Ба аввал: Сафарҳои хориҷӣ Мусоҳиба бо хабарнигори телевизиони СММ
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
НАЗАРСАНҶӢ
Аз кадом хизматрасонии сомонаи расмии Вазорати мудофиа қаноатмандед?
 
Омор
Имрӯз290
Дирӯз530
Моҳ8000
Ҳамагӣ225208
Наворҳо

Форум

Мусоҳиба бо хабарнигори телевизиони СММ

23.03.2018 19:33, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

22 марти соли 2018 дар шаҳри Ню Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар ҳошияи кушодашавии чорабинӣ бахшида ба Оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигори телевизиони СММ мусоҳиба анҷом доданд.

Мавриди зикр аст, ки ташкилоти бонуфузи сайёра Созмони Милали Мутттаҳид сомонаи интернетӣ ва шабакаи махсуси телевизионии худро дорад, ки дар онҳо аз фаъолияти рузмарраи СММ ва ниҳодҳои он, инчунин ҷараён ва натиҷаҳои кори ҷаласаҳои корӣ маводҳо пахш менамояд.

Зимни мусоoҳиба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳадафҳои асосии эълони ташаббуси навбатии Тоҷикистон вобаста ба ҳалли мушкилоти марбут ба об, аз ҷумла қабули Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, натиҷаҳои бобарору муваффақи ташаббусҳои қаблии кишвари мо, аз ҷумла «Соли байналмилалии оби тоза, 2003», Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015» ва «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013», андашеронӣ карданд.

Таъкид гардид, ки ҳамаи ин ташаббусҳои созанда ба нафъи аҳли башар ва ҳалли мушкилоти вобаста ба об ва санитарӣ равон гардидааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд, ки таҷрибаи қаблӣ исбот кард, ки танҳо дар ҳамдастӣ ҷомеаи ҷаҳонӣ метавонад барои мардуми сайёра зиндагии шоистаро таъмин намояд.

Дар ҷараёни суҳбат хабарнигорони телевизиони СММ ҳамчунин оид ба талошҳову ташаббусҳои Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳалли дигар масъалаҳои мубрами ҷомеаи башарӣ, самтҳои афзалиятноки фаъолият, инчунин сиёсати дарҳои бози роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

 

Ҷаноби Олӣ, имрӯзҳо Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ҷашни Наврӯзро таҷлил мекунанд. Дар робита ба ин, мехоҳам, Шумо ва мардуми бостонии Тоҷикистонро бо ин ҷашн табрику муборакбод гуфта, ба Шумо саломатии бардавом ва комёбиҳо орзу намоям. Соли 2009 Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигар лоиҳаи қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ-ро дар бораи Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон намудани 21-уми март  ташаббускорӣ намуданд.

- Дарвоқеъ, 23 феврали соли 2010 бо ташаббуси Тоҷикистон ва як  қатор давлатҳои аъзои СММ, ки ҷашни бостонии Наврӯзро таҷлил мекунанд, Маҷмаи Умумии СММ Қатънома қабул намуд, ки мутобиқи он 21 март   Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон гардид.

Боиси хушнудист, ҷашни бостонии Наврӯз, ки  маънии  «Рӯзи нав»-ро дорад,   аз ҷониби ЮНЕСКО ба Феҳристи мероси ғайримоддии фарҳангии инсоният дохил карда шуд.

Наврӯз - ҷашни асосӣ ва дӯстдоштатарини мардуми тоҷик мебошад.

Аз замонҳои қадим халқи тоҷик фарорасии Наврӯз - ҷашни баҳор, баробарии шабу рӯз  ва эҳёи табиатро бо умеди калон интизор мешуд.

Зеро  Наврӯз унсури пайвандгари байни миллатҳо мебошад, ки бар меҳрубонӣ, эҳтиром ва сулҳ асос ёфтааст.

Ин анъанаҳо то ба имрӯз омада расидаанд ва дар давраи муосир ба таври густурда паҳн гардидаанд.

- Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми ду даҳсола  масъалаҳои марбут ба  обро дар доираи СММ ва дигар созмонҳо фаъолона пешбарӣ менамояд. Чунин сиёсати хориҷии фаъол ва нақши Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳо ва мушкилоти глобалии марбут ба об бар чӣ асос меёбад?

- Ба ҳамагон маълум аст, ки Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», солҳои 2005-2015, Соли байналмилалии оби тоза (соли 2003), Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (соли 2013) ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 ташаббусҳои муҳими глобалии Тоҷикистон мебошанд.

Ҳамаи ин ташаббусҳо ба таъсиси майдони густурда ва мусоид барои муҳокима ва ҷустуҷӯи роҳҳои муносиб ва оқилонаи ҳалли мушкилот ва вазифаҳои марбут ба захираҳои об нигаронида шудаанд.

Ҳамаи талошҳо ва ташаббусҳои мо маҳз ба ташаккули муколамаи созандагии об нигаронида шудаанд, зеро ҳамагуна масъалаи обро метавон танҳо тавассути ҳамкорӣ ва ба роҳ мондани робитаҳои шарикӣ, боэътимод ва мутақобилан судманд ҳал намуд.

Роҳи дигар вуҷуд надорад.

Бинобар ин, талошҳои мо, пеш аз ҳама, ба ташаккули майдонҳои муколама, ки ба сафарбаркунии талошҳо барои ҳалли дарозмуддат ва устувори мушкилот ва масъалаҳои марбут ба об мусоидат мекунанд, нигаронида шудаанд.

- Бо ташаббуси Шумо соли 2016 Қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ дар бораи эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» қабул гардид. Шумо аз ин Даҳсола  чиро интизор ҳастед  ва ҷомеаи ҷаҳонӣ барои иҷро намудани ӯҳдадориҳои дубора дар доираи ҳадафҳои рушди устувор қабулгардида бояд чӣ тадбирҳо андешад?

- Умедворем, ки Даҳсола дар талошҳои ҷомеаи байналмилалӣ барои ноил шудан ба ҳадафҳои байналмилалии мувофиқашудаи рушди устувор дар соҳаи захираҳои об саҳифаи нав боз мекунад.

Дар баробари ташаккули майдони муколамавӣ Даҳсола инчунин ба таҳия ва татбиқи тадбирҳои муассир дар ҳамаи сатҳҳои расидан ба мудирияти устувори об мусоидат мекунад. Мутмаинем, ки ба шарофати ҳамкорӣ ва рушди шарикӣ роҳҳо ва механизмҳои татбиқи ҳадафҳои рушди устувори марбут ба захираҳои об пайдо хоҳанд шуд. Умуман, боварӣ дорем, ки Даҳсола барои таҳкими талошҳои мо, ки ба ҳалли минбаъдаи масъалаҳои марбут ба гузариш ба мудирияти устувори захираҳои об нигаронида шудаанд, заминаи устувор фароҳам меорад.

Бояд зикр намуд, ки дар рафти татбиқи ташаббусҳои глобалӣ шаҳри Душанбе барои ҳалли масъалаҳои марбут ба об пойтахти ҷаҳон гардид.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дӯстони зиёд пайдо намуд, ки онро ҳамчун маркази дипломатияи об, ташаккули ғояҳои созандагиву оқилона ва ташаббусҳо оид ба ҳалли мушкилоти обии глобалӣ меҳисобанд.

- Шумо дар суханрониҳои худ дар бораи оқибатҳои манфии тағйирёбии иқлим борҳо таъкид намудаед. Ба андешаи Шумо, кадом тадбирҳо дар мубориза бар зидди тағйирёбии иқлим дар сатҳи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ аввалиндараҷа мебошанд?

- Дарвоқеъ, оқибатҳои тағйирёбии иқлим беш аз пеш падидор мегарданд, ки ба талошҳои мо барои расидан ба вазифаҳо ва ҳадафҳои рушд таъсир мерасонанд.

