то додани манзил доир ба ҷойгиркунонидани шаҳрвандони аз хизмати ҳарбӣ рухсатшуда ва аъзои оилаи онҳо дар дигар хонаҳои истиқоматӣ чораҳо меандешанд.

  1. Тартиби бо манзил таъмин намудани хизматчиёни ҳарбие, ки дар шаҳрчаҳои ҳарбии пўшида истиқомат мекунанд, ҳангоми рухсат шудани онҳо аз хизмати ҳарбӣ бо қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
  2. Тартиби додани имтиёзҳо ва ҷуброни хароҷоте, ки бо додани имтиёзҳои дар моддаи мазкур зикршуда вобастаанд, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Моддаи  15. Ҳуқуқ  ба  ҳифзи  саломатӣ ва  ёрии  тиббӣ

 

1.Ҳифзи саломатии хизматчиёни ҳарбӣ бо ташкил намудани шароити мусоиди хизмати ҳарбӣ, маишӣ ва низоми чораҳо доир ба маҳдудсозии омилҳои хатарноки хизмати ҳарбӣ, ки аз ҷониби командирон дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ гузаронида мешаванд, таъмин карда мешавад.

Ғамхорӣ оид ба нигоҳдорӣ ва солимии хизматчиёни ҳарбӣ вазифаи командирон мебошад. Ба зиммаи онҳо таъмини талаботи бехатарӣ ҳангоми гузаронидани машқҳо, дигар чорабиниҳои омодагии ҷангӣ, ҳангоми истифодабарии аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, ҳангоми корҳои истеҳсолӣ, иҷрои дигар ўҳдадориҳои хизмати ҳарбӣ гузошта мешавад.

  1. Хизматчиёни ҳарбӣ ва шаҳрвандоне, ки ба ҷамъомадҳои ҳарбӣ даъват шудаанд, ба кўмаки тиббии ройгон, аз ҷумла ба тайёр ва таъмири дандонҳои сунъӣ (ба ғайр аз дандонҳои сунъии аз металлҳои қиматноку дигар маводҳои қиматнок), таъмини ройгони доруворӣ, дигар молу мулки тиббӣ мувофиқи таъиноти духтурон дар воҳидҳо, қисмҳои ҳарбӣ ва муассисаҳо (минбаъд – муассисаҳои тиббии ҳарбӣ) ҳуқуқ доранд. Дар сурати набудани муассисаҳои тиббии ҳарбӣ ё шўъбаҳои дахлдори онҳо ё таҷҳизоти махсуси тиббӣ дар маҳалли адои хизмати ҳарбӣ ё маҳалли зисти хизматчиёни ҳарбӣ, ҳамчунин дар ҳолатҳои зарурӣ ёрии тиббӣ дар муассисаҳои давлатии нигоҳдории тандурустӣ расонида мешавад. Хароҷоти муассисаҳои номбурда аз рўи кўмаки тиббии ба хизматчиёни ҳарбӣ ва шаҳрвандони ба ҷамъомадҳои ҳарбӣ даъватшуда аз ҷониби Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (вазорату идораҳое, ки дар онҳо тибқи қонун хизмати ҳарбӣ пешбинӣ гардидааст) ҷуброн карда мешавад. (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1152)

Хизматчиёни ҳарбӣ ва аъзои оилаи онҳо барои табобат берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асосҳои барои дигар шаҳрвандон умумӣ бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода мешаванд.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1479)

Хизматчиёни ҳарбӣ ҳамасола ташхиси тиббиро гузашта, бо онҳо чорабиниҳои табобатию беҳдоштӣ гузаронида мешавад. Хизматчиёни ҳарбие, ки дорои нишонаҳои нуқси руҳӣ мебошанд, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кўмаки рўҳӣ» ба ташхис ва муоинаи стасионарӣ фиристода мешаванд.

  1. Аъзои оилаи хизматчиёни ҳарбӣ ҳуқуқи ёрии тиббии ройгонро дар муассисаҳои системаи давлатии нигаҳдории тандурустӣ доранд ва дар асосҳои умумии барои дигар шаҳрвандон бо суғуртаи тиббӣ фаро гирифта мешаванд.

Аъзои оилаи афсарон (ҳамсар, фарзандони ноболиғ, фарзандони аз 18-сола боло, ки маъюб гаштаанд, фарзандони то 23-сола, ки дар муассисаҳои таълимии рўзона таҳсил мекунанд), ҳамчунин шахсоне, ки дар таъминоти онҳо мебошанд ва ҳамроҳи афсарон истиқомат мекунанд, дар муассисаҳои тиббии ҳарбӣ ба ёрии тиббии ройгон ҳуқуқ доранд. Ҳангоми табобати амбулаторӣ ба онҳо дорувории пулакӣ, ба ғайр аз холатҳое, ки мутобиқи дигар қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз онҳо пул гирифта намешавад, бо нархи чакана дода мешавад.

Тайёр кардан ва таъмири дандонҳои сунъии аъзои оилаи афсарон дар муассисаҳои тиббии ҳарбӣ бо шартҳое амалӣ мегардад, ки ба дигар шаҳрвандон дар муассисаҳои системаи давлатии нигаҳдории тандурустӣ иҷро мегардад, агар дар қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нагардида бошад.

  1. Хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро бо тартиби ихтиёрӣ адо мекунанд (ба ғайр аз курсантҳои муассисаҳои таълимии ҳарбии таҳсилоти касбӣ) ва аъзои оилаи онҳо ҳангоми рухсатӣ, вале на зиёда аз як маротиба дар як сол, бо табобати санаторию фароғатӣ ва истироҳати муташаккилона дар фароғатгоҳҳо, хонаҳои истироҳатӣ, пансионатҳо, лагерҳои беҳдошти кўдакон, базаҳои туристии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (вазорату идораҳое, ки дар онҳо тибқи қонун хизмати ҳарбӣ пешбинӣ гардидааст) таъмин карда мешаванд. Хизматчиёни ҳарбии номбурда 25 фоиз, аъзо оилаи онҳо бошанд, 50 фоизи нархи роҳхатро, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки мутобиқи қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар шартҳои пардохт муайян нагардида бошад, мепардозанд. Ба хизматчиёни ҳарбии номбурда ва аъзои оилаи онҳо ҳангоми фиристодан ба осоишгоҳҳо барои идомаи табобати госпиталӣ мутобиқи хулосаи комиссияи тиббии ҳарбӣ роҳхати ройгон аз ҳисоби Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (вазорату идораҳое, ки дар онҳо тибқи қонун хизмати ҳарбӣ пешбинӣ гардидааст) дода мешавад.
  2. Хизматчиёни ҳарбие, ки ҳангоми иҷрои ўҳдадории хизмати ҳарбӣ маъюб (захмдор, зарбхўрда, контузия) ё бемор шудаанд, пас аз табобати госпиталӣ ба гирифтани роҳхати ғайринавбатӣ ба муассисаҳои санаторию фароғатӣ ва беҳдоштии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (вазорату идораҳое, ки тибқи қонун дар онҳо хизмати ҳарбӣ пешбинӣ гардидааст) ҳуқуқ доранд.
  3. Ҳуқуқу имтиёзҳои хизматчиёни ҳарбӣ ва аъзои оилаи онҳо, ки дар қисмҳои дуюм-чоруми моддаи мазкур зикр шудаанд, ба афсарони аз хизмати ҳарбӣ бо расидан ба синни ниҳоии дар хизмати ҳарбӣ будан, бинобар вазъи саломатӣ ё вобаста бо чорабиниҳои ташкилию штатӣ рухсатшуда, ки мўҳлати умумии хизмати имтиёзноки ҳарбиашон 20-сол ва зиёда аз инро ташкил мекунад, дар сурати доштани мўҳлати умумии хизмати ҳарбии 25-сола ва аз ин зиёда бошад, новобаста ба асосҳои рухсатшавӣ ва аъзои оилаи онҳо, ҳамчунин ба прапоршикҳо ва дар мавридҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати старшина ва сержантҳо пешбинӣ намудааст, аз хизмати ҳарбӣ бо расидани онҳо ба синни ниҳоии дар хизмати ҳарбӣ будан, бинобар вазъи саломатӣ ё вобаста ба чорабиниҳои ташкилию штатӣ рухсатшуда, ки мўҳлати умумии хизмати ҳарбии онҳо 20-сол ва аз ин зиёдро ташкил мекунад, дахл доранд.

