Ба аввал: Навид Сафари вазири мудофиаи Тоҷикистон ба Чин барои баррасии масоили таъмини амният
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
НАЗАРСАНҶӢ
Аз кадом хизматрасонии сомонаи расмии Вазорати мудофиа қаноатмандед?
 
Омор
Имрӯз161
Дирӯз323
Моҳ4652
Ҳамагӣ202733
Наворҳо

Форум

Сафари вазири мудофиаи Тоҷикистон ба Чин барои баррасии масоили таъмини амният

25.04.2018

Вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо ҷиҳати иштирок дар машварати вазирони мудофиаи кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ба Пекин рафт.

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон, Русия, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Покистон ва Ӯзбекистон имрӯз, 24 апрел атрофи масъалаҳои рӯзмарраи таъмини амнияти байнулмилалӣ ва минтақавӣ табодули назар мекунанд.

Дар машварат тадбирҳои муштарак оид ба ҳамоҳангсозии талошҳо барои вокуниши муносиб ба таҳдиду хатарҳои нав дар минтақаи зери масъулияти СҲШ баррасӣ мешаванд.

Зимни машварат ҳамчунин аз ҳамкориҳои низомӣ дар соли гузашта натиҷагирӣ шуда, самтҳои минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилаи ҳарбӣ дар доираи Созмон баррасӣ мешаванд.

Ғайр аз ин, аз ҷониби иштирокчиёни машварат оғоз бахшидан ба фестивали мусиқӣ-ҳарбии кишварҳои узви СҲШ дар назар аст.

Ёдрас мекунем, ки ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай моҳи июни соли 2018 дар Чин баргузор мешавад.

 

Обуна шудан!

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

ВАЗИРИ МУДОФИАИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ГЕНЕРАЛ-ПОЛКОВНИК 
ШЕРАЛӢ МИРЗО
Варзиш

Майдончаи савдо