Home: News НАТИҶАИ 11 РӮЗИ ДАЪВАТИ ШАҲРВАНДОН БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
VOTE
Аз кадом хизматрасонии сомонаи расмии Вазорати мудофиа қаноатмандед?
 
Statistics
Today28
Week624
This month6252
Only176389
Video

Forum

НАТИҶАИ 11 РӮЗИ ДАЪВАТИ ШАҲРВАНДОН БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ

11.04.2018

Аз оғози даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ беш аз 11 рӯз сипари гардид. Ва дар ин муддат иҷрои нақшаи ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар ҷумҳурӣ 38 фоизро ташкил медиҳад.

Аз аввали моҳи апрели соли равон чорабиниҳои даъватии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар ҳама шаҳру навоҳии мамлакат муташакилона ва дар сатҳи зарури ҷараён дорад. Ва дар миёни шаҳру навоҳии мамлакат ВМКБ аз ҳама пешсаф буда, алакай дар нахустин рӯзҳои ин маъракаи муҳими сиёсӣ ноҳияи Мурғоб аз аввалинҳо шуда дар ҷумҳурӣ аз иҷрои нақша гузориш дод. Дар ин замина инҷунин ноҳияи Дарвоз низ дар арафаи анҷом бахшидани нақшаи даъват қарор дошта, масъулини комиссияҳои даъвати дар ВМКБ иҷрои ӯҳдадории ба онҳо пешбинишударо то ин дам ба 49 фоиз баробар намудаанд.

Дар вилояти Суғд иҷрои нақша 40 фоизро ташкил дода, дар миёни дигар шаҳру ноҳияҳои ин минтақа айни ҳол ноҳияи Кӯҳистони Масҷоҳ аз ҳама пешсаф аст.

Дар вилояти Хатлон ноҳияи Н.Хусрав алакай иҷрои нақшаро ба пурра ба анҷом расонида, масъулини мақомоти комисияи даъватии дар ин гарнизон иҷрои нақшаро ба 37,5 фоиз баробар намудаанд.

Бо ҳамин тартиб аз аввали моҳи апрел иҷрои нақша дар комиссариати ҳарбии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба 36 фоиз ва дар чаҳор навоҳии пойтахт бошад он ба 36 фоиз баробар аст.

Қобили зикр аст, ки шумораи ҷавнони сину соли даъвати нисбат ба талаботи Қувваҳои мусаллаҳ хеле зиёд аст ва ин имконият медиҳад, ки аз байни онҳо беҳтаринҳо ҷудо карда шаванд. Зеро натиҷаи чорабиниҳои даъвати ба вазъи омодагии Қувваҳои Мусаллаҳ таъсири бевосита мерасонад. Аз ин сабаб масъулини даъват кушиш мекунанд, ки танҳо ҷавонони солиму бардам ва болаёқат ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ даъват карда шаванд.

Хушбахтона бо таҳкими сулҳу суббот дар Тоҷикистон, ғамхориҳои бевоситаи роҳбарияти давлату ҳукумати ҷумҳурӣ нисбат ба низомиён, таъмини шароитҳои хуби хизмативу маишӣ ва ҳам таълими дар қисмҳои низомии Артиши миллӣ, таваҷуҳи аҳли ҷомеа ба хусус ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ боис гаштааст, ки сафи ихтиёриён ва онҳое, ки баъди гирифтани аввалин даъватнома ба комиссияи давлатии даъват ҳозир мешаванд зиёд гардида, обрую нуфузи ҚМ кишвар дар миёни аҳоли боз ҳам афзун гаштааст.

МАРКАЗИ МАТБУОТИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Subscribe to us!

EMOMALI RAHMON

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

Minister of Defense
of the Republic of Tajikistan

Colonel-General Sherali Mirzo
Sport

Trading platform