Хизматчиёни ҳарбӣ ва шаҳрвандоне, ки аз хизмати ҳарбӣ бо расидан ба синни ниҳоии дар хизмати ҳарбӣ будан, бинобар вазъи саломатӣ ё вобаста ба чорабиниҳои ташкилию штатӣ рухсат шудаанд, инчунин иштирокчиёни амалиётҳои ҷангӣ оид ба ҳифзи сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ёрии тиббӣ ва табобати санаторӣ-фароғатӣ ҳуқуқи имтиёзнок доранд.

Шаҳрвандоне, ки аз хизмати ҳарбӣ рухсат шудаанд, ба ёрии тиббӣ дар муассисаҳои системаи давлатии нигаҳдории тандурустӣ ҳуқуқ доранд ва  мутобиқи қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатман суғуртаи тиббӣ карда мешаванд.

Шаҳрвандоне, ки дар натиҷаи маъюбӣ (ярадорӣ, зарбхўрӣ, контузия) ё ҳангоми иҷрои ўҳдадории хизмати ҳарбӣ беморшуда, аз хизмати ҳарбӣ рухсат шудаанд, аъзои оилаи хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро бо тартиби ихтиёрӣ адо мекунанд, ҳамчунин шаҳрвандоне, ки бинобар бемориҳои алоҳидаи давраи адои хизмати ҳарбӣ аз хизмати ҳарбӣ рухсат шудаанд, метавонанд дар муассисаҳои тиббии ҳарбӣ бо тартиби муайяннамудаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (вазорату идораҳое, ки дар онҳо тибқи қонун хизмати ҳарбӣ пешбинӣ гардидааст) бе расонидани зарар ба шаҳрвандоне, ки тибқи қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи гирифтани ёрии тиббиро истифода мебаранд, муоина шаванд ва табобат ёбанд.

  1. Хизматчиёни ҳарбие, ки мувофиқи даъват хизмати ҳарбиро адо менамоянд ва курсантҳои муассисаҳои таълимии ҳарбии таҳсилоти касбӣ мувофиқи хулосаи комиссияи тиббии ҳарбӣ бо табобати санаторию фароғатӣ бепул таъмин карда мешаванд.

Курсантҳои муассисаҳои таълимии ҳарбии таҳсилоти касбӣ, тарбиягирандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи (пурраи) таҳсилоти умумӣ бо барномаи таълимии иловагӣ, ки мақсади омодагии ҳарбии шаҳрвандони ноболиғро доранд, на зиёда аз 30 фоизи нархи роҳхатро ба базаҳои туристии ҳарбӣ мепардозанд.

  1. Тартиби маблағгузории хароҷоти бо шартҳои имтиёзнок расонидани ёрии тиббӣ, таъмини табобати санаторию фароғатӣ ва истироҳат, пардохти нархи роҳхатҳо ва пардохти ҷубронпулӣ ба хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар шаҳрвандони дар қисмҳои дуюм-ҳафтуми моддаи мазкур номбаршударо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Моддаи 16. Кафолати суғуртаи хизматчиёни ҳарбӣ. Ҳуқуқ ба ҷуброни зарар

 

  1. Хизматчиёни ҳарбӣ ва шаҳрвандони ба ҷамъомадҳои ҳарбӣ даъватшуда ҳатман аз ҳисоби маблағи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (вазорату идораҳое, ки дар онҳо тибқи қонун хизмати ҳарбӣ пешбинӣ гардидааст), суғуртаи ҳатмии шахсии давлатӣ карда мешаванд. Асос, шароит ва тартиби суғуртаи ҳатмии шахсии давлатии хизматчиёни ҳарбию шаҳрвандони номбурдаро қонунҳо, дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамоянд.
  2. Дар сурати ҳалок гардидани (вафот кардани) хизматчиёни ҳарбӣ ё шаҳрвандони ба ҷамъомадҳои ҳарбӣ даъватшуда ҳангоми иҷрои ўҳдадории хизмати ҳарбии онҳо (дар ҷамъомадҳои ҳарбӣ), ё вафоти онҳо дар натиҷаи маъюб (ярадор, зарбхўрӣ, контузия) шудан ё касалии вазнини дигар, ки ҳангоми иҷрои ўҳдадориҳои хизмати ҳарбӣ то ба анҷомрасии як соли рухсатшавӣ аз хизмати ҳарбӣ (анҷоми ҷамъомадҳои ҳарбӣ) ба амал омадааст, ҳиссаҳои баробари кўмакпулии яквақта ба андозаи зерин пардохта мешавад:

- ба аъзои оилаи хизматчиёни ҳарбии ҳалокшуда (вафоткарда), ки хизмати ҳарбиро ба таври ихтиёрӣ адо менамуданд, шаҳрвандоне, ки ба ҷамъомадҳои ҳарбӣ ба сифати афсарон, прапоршикҳо даъват шудаанд – 8 маоши таъминоти пулии дар рўзи пардохти кўмакпулӣ муқарраршуда; (ҚҶТ аз 1.08.12с., №885)

- ба аъзои оилаи хизматчиёни ҳарбии ҳалокшуда (вафоткарда), ки хизмати ҳарбиро мувофиқи даъват адо менамуданд, шаҳрвандоне, ки ба ҷамъомадҳои ҳарбӣ ба сифати аскарон, сержантҳо ва старшинаҳо даъват шудаанд, 8 маоши ҳадди ақалли моҳона аз рўи вазифаи ҳарбӣ мувофиқи дараҷаи якуми тарифии барои хизматчиёни ҳарбии хизмати ҳарбиро бо тартиби ихтиёрӣ дар вазифаҳои сержантҳо ва старшинаҳо адокунанда пешбинишуда, ки дар рўзи пардохти кўмакпулӣ муқаррар шудааст. (ҚҶТ аз 1.08.12с., №885)

Аъзои оилаи дорои ҳуқуқи гирифтани кўмакпулии яквақта барои хизматчии ҳарбии (шаҳрвандӣ ба ҷамъомадҳои ҳарбӣ даъватшудаи) ҳалокшуда (вафоткарда)  инҳо ҳисоб мешаванд:

- ҳамсаре, ки дар рўзи ҳалок (вафот кардан) шудан дар ақди никоҳи хизматчии ҳарбӣ ё шаҳрванди ба ҷамъомадҳои ҳарбӣ даъватшуда меистад;

- волидайни хизматчии ҳарбӣ;

- фарзандони ба синни 18-солагӣ нарасида ё аз ин калон, агар онҳо то расидан ба синни 18-солагӣ маъюб шуда бошанд, ҳамчунин фарзандони дар муассисаҳои таълимии шакли таҳсили рўзона таҳсилкунанда то баанҷомрасии таҳсил, вале на зиёда аз расидан то ба синни 23-солагӣ;

- дигар шахсоне (аъзои оилае), ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ шахсони тарбияткунанда ё таъминкунандаи ҳалокшуда (вафоткарда) дониста шудаанд, ё ки дар таъминоти ҳалокшуда (вафоткарда) қарор доштанд.