Мушоҳидаҳои чандинсолаи коршиносон аз пурзӯршавии таъсири тағйирёбии иқлим ба табиат ва вазъи иҷтимоию иқтисодӣ дар кишвар ва минтақа гувоҳӣ медиҳанд.

Тибқи ин мушоҳидаҳо, дар давоми 60 соли охир ҳарорати миёнаи солонаи ҳаво дар Тоҷикистон як дараҷа баланд шудааст; пасомад ва шиддатнокии ҳодисаҳои табиии марбут ба об ва метеорология афзудааст;

Амплитудаи фаслҳои камобӣ ва серобӣ вайрон шуда, гузариши ногаҳонии байнифаслӣ, ки қаблан муназзамтар буд, мушоҳида мешавад.

Таъсири манфии тағйирёбии иқлим ба миқдор ва сифати захираҳои оби ошомиданӣ бештар зоҳир мегардад.

Мувофиқи маълумоти мавҷуда, тағйирёбии иқлим дар қаламрави Тоҷикистон боиси обшавии босуръати тақрибан сию панҷ дарсади пиряхҳо гардидааст.

Ба андешаи ман, мо бояд талошҳои худро, пеш аз ҳама,  ба таҳия ва қабули тадбирҳои мутобиқшавӣ, ки ҷузъи муҳими рушди устувор мебошанд, равона созем.

Дар Тоҷикистон мушкилоти тағйирёбии иқлим ва қабули тадбирҳои мутобиқшавӣ унсурҳои муҳими Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли ду ҳазору сӣ (2030) гардидаанд.

Ҳукумати кишвар соли  2010 Барномаи давлатии бистсоларо оид ба таҳқиқ ва ҳифзи пиряхҳо қабул намуд.

Чор сол муқаддам мо якҷо бо шарикон дар чаҳорчӯбаи экспедитсияи сеюми байналмилалии геофизикии баландкӯҳи Помир кор оғоз намудем.

Экспедитсияи мазкур на танҳо барои кишвари мо, балки барои тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ арзиши бузурги илмиву амалӣ дорад.

Вазифаи дигари муҳим коҳиш додани партови газҳои гулхонаӣ ба фазо дар сатҳе, ки ба системаи иқлим таъсири хатарноки антропогенӣ намерасонанд, мебошад.  Дар баробари ин, тадбирҳо оид ба коҳиш додани партовҳои зараровар ба фазо бояд бидуни расонидани таъсир ба вазифаҳо ва  ҳадафҳои рушд амалӣ карда шаванд. Паҳлӯи дигари талошҳои мо дастрас намудани технологияҳо ва инноватсияҳо мебошад, ки сарфакорӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиииро таъмин менамоянд.

Бо андешаи ман, маблағгузорӣ ҷузъи калидии талошҳои муштаракамон дар мубориза бар зидди тағйирёбии иқлим боқӣ мемонад.

Бидуни маблағгузории дурусти тадбирҳо оид ба коҳиш додани партовҳои зараровар ва мутобиқшавӣ, инчунин оид ба дастрас намудани технологияҳо, татбиқи ҳамаи ниятҳои некамон ғайриимкон мегардад.

Солҳои охир кӯшишҳои густариши ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ фаъол мегарданд. Ба андешаи Шумо, кадом дурнамои ҳамгироии дохилиминтақавӣ ва кадом иқдомҳо дар ин самт муҳимтаранд?

- Халқҳои Осиёи Марказӣ бо ҳамдигар бо риштаҳои бисёрасраи бародарию некӯҳамсоягӣ алоқаманданд.

Мо таърих, дин, фарҳанг ва анъанаи муштарак дорем.

Осиёи Марказӣ бо иқтидорҳои энергетикию табиӣӣ ва имконоти мусоиди нақлиётию коммуникатсионӣ аҳамияти муҳими геополитикӣ дошта, равандҳои мавҷудаи минтақа ба рушди бисёр кишварҳо ва тамоми минтақаҳо мусоидат менамояд.