  1. 3. Ҳангоми пеш аз мўҳлат рухсат шудани хизматчиёни ҳарбӣ (шаҳрвандони ба ҷамъомадҳои ҳарбӣ даъватшуда) аз хизмати ҳарбӣ (ҷамъомадҳои ҳарбӣ) вобаста бо ношоям донистани онҳо ба хизмати ҳарбӣ дар натиҷаи маъюбӣ (ярадорӣ, зарбхурӣ, контузия) ҳангоми иҷрои ўҳдадории хизмати ҳарбӣ пайдонамудаи онҳо кўмакпулии яквақта ба андозаи зерин ба онҳо пардохта мешавад:

- ба хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро бо тартиби ихтиёрӣ адо мекунанд - 6 маоши таъминоти пулӣ, ки дар рўзи пардохти кўмакпулӣ муқаррар шудааст;

- ба хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро мувофиқи даъват адо мекунанд, шахрвандоне, ки ба ҷамъомадҳои харбӣ даъват шудаанд - 6 маоши ҳадди ақал аз рўи вазифаи харбии мувофиқи дараҷаи якуми барои хизматчиёни ҳарбии хизмати ҳарбиро бо тартиби ихтиёрӣ дар вазифаҳои аскарон, сержантҳо ва старшинаҳо адокунанда пешбинишуда, ки дар рўзи пардохти кумакпулӣ муқаррар шудааст; (ҚҶТ аз 1.08.12с., №885)

  1. Ҳангоми пеш аз мўхлат рухсат шудани хизматчиёни ҳарбӣ (шахрвандони ба ҷамъомадҳои харбӣ даъватшуда) аз хизмати ҳарбӣ (ҷамъомадҳои харбӣ) вобаста бо ношоям донистани онҳо барои хизмати харбӣ дар натиҷаи беморӣ, ки дар рафти иҷрои ўхдадории хизмати ҳарбӣ пайдонамуда, ба онҳо кўмакпулии яквақта ба андозаи зерин пардохта мешавад:

- ба хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро бо тартиби ихтиёрӣ адо мекунанд - 5 маоши таъминоти пулӣ, ки дар рўзи пардохти кумакпулӣ муқаррар шудааст;

- ба хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро мувофиқи даъват адо мекунанд, шаҳрвандоне, ки ба ҷамъомадҳои ҳарбӣ даъват шудаанд - 5 маоши ҳадди ақал аз рўи вазифаи харбӣ мувофиқи дараҷаи якуми барои хизмачиёни ҳарбии хизмати ҳарбиро бо тартиби ихтиёрӣ дар вазифаҳои аскарон, сержантҳо ва старшинаҳо адокунанда пешбинишуда, ки дар рўзи пардохти кумакпулӣ муқаррар шудааст; (ҚҶТ аз 1.08.12с., №885)

  1. Ўҳдадорӣ оид ба муайян ва асоснок кардани далелҳои маъюбшавӣ ё бемории бо иҷрои ўҳдадории хизмати ҳарбӣ (ҷамъомадҳои ҳарбӣ) вобастабуда ба зиммаи комиссияҳои тиббии ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (вазорату идораҳое, ки дар онҳо тибқи қонун хизмати ҳарбӣ пешбинӣ гардидааст), гузошта мешавад. Аз рўи хулосаи комиссияи тиббии ҳарбӣ ба суд шикоят кардан мумкин аст.
  2. Зарари ба хизматчиёни ҳарбӣ дар мавриди иҷрои ўҳдадории хизмати ҳарбӣ расонидашуда мутобиқи қонун, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (вазорату идораҳое, ки дар онҳо тибқи қонун хизмати ҳарбӣ пешбинӣ гардидааст) ҷуброн карда мешавад.
  3. Ҷуброни зарар ва кафолати ҳимояи ҳуқуқӣ ва иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ ва шаҳрвандони аз хизмати ҳарбӣ рухсат шуда, ки дар натиҷаи садамаи ИБА Чернобил, дар натиҷаи озмоиши силоҳи ядроӣ, истифодабарии дастгоҳҳои ядроӣ ва барҳамдиҳии садама дар онҳо, ҳамчунин тартиби адои хизмати ҳарбӣ дар ҳудуди гирифтори олудагии радиоактивӣ зарар дидаанд, тибқи қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд. (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1152)
  4. Кафолати дафни хизматчиёни ҳарбӣ, шаҳрвандони ба ҷамъомадҳои ҳарбӣ даъватшуда ва шаҳрвандони аз хизмати ҳарбӣ бо расидан ба синни ниҳоии дар хизмати ҳарбӣ будан, вазъи саломатӣ ё вобаста бо чорабиниҳои ташкилию штатӣ рухсатшудаи ҳалокгардида (вафоткарда) бо қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Тартиби риояи эҳтиром ҳангоми дафн бо оинномаҳои умумиҳарбӣ муайян карда мешавад.

Моддаи  17. Ҳуқуқ ба таҳсил ва ҳуқуқ дар соҳаи маданият

 

  1. Хизматчиёни ҳарбӣ ба таҳсил дар муассисаҳои таълимии ҳарбии таҳсилоти касбӣ (аз  ҷумла  ба гирифтани таҳсилоти пас аз мактаби олӣ) ва дар курсҳои (факултаҳои) омодагӣ, азнавомодасозӣ ва баландбардории ихтисоси касбии хизматчиёни ҳарбӣ ҳуқуқ доранд.

Тартиби қабули хизматчиёни ҳарбӣ ба муассисаҳои номбурдаи таълимӣ ва таҳсил дар онҳо бо қонунҳо,  дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Муассисаҳои таълимии ҳарбии таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ барномаҳои таълимиро доир ба омодагии мутахассисон ба соҳаҳои ба ҳам наздики гражданӣ амалӣ намуда, ба хатмкунандаҳо хуҷҷатҳои дахлдорро доир ба таҳсилот медиҳанд.

Хизматчиёни ҳарбие, ки дар муассисаҳои таълимии ҳарбии тахсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ таҳсил мекунанд, ба иҷрои вазифаҳои бо амалигардонии барномаҳои таълимии касбӣ вобастанабуда танҳо бо қарори Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (роҳбарони вазорату идораҳое, ки дар онҳо тибқи қонун хизмати ҳарбӣ пешбинӣ гардидааст) ҷалб карда мешаванд.

Шаҳрвандоне, ки муассисаҳои таълимии ҳарбии таҳсилоти олии касбиро хатм намудаанд ва ба кор ба сифати омўзгор дар муассисаҳои таълимӣ қабул шудаанд, мувофиқи таҳсилот ва пардохти музди меҳнат ба шаҳрвандоне, ки муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии омўзгориро хатм намудаанд, баробаранд.

  1. Афсароне, ки хизмати ҳарбиро бо тартиби ихтиёрӣ адо мекунанд, барои таҳсил дар муассисаҳои таълимии гражданӣ таҳсилоти олию миёнаи касбӣ ва дар шўъбаҳои (курсҳои) тайёрии муассисаҳои таълимии номбурда барои азхудкунии барномаи таълимӣ аз рўи шаклҳои ғоибонаи (шабонаи) таҳсил ҳуқуқ доранд.
  2. Ба хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро мувофиқи даъват адо мекунанд, таҳсил дар муассисаҳои таълимии граждании таҳсилоти олию миёнаи касбӣ иҷозат дода намешавад.
  3. Хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро бо тартиби ихтиёрӣ адо мекунанд ва мўҳлати умумии хизмати ҳарбии онҳо панҷ сол ва зиёдаро (вақти таҳсил дар муассисаҳои таълимии ҳарбии таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ ба ҳисоб гирифта намешавад) ташкил мекунад, дар соли рухсатшавӣ аз хизмати ҳарбӣ бо расидан ба синни ниҳоии дар хизмати ҳарбӣ будан, баанҷомрасии мўҳлати хизмати ҳарбӣ ё вазъи саломатӣ ҳуқуқ доранд, ки азнавомодагардии касбиро аз рўи яке аз ихтисосҳои гражданӣ бе ситонидани маблағ барои таҳсил ва бо нигоҳдории ҳамаи таъминот бо тартиб ва шартҳое, ки аз ҷониби Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (вазорату идораҳое, ки дар онҳо тибқи қонун хизмати ҳарбӣ пешбинӣ шудааст) муайян карда мешавад, ба мўҳлати то се моҳ, ҳангоми рухсатшавӣ вобаста бо чорабиниҳои ташкилию штатӣ аз хизмати ҳарбӣ бошад, - то шаш моҳ гузаранд. Дар ҳолати рухсатшавии хизматчиёни ҳарбии номбурда аз хизмати ҳарбӣ дар давраи таҳсил онҳо ҳуқуқ доранд давраи таҳсилро ба таври ройгон ба анҷом расонанд.

Хароҷоти азнавомодагардии касбии хизматчиёни ҳарбии номбурда аз рўи яке аз ихтисосҳои гражданӣ вобастабуда аз ҳисоби вазорату идораҳое, ки дар онҳо хизмати ҳарбиро адо менамоянд, пардохт мегарданд.

  1. Шаҳрвандоне, ки хизмати ҳарбиро бо тартиби ихтиёрӣ адо мекарданд ва аз хизмати ҳарбӣ бо расидан ба синни ниҳоии дар хизмати ҳарбӣ будан, вазъи саломатӣ ё вобаста бо чорабиниҳои ташкилию штатӣ рухсат шудаанд, ҳуқуқ доранд:

- ба таври ройгон гузаштани омодагии ғайринавбатӣ, азнавтайёршавӣ ва баландбардории ихтисос мувофиқи касби интихобшуда бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории ҷорӣ, агар дорои ҳуқуқи нафақагирӣ бошанд;

- ба гирифтани таҳсилоти касбӣ мувофики касби интихобшуда аз хисоби маблағхои ташкилоте, ки онхо ба кор кабул шудаанд, бо пардохти музди миёнаи маош хангоми таҳсил;

- дохилшавии ғайриозмунӣ ба муассисаҳои давлатии таҳсилоти олии касбӣ ва ба курсҳои таълимии ихтисосҳои дахлдор;

- дохилшавӣ ба муассисаҳои давлатии таълимии таҳсилоти касбӣ бе имтиҳони дохилшавӣ;

- ба курси якум ва курсҳои минбаъдаи  муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ-хатмкунандагони муассисаҳои таълимии миёнаи ҳарбӣ;

- ба курси якуми муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ-бо таҳсилоти на пасттар аз таҳсилоти асосии умумӣ;

- ба курси якум ва курсҳои минбаъдаи муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти олии касбӣ - онҳое, ки дорои таҳсилоти нопурраи олӣ ё олии ҳарбии таҳсилоти касбӣ мебошанд;

- ба шўъбаҳои тайёрии муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти олии касбӣ-онҳое, ки муассисаҳои таълимоти ҳамагонии таҳсилоти умумии миёна (пурра) ё таҳсилоти миёнаи касбиро хатм намудаанд.

Қабули шаҳрвандони мазкур ба муассисаҳои давлатии таҳсилоти касбӣ дар давоми соли хониш идома ёфта, аз он ҷумла илова ба нақшаи муайяннамудаи қабули муассисаи мазкур амалӣ мегардад.

Шаҳрвандони дорои таҳсилоти миёна ва олии ҳарбӣ дар муассисаҳои давлатии таҳсилоти олии касбӣ бо таври ройгон таҳсил менамоянд.

  1. Шаҳрвандоне, ки дар давраи таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ ба хизмати ҳарбӣ даъват шудаанд, ҳангоми рухсат шуданашон аз хизмати ҳарбӣ ҳуқуқи давом додани таҳсилро дар он муассисаи таълимие, ки то даъват шудан ба хизмати ҳарбӣ таҳсил мекарданд, доранд.

Хизматчиёни ҳарбии дорои таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбии гражданӣ, ки  таҳсилоти ба ихтисоси омодагии ҳарбӣ наздик дорад, мувофиқ мебошад, ҳангоми адои хизмати ҳарбӣ аз рўи ин таҳсилот онҳо ба хизматчиёни ҳарбие, ки муассисаҳои таълимии таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбии ҳарбии дахлдорро хатм намудаанд, баробаранд.

  1. Ҳангоми тағйири маҳали хизмати ҳарбии хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро бо тартиби ихтиёрӣ адо мекунанд, инчунин ҳангоми рухсат шудан аз хизмати ҳарбӣ бо расидан ба синни ниҳоии дар хизмати ҳарбӣ будан, вазъи саломатӣ ё вобаста бо чорабиниҳои ташкилию штатӣ аъзои оилаи онҳо, ки дар муассисаҳои таълимии давлатӣ таҳсил мекунанд (тарбия мегиранд), ҳуқуқ доранд ба муассисахои таълимии ба маҳали нави хизмати ҳарбӣ ё маҳали зист наздик буда гузаранд (қабул шаванд).

Ба фарзандони хизматчиёни ҳарбӣ дар маҳали истиқомати оилаи онҳо дар навбати аввал дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва томактабию истироҳатгоҳҳои тобистонаи беҳдоштӣ новобаста аз шакли моликият, ҷой дода мешавад.

Фарзандони хизматчиёни ҳарбӣ, ки хизмати ҳарбиро бо тартиби ихтиёрӣ адо мекунанд ва мўҳлати умумии хизмати ҳарбии 20-сола ва зиёда доранд, фарзандони шаҳрвандоне, ки аз хизмати ҳарбӣ бо расидан ба синни ниҳоии дар хизмати ҳарбӣ будан, вазъи саломатӣ ё вобаста бо чорабиниҳои ташкилию штатӣ рухсат шудаанд ва мўҳлати умумии хизмати ҳарбии онҳо 20-сол ва зиёдаро ташкил мекунад, фарзандони хизматчиёни ҳарбие, ки ҳангоми иҷрои ўҳдадории хизмати ҳарбӣ ҳалок шудаанд ё дар натиҷаи маъюбӣ (ярадорӣ, зарбхўрӣ, контузия) ё бемории аснои иҷрои ўҳдадориҳои  хизмати ҳарбӣ гирифташуда ҳалок шудаанд, аз ҳуқуқи ғайриконкурсӣ дохил шудан ба литсеи ҳарбӣ, ҳангоми дохил шудан ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ бошад, - аз ҳуқуқи имтиёз дар сурати бомуваффақият супоридани имтиҳонҳо ва мувофиқи дигар талаботҳои барои дохилшавандагон муқарраршуда истифода менамоянд.

  1. Хизматчиёни ҳарбӣ дар баробари дигар шаҳрвандон дар соҳаи фарҳанг дорои ҳуқуқ ва озодиҳоанд.

Хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро мувофиқи даъват адо мекунанд, курсантҳои муассисаҳои таълимии ҳарбии таҳсилоти касбӣ, тарбиятгирандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи (пурраи) умумӣ бо барномаи таълимии иловагӣ, ки мақсадаш омодагии ҳарбии шаҳрвандони ба балоғат нарасида мебошад, ҳангоми иштирок кардан дар чорабиниҳои пулакии аз ҷониби муассисаҳои фарҳангӣ ва варзишӣ ташкилнамуда аз имтиёзҳо истифода мебаранд. Имтиёзҳои номбурда аз тарафи ҳукуматҳои шаҳрӣ ва ноҳиявӣ муқаррар карда мешаванд.

  1. Дар дохили қисмҳои ҳарбӣ хизматчиёни ҳарбӣ аз хизматрасонии китобхона ва толорҳои хониш, молу мулки таъиноти маданӣ –равшаннамоӣ, асбобҳои варзишӣ ва ҷиҳозҳо ба тариқи ройгон истифода намуда, кино ва филмҳои видеоӣ тамошо мекунанд. (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1152)
  2. Командирон ўҳдадоранд системаи чорабиниҳоро доир ба тарбияи ватандўстӣ, ахлоқӣ ва зебоипарастии хизматчиёни ҳарбӣ таҳия ва амалӣ намоянд, эҳтиромоти анъанаҳои ҳарбиро ба онҳо омўзанд, барои инкишофи фаъолияти эҷодӣ шароит фароҳам оваранд.

Моддаи 18. Рафту омад дар нақлиёт. Муросилоти почтавӣ

 

  1. Хизматчиёни ҳарбӣ ҳуқуқи рафту омади ройгон доранд:

- дар нақлиёти роҳи оҳан, ҳавоӣ ва автомобилӣ (ба ғайр аз таксӣ) ҳангоми сафари хизматӣ, вобаста бо гузаштан ба маҳали нави хизмати ҳарбӣ, ба маҳали истифодабарии рухсатии асосӣ (таътилӣ), рухсатии иловагӣ (як маротиба дар давоми сол) танҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои табобат ва бозгашт ба маҳали истиқоматии интихобшуда ҳангоми рухсат шудан аз хизмати ҳарбӣ;  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1479)

- дар ҳамаи навъҳои нақлиёти ҷамъиятӣ:  нақлиёти шаҳрӣ, наздишаҳрӣ, ва маҳаллӣ новобаста аз шакли моликият (ба ғайр аз таксӣ). Хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро бо тартиби ихтиёрӣ адо мекунанд, ҳангоми гузаштан ба маҳали нави хизмати ҳарбӣ ва рухсат шудан аз хизмати ҳарбӣ, инчунин ҳуқуқи ба тариқи ройгон бурдани то 20 тонна молу мулки шахсиро дар контейнерҳо аз маҳали зисти пешина ба маҳали нав бо нақлиёти роҳи оҳан, дар ҷое, ки нақлиёти роҳи оҳан мавҷуд нест - бо дигар навъҳои нақлиёт (ба ғайр аз нақлиёти ҳавоӣ) доранд. Дар ҳолати бурдани молу мулки шахсӣ дар вагонҳои алоҳида, бағоҷ ва фиристодани майдачуйда ба онҳо хароҷотҳо амалан пардохта мешаванд, вале на бештар аз қимати ҳамлу  нақл дар контейнерҳо дар ҳаҷми 20 тонна;(ҚҶТ аз 27.11.14с., №1152)

- дар мошинҳои боркаш ва автобусҳои мусофиркаши қисмҳои ҳарбие, ки барои таъмини ҳамлу нақли муташаккилонаи хизматчиёни ҳарбӣ ба маҳали хизмати ҳарбӣ ва бозгашт ҷудо шудаанд.

  1. Аъзои оилаи хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро бо тартиби ихтиёрӣ адо мекунанд ва дар қисми ҳафтуми моддаи 2 Қонуни мазкур зикр ёфтаанд, тибқи асосҳои барои хизматчиёни ҳарбӣ муқарраршуда ҳуқуқи ҳамлу нақли ройгонро доранд:

- аз маҳали истиқомат ба маҳали хизмати ҳарбии  хизматчии ҳарбӣ вобаста бо гузаштани ў ба маҳали нави хизмати ҳарбӣ;

- ба маҳали истифодабарии рухсатӣ ва бозгашт танҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1479)

- ҳангоми рухсат шудани хизматчии ҳарбӣ аз хизмати ҳарбӣ, инчунин дар вақти ҳалок (вафот кардани), шудани хизматчии ҳарбӣ - ба маҳали истиқомати интихобшуда.

Аъзои оилаи хизматчии ҳарбӣ ҳангоми рафтан ба маҳали зисти интихобшуда вобаста бо ҳалок шудани (вафот кардани) хизматчии ҳарбӣ ҳуқуқи ба таври ройгон бурдани то 20 тонна молу мулки шахсиро дар контейнерҳо бо нақлиёти роҳи оҳан, дар ҷое, ки нақлиёти роҳи оҳан нест - бо дигар навъҳои нақлиёт (ба ғайр аз нақлиёти ҳавоӣ) доранд. Дар вақти бурдани молу мулки шахсӣ дар вагони алоҳида, бағоҷ ва фиристодани майдачуйдаҳо ба онҳо амалан хароҷотҳои пардохт мегарданд, вале на зиёда аз қимати хамлу нақл дар контейнер дар ҳаҷми 20 тонна. Дар ҳолати ҳалок шудани (вафот кардани) хизматчии ҳарбӣ аъзои оилаи он (вале на зиёда аз се нафар) ба ҳамлу нақли ройгон ба маҳали дафн ва бозгашт ҳуқуқ доранд. (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1152)

  1. Шахси ҳамроҳикунандаи хизматчии ҳарбӣ, ки бо он ба муассисаи тиббӣ ё табобатӣ - фароғатӣ, дар рухсатии беморӣ ба маҳали зисти интихобшуда ҳангоми рухсат шудан аз хизмати ҳарбӣ меравад, ё ки аъзои оилаи хизматчиёни ҳарбии хизмати ҳарбиро бо тартиби ихтиёрӣ адокунанда, ки ба муассисаҳои тиббӣ ё табобатӣ - фароғатӣ мераванд, агар ҳамроҳикунӣ бо хулосаи комиссияи тиббии ҳарбӣ зарур дониста шуда бошад, ба ҳамлу нақли ройгон ба маҳали табобат (истифодабарии рухсатӣ), маҳали зисти интихобшуда ва бозгашт ҳуқуқ дорад.
  2. Дар ҳолати бемории вазнини хизматчии ҳарбӣ ду узви оила ё ду хешованди наздики он ҳуқуқи рафту омади ройгонро аз маҳали истиқомати худ то маҳали қарор доштани бемор ва бозгашт тибқи асосҳое, ки барои хизматчии ҳарбӣ муқаррар шудааст, як маротиба ҳангоми беморӣ танҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон доранд. (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1479)
  3. Афсароне, ки аз хизмати ҳарбӣ бо расидан ба синни ниҳоии дар хизмати ҳарбӣ будан, вазъи саломатӣ ё вобаста бо чорабиниҳои ташкилию штатӣ рухсат шудаанд ва мўҳлати умумии хизмати ҳарбии онҳо бо ҳисоби имтиёзнок 20-сол ва зиёд аз онро ташкил мекунад, ҳангоми мўҳлати умумии хизмати ҳарбии 25-сола ва зиёда бошад, новобаста аз асосҳои рухсатшавӣ ҳуқуқи рафту омади ройгонро бо нақлиёти роҳи оҳан, ҳавоӣ ва автомобилӣ (ба ғайр аз такси) ба табобати статсионарӣ тибқи хулосаи комиссияи тиббии ҳарбӣ ё ба муассисаҳои санаторию фароғатӣ ва беҳдоштӣ (як маротиба дар давоми сол) доранд. Чунин ҳуқуқро прапоршикҳои аз хизмати ҳарбӣ бо расидан ба синни ниҳоии дар хизмати ҳарбӣ будан, вазъи саломатӣ ё вобаста ба чорабиниҳои ташкилию штатӣ рухсатшуда, ки мўҳлати умумии хизмати ҳарбии онҳо 20 сол ва зиёдаро ташкил мекунад, низ танҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон доранд. (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1479)
  4. Хизматчиёни ҳарбӣ ба харидани чиптаҳо барои худ ва аъзои оилаи худ барои ҳамаи нақлиёт бе навбат ҳангоми рафтан ба сафари хизматӣ, ба маҳали нави хизмат, ҳамчунин ба маҳали истифодабарии рухсатӣ ва бозгашт ҳуқуқ доранд. Ҳамин тариқ, хизматчиёни ҳарбие, ки хизматӣ харбиро бо тартиби ихтиёрӣ адо мекунанд ва ба сафари хизматӣ фиристода мешаванд, аз ҳуқуқӣ бе навбат брон кардан ва гирифтани ҷой дар меҳмонхона мувофиқи гувоҳномаи сафарӣ истифода менамоянд.
  5. Хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро мувофиқи даъват адо менамоянд, ҳуқуқи ба таври ройгон фиристонидани мактубҳои аз қисми ҳарбӣ ирсолшавандаро доранд. Сару либоси шаҳрвандони ба хизмати ҳарбӣ даъватшуда ба воситаи почта ба таври ройгон фиристонида мешавад.
  6. Хароҷоте, ки ба ҳамлу нақли хизматчиёни ҳарбӣ, шаҳрвандони аз хизмати ҳарбӣ рухсатшуда, аъзои оилаи онҳо ва бо бурдани молу мулки шахсӣ бо нақлиёти роҳи оҳан, ҳавоӣ ва автомобилӣ (ба ғайр аз таксӣ), ҷудо кардани ҷой дар меҳмонхонаҳо ҳангоми фиристонидани хизматчиёни ҳарбӣ ба сафари хизматӣ вобастаанд, аз ҳисоби маблағҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (вазорату идораҳое, ки тибқи қонун дар онҳо хизмати ҳарбӣ пешбинӣ гардидааст) бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта мешаванд.(ҚҶТ аз 27.11.14с., №1152)
  7. Хароҷоте, ки бо ҳамлу нақли хизматчиёни ҳарбӣ дар ҳамаи навъҳои нақлиёти ҷамъиятии шаҳрӣ, наздишаҳрӣ ва маҳаллӣ новобаста аз шакли моликият (ба ғайр аз таксӣ) вобастаанд, имтиёзҳои мувофиқи хизмати почтавӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизматчиёни ҳарбии дар моддаи мазкур додашуда аз ҳисоби маблағҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (вазорату идораҳое, ки дар онҳо тибқи қонун хизмати ҳарбӣ пешбинӣ гардидааст), пардохт мешаванд. (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1479)

Моддаи 19. Ҳуқуқи хизматчиёни ҳарбӣ ба шикоят аз рўи амали ғайриқонунӣ

 

  1. Хизматчиёни ҳарбӣ ҳуқуқи ҳимоя намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои худро бо роҳи муроҷиат ба суд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон доранд.
  2. Қарор ва фаъолияти (бефаъолиятии) ғайриқонунии мақомоти идораи ҳарбӣ ва командирон метавонад аз ҷониби хизматчиёни ҳарбӣ бо тартиби пешбининамудаи қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, оинномаҳои умумиҳарбӣ боиси шикоят гардад.

Моддаи 20. Мурофиаи судӣ нисбати хизматчиёни ҳарбӣ ва ҳуқуқи онҳо барои гирифтани

кўмаки ҳуқуқӣ. Иҷрои амалиёти нотариалӣ бо иштироки хизматчиёни ҳарбӣ ва аъзои оилаи онҳо

  1. Мурофиаи судӣ бо иштироки хизматчиёни ҳарбӣ оид ба парвандаи онҳо, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмати ҳарбиро адо мекунанд, мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои хизматчиёни ҳарбие, ки берун аз ҳудудҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмати ҳарбиро адо мекунанд, ғайр аз тартиботи умумии муқарраргардида меъёри ҳуқуқи байналмилалӣ ва шартномаҳои байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардонида мешаванд. (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1479)

2.Ҳуқуқи ҳимояи хизматчиёни ҳарбӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда мешавад.

  1. Кўмаки ҳуқуқии ройгон расонида мешавад:

- аз ҷониби мақомоти ҳарбии идоракунӣ ва мақомоти ҳарбии адлия дар ҳудуди ўҳдадориҳои хизматиашон ба ҳамаи хизматчиёни ҳарбӣ, шаҳрвандони аз хизмати ҳарбӣ рухсатшуда ва аъзои оилаи онҳо оид ба масъалаҳои вобаста ба гузаштани хизмати ҳарбӣ;

- аз ҷониби мақомоти тафтишоти пешакӣ, прокурорҳо, судҳое, ки дар ихтиёрашон парвандаҳои ҷиноӣ доранд.

Идораҳои машварати ҳуқуқӣ ва коллегияи адвокатҳо ба хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро аз рўи даъват адо менамоянд, оид ба масъалаҳои адои хизмати ҳарбӣ, инчунин дигар асосҳои муқарраркардаи қонунҳо кўмаки ҳуқуқии ройгон мерасонанд.

  1. Командирони қисмҳои ҳарбӣ ҳамчун шахсони мансабдори ҳокимияти иҷроия амалиёти нотариалиро бо иштироки хизматчиёни ҳарбӣ, шаҳрвандоне, ки ба хизмати ҳарбӣ дохил мешаванд, аъзои оилаи онҳо дар ҳолату тартиби муқаррарнамудаи қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаронанд.

 

Моддаи 21. Рухсатшавии шаҳрвандон аз хизмати ҳарбӣ ва ҳуқуқи таъминшавӣ бо кор

  1. Хизматчиёни ҳарбӣ- шаҳрвандоне, ки хизмати ҳарбиро бо тартиби ихтиёрӣ адо менамоянд ва ба синни ниҳоии дар хизмати ҳарбӣ будан нарасидаанд, аз хизмати ҳарбӣ бе розигии онҳо то пайдо кардани ҳуқуқи гирифтани нафақа аз рўи собиқаи кор озод карда намешаванд, ба истиснои ҳолатҳои рухсатии пеш аз мўҳлат, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ўҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» муқаррар намудааст.
  2. Агар хизматчии ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро бо тартиби ихтиёрӣ адо менамояд, аз хизмати ҳарбӣ беасос рухсат шавад, зиёни ба ин муносибат дидаи ў бояд пурра ҷуброн карда шавад. Товони зиёни маънавие, ки аз ин рухсатшавӣ ба ў расидааст, низ бояд дар асоси изҳори хоҳиши хизматчии ҳарбӣ бо қарори суд дода шавад. Ин қабил хизматчиёни ҳарбӣ ба вазифаи пештараи хизмати ҳарбӣ (бо хоҳиши худаш ба вазифаи баробар, ё вазифаи поёнтар) барқарор намуда, бо ҳама намуди музд ва таъминоте, ки баъди беасос ҷавоб шуданашон нагирифтаанд, таъмин карда мешаванд. Ин давра ба мўҳлати умумии хизмати ҳарбӣ ва ба мўҳлате, ки барои додани унвони навбатии ҳарбӣ муайян шудааст, ҳисоб карда мешавад.
  3. Ба хизматчиёни ҳарбӣ ҳангоми аз хизмати ҳарбӣ бо расидан ба синни ниҳоии дар хизмати ҳарбӣ будан, вазъи саломатӣ ё вобаста бо чорабиниҳои ташкилию штатӣ рухсатшуда кўмакпулии яквақта ҳангоми доштани мўҳлати умумии хизмати ҳарбии зерин бо ҳисоби тақвимӣ пардохта мешавад:

- то 5 сол ба андозаи 1 маоши таъминоти пулӣ;

- аз 5 то 10 сол ба андозаи 2 маоши таъминоти пулӣ;

- аз 10 то 20 сол ба андозаи 3 маоши таъминоти пулӣ;

- зиёда аз 20 сол ба андозаи 4 маоши таъминоти пулӣ. (ҚҶТ аз 1.08.12с., №885)

Андоза ва тартиби ба шаҳрвандони аз хизмати ҳарбӣ бо дигар асосҳо рухсатшуда пардохти кўмакпулии яквақтаи дар ҳамин банди модда номбурдаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Ба хизматчиёни ҳарбӣ-шаҳрвандон, ки дар давоми хизмати ҳарбӣ бо орден ё унвонҳои фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор шудаанд андози кўмакпулии яквақта дар ҳаҷми ду маоши таъминоти пулӣ зиёд карда мешавад.

  1. Ба хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро мувофиқи даъват адо менамоянд, ҳангоми рухсат шудан аз хизмати ҳарбӣ кўмакпулии яквақта баробар ба ду андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ба шахсони, аз ҷумлаи кўдакони ятиммонда ва кўдакони бепарастормонда бошад, ба андозаи панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо пардохта мешавад.
  2. Барои хизматчиёни ҳарбие, ки мувофиқи расидан ба синни ниҳоии дар хизмати ҳарбӣ будан, пурра расидани собиқаи хизмати ҳарбӣ, вазъи саломатӣ ё вобаста бо чорабиниҳои ташкилию штатӣ рухсат шудаанд, баҳисобгирии андозаи нафақа аз рўи маоши пурраи таъминоти пулӣ сурат мегирад. Ҳама гуна маҳдудият оид ба пардохти нафақа манъ аст.
  3. Андозаи нафақаи хизматчиёни ҳарбии рухсатшуда ва шахсони тибқи қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба монанди хизматчиёни ҳарбӣ нафақа таъиншаванда, ки бо тартиби муқарраршуда барои кор (адои хизмати ҳарбӣ) ба дигар мақомот ё берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристодашуда бо асъори хориҷӣ маош мегиранд, аз рўи маоши муқаррарнамудаи вазифаи штатии ишғолкардаи онҳо то фиристодан ба мақомот ё беруни аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб карда мешавад.
  4. Барои хизматчиёни ҳарбие, ки мувофиқи расидан ба синни ниҳоии дар хизмати ҳарбӣ будан, вазъи саломатӣ ё вобаста бо чорабиниҳои ташкилию штатӣ бе ҳуқуқи ба нафақа баромадан рухсат шудаанд, дар давоми як сол пас аз рухсат шудан пардохти маош аз рўи рутбаи ҳарбӣ нигоҳ дошта мешавад.
  5. Ба шаҳрвандони аз хизмати ҳарбӣ рухсатшуда ва аъзои оилаи онҳо барои таъмини кор ва таъминоти иҷтимоӣ ҳуқуқҳои зерини иловагӣ муқаррар карда мешавад:

- аз ҷониби мақомоти хадамоти давлатии шуғли аҳолӣ дар навбати аввал додани кор дар ташкилотҳои давлатӣ бо назардошти ихтисоси онҳо;

- дар давоми се моҳи пас аз рухсатшавӣ аз хизмати ҳарбӣ барои шаҳрвандоне, ки то даъват (дохилшавӣ) ба хизмати ҳарбӣ дар ташкилотҳои давлатӣ кор кардаанд, нигоҳ доштани ҳуқуқи дохилшавӣ ба кор дар ҳамон ташкилотҳо, барои онҳое, ки хизмати ҳарбиро мувофиқи даъват адо мекунанд, (аз ҷумла афсароне, ки ба хизмати ҳарбӣ даъват шудаанд)- чунин ҳуқуқ ба вазифаи на пасттар аз вазифаи то даъват ба хизмати  ҳарбӣ ишғолкардаи онҳо;

- ба ҳисоб гирифтани вақти хизмати ҳарбӣ ба собиқаи бефосилаи кор мутобиқи моддаи 10 Қонуни мазкур, агар фосила байни рўзи рухсатшавӣ аз хизмати ҳарбӣ ва рўзи қабул ба кор (дохилшавӣ ба муассисаи таълимӣ) аз як сол зиёд набошад, барои собиқадорони амалиёти ҷангӣ, ки ўҳдадориҳои хизмати ҳарбиро дар шароити ҳолатҳои фавқулодда ва ҳангоми муноқишаҳои мусаллаҳона иҷро кардаанд, шаҳрвандоне, ки мўҳлати умумии хизмати ҳарбиашон бо ҳисоби имтиёз 20-сол ва зиёдаро ташкил кунад, - новобаста аз мўҳлати фосила;

- ҳуқуқи афзалиятноки мондан ба коре, ки онҳо аввалин бор дохил шудаанд, ҳангоми ихтисори кормандон;

- таьминоти шаҳрвандоне, ки мувофиқи вазъи саломатӣ ё вобаста ба чорабиниҳои ташкилию штатӣ аз хизмати ҳарбӣ бо ҳуқуқи гирифтани нафақа рухсат шудаанд, ба тариқи ройгон гирифтани таҳсилоти касбӣ бе пардохти стипендия ба онхо дар давраи таҳсил;

- ба шаҳрвандоне, ки баъди адои хизмати ҳарбии мувофиқи даъват рухсатшуда ва ба ҷои кори пешина қабулшуда додани кўмаки моддӣ бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар ибтидо ба роҳ мондани кори хоҷагии шахсӣ;

- дар мўҳлати на дертар аз як моҳи муроҷиати шаҳрвандони аз хизмати ҳарбӣ рухсатшуда додани ҷой барои фарзандони онҳо дар муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва таҳсилоти томактабию истироҳатгоҳҳои тобистонаи беҳдоштӣ новобаста аз шакли моликият;

- ба ҳисоб гирифтани вақти хизмати ҳарбӣ ба собиқаи хизмати давлатии хизматчии давлатӣ ҳангоми дохилшавӣ ба кор дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ.

  1. Ба модарони танҳои хизматчиёни ҳарбӣ, ки хизмати ҳарбиро мувофиқи даъват адо менамоянд, ҳангоми ихтисори  шумора ва штатҳои коргарон ҳуқуқи афзалиятноки мондан ба кор дода  мешавад.

Моддаи 22. Ҳифзи иҷтимоии аъзои  оилаи  хизматчиёни  ҳарбие, ки саробонашонро  аз  даст додаанд

 

  1. Аъзои оилаи хизматчиёни ҳарбии ҳалокшуда (вафоткарда) ҳуқуқи нафақа гирифтанро дар ҳолати аз даст додани саробон, ки тибқи қонунгузории нафақаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин ва пардохт мегардад, доранд.
  2. Аъзои оилаи хизматчиёни ҳарбие, ки саробонашонро аз даст додаанд, дар ҳолати қатъ гардидани муносибатҳои меҳнатии аъзои оила бо ташкилотҳои дахлдор аз манзили истиқоматии ишғолнамудаи онҳо бе ба онҳо ҳатман додани дигар манзили ободи истиқоматӣ бароварда намешаванд, барои онҳо пас аз ҳалоки (вафоти) хизматчии ҳарбӣ ҳуқуқи беҳтар сохтани шароити манзилӣ мутобиқи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ дошта мешавад.
  3. Аъзои оилаи хизматчиёни ҳарбие, ки саробонашонро аз даст додаанд, ҳуқуқи имтиёзро ба гирифтани қитъаи замин барои сохтмони манзилӣ алоҳида доранд.
  4. Барои аъзои оилаи хизматчиёни ҳарбие, ки дар давраи адои хизмати ҳарбӣ ҳалок шудаанд (вафот кардаанд) ва аъзои оилаи шаҳрвандоне, ки хизмати ҳарбиро бо тартиби ихтиёрӣ адо мекарданд, ҳуқуқ ва гирифтани хонаи истиқоматӣ, имтиёзҳо аз рўи пардохти манзил, хизматрасонии коммуналӣ, ки онҳо то рўзи ҳалоки (вафоти) хизматчии ҳарбӣ (шарҳванд), новобаста аз шакли моликият ва мансубияти манзили ишғолкарда доштанд, ҳангоми истиқомати онҳо дар хонаҳои маркази гармӣ надошта бошад, барои дар навбати аввал таъмин намудан бо додани қимати 50% пардохти сўзишворие, ки дар доираи меъёрҳои барои фурўш ва ба аҳолӣ расонидани он муқаррар шудааст, нигоҳ дошта мешавад.
  5. Хароҷотҳое, ки бо  додани  имтиёзҳо  доир  ба  пардохти  майдони умумии  бинои  истиқоматӣ,  хизматрасонии  коммуналӣ,  гузарондани телефонҳои  хонагӣ, ҳаққи истифодабарии онҳо вобастаанд, аз ҳисоби маблағҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (вазорату идораҳое, ки дар онҳо тибқи қонун хизмати ҳарбӣ пешбинӣ гардидааст), пардохт карда мешаванд.
  6. Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таъмири асосии хонаҳое, ки дар онҳо аъзои оилаи хизматчиёни ҳарбии саробонашонро аздастдода истиқомат мекунанд, аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳалӣ амалӣ мегардонанд.
  7. Ба волидайн, ҳамсарон ва кудакони ба балоғат нарасидаи хизматчиёни ҳарбие, ки ҳангоми иҷрои ўҳдадориҳои хизмати ҳарбӣ ҳалок шудаанд (вафот кардаанд), ҳуқуқи кўмаки тиббии ройгон ва ҳуқуқи имтиёзнок ба хизматрасонии иҷтимоӣ дар мақомоти давлатии хадамоти иҷтимоӣ дода мешавад.
  8. Барои аъзои оилаи хизматчиёни ҳарбие, ки дар давраи адои хизмати ҳарбӣ ҳалок шудаанд (вафот карданд) ва аъзои оилаи шаҳрвандоне, ки хизмати ҳарбиро бо тартиби ихтиёрӣ адо карда пас аз рухсат шудан аз хизмати ҳарбӣ бо расидан ба синни ниҳоии дар хизмати ҳарбӣ будан, вазъи саломатӣ ё вобаста ба чорабиниҳои ташкилию штатӣ ҳалок шудаанд (вафот карданд), ба ғайр аз имтиёзҳо, кафолат ва ҷубронҳои дар қисмҳои дуюм-чоруми моддаи мазкур зикрёфта дар давоми як сол аз рўзи ҳалоки (вафоти) саробон дигар имтиёзҳо, кафолат ва ҷубронҳое, ки онҳо ҳангоми дар ҳаёт будани хизматчиёни ҳарбии (шаҳрвандони) номбурда истифода мебурданд, нигоҳ дошта мешаванд, агар тибқи қонун, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.
  9. Ба аъзои оилаи хизматчиёни ҳарбии ҳангоми иҷрои ўҳдадориҳои хизмати ҳарбӣ ҳалокшуда (вафоткарда) дар қатори имтиёзҳо, кафолатҳо ва ҷубронпулиҳое, ки Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст, тибқи қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври илова дигар имтиёзҳо, кафолатҳо ва ҷубронпулиҳо муқаррар карда мешаванд.
  10. Барои ҳамсарони хизматчиёни ҳарбие, ки ҳангоми адои хизмати ҳарбии бо   тартиби   ихтиёрӣ   ё   пас   аз  расидан   ба   синни  ниҳоии   дар  хизмати   ҳарбӣ   будан, вазъи саломатӣ ё   вобаста ба  чорабиниҳои  ташкилию   штатӣ   аз   хизмати   ҳарбӣ   рухсат  шуда  ҳалок  шудаанд   (вафот  кардаанд),   мўҳлати   умумии   хизмати   ҳарбии  20-сола   ва   зиёда   доштанд,  имтиёзҳо,   кафолатҳо   ва   ҷубронҳои   дар  қисмҳои   дуюм-чоруми моддаи мазкур  номбурда   то   аз   нав   ба   қайди  никоҳ  даромадан  нигоҳ  дошта  мешаванд.

Моддаи 23. Имтиёзҳо, кафолатҳо ва ҷубронҳои иловагӣ ба хизматчиёни ҳарбӣ, ки дар

шароити ҳолатҳои фавқулодда ва ҳангоми муноқишаҳои мусаллаҳона ўҳдадориҳои

хизмати ҳарбиро иҷро менамоянд ва аъзои оилаи онҳо

  1. Ба хизматчиёни ҳарбие, ки ба таври доимӣ ва муваққатан вазифаҳоро дар шароити ҳолатҳои фавқулодда ва ҳангоми муноқишаҳои мусаллаҳона иҷро мекунанд, тибқи қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиёзҳо, кафолату ҷубронпулиҳои иловагӣ дода мешаванд.
  2. Барои аъзои оилаи хизматчиёни ҳарбие, ки ҳангоми иҷрои вазифа дар шароити ҳолатҳои фавқулодда ва ҳангоми мунокишаҳои мусаллаҳона ҳалок шудаанд, имтиёзҳо, кафолатҳою ҷубронпулиҳои амалкунандаи нисбати аъзоёни оилаи хизматчиёни ҳарбии дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳалокшуда татбиқ мегардад.

 

БОБИ III.

ЎҲДАДОРӢ ВА МАСЪУЛИЯТИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ

Моддаи 24. Ўҳдадории умумӣ

Ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти марзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини бехатарии давлат, баргардонидани ҳуҷуми мусаллаҳона, инчунин иҷрои вазифаҳо мутобиқи ўҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳияти қарзи ҳарбиро ташкил намуда, хизматчиёни ҳарбиро ўҳдадор менамоянд, ки:

- ба Савганди ҳарбӣ баҳри ба халқ фидокорона хизмат кардан, мардонавор ва моҳирона ҳифз намудани Ватани худ содиқ бошанд;

- Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, талаботҳои оинномаҳои умумиҳарбиро қатъиян риоя намуда, фармонҳои командиронро бечунучаро иҷро намоянд;  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1479)

- шаъну шарафи ҷангии ҳимоякунандагони халқи худ, шарафи рутбаи ҳарбӣ ва рафиқони ҳамхизматро нигоҳ доранд;

- маҳорати ҳарбиро такмил диҳанд, аслиҳа ва техникаи ҷангиро барои истифодабарӣ дар ҳолати омодагии доимӣ нигоҳ доранд, молу мулки ҳарбиро ҳифз намоянд; (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1152)

- боинтизом ва ҳушёр бошанд, сирри давлатӣ ва ҳарбиро ҳифз намоянд;

- усулҳои маъмул ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва шартномаҳои байналмилалии аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофкардаро риоя намоянд.

Хизматчиёни ҳарбӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ўҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» иҷрокунандагони ўҳдадориҳои ҳарбӣ ҳисоб меёбанд.

Моддаи 25. Ўҳдадориҳои вазифавӣ ва махсус

  1. Ўҳдадориҳои вазифавии хизматчиёни ҳарбӣ ва тартиби иҷрои онҳо тибқи қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оинномаҳои умумиҳарбӣ муайян карда мешаванд.
  2. Командирон сардорони ягона мебошанд ва дар давраи осоиштаю ҷанг барои омодагии доимии ҷангию сафарбарӣ, иҷрои бомуваффақияти супоришҳои ҷангӣ, омодагии ҷангӣ, тарбия, интизоми ҳарбӣ, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳолати маънавию рўҳии ҳайати шахсӣ ва бехатарии хизмати ҳарбӣ, ҳолат ва нигоҳдории аслиҳа, техникаи ҳарбӣ ва молу мулки ҳарбӣ, таъминоти моддӣ, техникӣ, молиявӣ, маишӣ ва хизматрасонии тиббӣ ҷавоб медиҳанд.
  3. Хизматчиёни ҳарбие, ки дар навбатдории ҷангӣ (хизмати ҷангӣ), нарядҳои шабонарўзию гарнизонӣ карор доранд, барои барҳам додани  оқибатҳои офатҳои табиӣ, инчунин дигар ҳолатҳои фавқулодда ҷалб шудаанд, ўҳдадориҳои махсусро иҷро мекунанд. Ўҳдадориҳои махсус ва тартиби иҷрои онҳоро қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оинномаҳои умумиҳарбӣ муқаррар мекунанд.

Барои иҷрои ўҳдадориҳои махсус хизматчиёни ҳарбӣ метавонанд ҳуқуқҳои иловагӣ (барои истифодаи аслиҳа, қувва, пешниҳоди талаботҳое, ки барои иҷроиш ҳатмиянду ва таҳти назорати шахсони муайян мебошанд ва дигар ҳуқуқҳо) гиранд, ки тибқи қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оинномаҳои умумиҳарбӣ муайян мегарданд.

 

Моддаи 26. Масъулияти хизматчиёни ҳарбӣ барои ҳуқуқвайронкунӣ

  1. Хизматчиёни ҳарбӣ вобаста ба хусусият ва вазнинии ҳуқуқвайронкунии содиршуда ба ҷавобгарии интизомӣ, маъмурӣ, моддӣ, ҳуқуқии гражданӣ ва ҷиноятӣ кашида мешаванд.
  2. Барои рафтори ношоям бо вайрон намудани интизоми ҳарбӣ ё тартиботи ҷамъиятӣ вобастабуда хизматчиёни ҳарбӣ мувофиқи асосҳо ва бо тартиби муайяннамудаи оинномаҳои умумиҳарбӣ ба ҷавобгарии интизомӣ кашида мешаванд.

Командирон барои аз ҷониби шахсони тобеи онҳо содир гардидани  қонунвайронкуниҳо ба ҷавобгарии интизомӣ кашида намешаванд, ба истиснои ҳолатҳое, ки командирон ҷиноятро пинҳон намудаанд, ҳамчунин дар доираи салоҳияти худ доир ба огоҳсозӣ ва пешгирӣ  кардани қонунвайронкуниҳои содиршуда ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони гунаҳгор чораҳои зарурӣ надидаанд.

  1. Барои қонунвайронкунии маъмурӣ дар асоси тартиби муайяннамудаи оинномаҳои умумиҳарбӣ хизматчиёни ҳарбӣ ба ҷавобгарии интизомӣ кашида мешаванд.
  2. Барои зарари моддии ҳангоми иҷрои ўҳдадориҳои хизмати ҳарбӣ ба давлат расонидашуда хизматчиёни ҳарбӣ бо тартиби муқарраркардаи қонун ба ҷавобгарии моддӣ кашида мешаванд.
  3. Барои иҷро накардан, ё нодуруст иҷро намудани ўҳдадориҳои пешбининамудаи қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои зиён ва зарари маънавии расондаи хизматчиёни ҳарбии ҳангоми иҷрои ўҳдадориҳои хизмати ҳарбӣ қарорнадошта ба давлат, шахсони воқеию ҳуқуқӣ ва дар дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба ҷавобгарии гражданӣ кашида мешаванд.

Барои содир намудани ҷиноят хизматчиёни ҳарбӣ тибқи Кодекси  ҷиноятии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 27. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

«Дар бораи статус ва замонатҳои ҳимояи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ ва аҳли оилаи онҳо»

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 1993 «Дар бораи статус ва замонатҳои ҳимояи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ ва аҳли оилаи онҳо» (Ахбори Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1993, № 15-16, мод. 348; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2000, № 11, мод. 531; соли 2002, № 4, қ. 1, мод. 257; соли 2003, № 12, мод. 687) аз эътибор соқит дониста шавад.

 

Моддаи 28. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                            Э.Раҳмонов

 

ш. Душанбе, 1 марти соли 2005

№ 90

Обуна шудан!

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

ВАЗИРИ МУДОФИАИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ГЕНЕРАЛ-ПОЛКОВНИК 
ШЕРАЛӢ МИРЗО
Варзиш

Майдончаи савдо