Дар баробари ин, мехостам зикр намоям, ки дар шароити муосир давлатҳои Осиёи Марказӣ дар ҳалли мушкилоти муҳими марбут ба таҳкими амнияти минтақавӣ нақши муҳим мебозанд.

Ҳоло Тоҷикистон ва тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ бо мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ мешаванд, ки ба амнияти онҳо таҳдид мекунанд.

Расидан ба натиҷаҳои мусбӣ дар мубориза бар зидди ин таҳдидҳо ба амалҳои муштарак ва ҳамоҳангшуда дар сатҳи минтақавӣ вобастагии зиёд дорад.

Бо қаноатмандӣ зикр менамоям, ки вақтҳои охир дар минтақаи Осиёи Марказӣ талошҳои давлатҳо барои ҳамкории минтақавӣ қавитар мегардад.

Дурнамои наздикшавии даруниминтақавӣ тавсеаи ҳамкорӣ дар асоси баробарҳуқуқӣ, эътимод, шарикӣ ва некӯҳамсоягиро аз мо талаб мекунад.

Сиёсати Тоҷикистон дар ин самт ба зарурати таъсиси низоми самарабахши ҳамкории байнидавлатӣ бо мақсади таъмини суботи минтақавӣ ва рушди устувори иҷтимоиву иқтисодӣ асос меёбад.

Ман боварӣ дорам, ки Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки ба наздикӣ дар Остона доир шуд, чун майдони нави ба ҳам омадан омили тақвияти муносибатҳои байни кишварҳои минтақа дар татбиқи муштараки барномаҳои нав ва лоиҳаҳое мебошад, ки ба манфиатҳои дарозмуддати ҳамаи давлатҳои минтақа ҷавобгӯ аст.

- Вақтҳои охир дар робита ба бесуботӣ ва бад шудани авзоъ дар Афғонистон ҳама нигаронанд. Ба андешаи Шумо, ҷомеаи ҷаҳонӣ барои барқарорсозии сулҳу субот дар Афғонистон чӣ чораҳоро бояд татбиқ намояд?

Рушди авзои ҳарбӣ-сиёсӣ дар Афғонистон вақтҳои охир ба таври махсус изтиробангез аст.

Вазъ дар ин кишвари ҳамсоя дар оянда тамоюли бадтаршуданро дорад.

Дар робита ба ин, андешидани чораҳои муштаракро оид ба таъмини амнияти минтақавӣ ва субот, аз ҷумла барои мубориза бар зидди гардиши

Рушди вазъ дар Афғонистон тайи даҳсолаи охир нишон медиҳад, ки терроризм ва ифротгароиро наметавон танҳо бо усуслӣ ҳарбӣ решакан кард.

Имрӯз бояд омилҳои иҷтимоию иқтисодии мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб дар мадди аввал бошанд.

Бидуни таъмини амният, рушди соҳаи иқтисодию иҷтимоии Афғонистон ва мутаносибан ҳалли масъалаҳои ҳамгироии минбаъдаи минтақавӣ, ки ҷавобгӯи манфиатҳои умумии моянд, имконнопазир аст.

Дар ин росто, ҳамкории минтақавӣ унсури муҳими таҳкими субот дар Афғонистон ва минтақа мебошад.

Тоҷикистон талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва мардуми Афғонистонро барои ҳалли ҳамаҷонибаи мушкилоти ин кишвари дӯст дастгирӣ менамояд.

Дар доираи фаъолияти муштараки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар Афғонистон, Тоҷикистон минбаъд низ саҳми амалии худро, аз ҷумла ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар ин кишвар мегузорад.

Ба ақидаи мо, раванди ваҳдати миллӣ дар ин кишвар танҳо дар сурати ҷараёни мунтазами сулҳофаринӣ муваффақ мегардад.

- Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии Афғонистони ҳамсоя кадом кӯшишҳо анҷом дода мешаванд?

Назари ҷониби Тоҷикистон дар масъалаи барқарорсозии иҷтимоию иқтисодии Афғонистон дар санади ниҳоии Конфронси ҳамкории иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон (RECCA) возеҳ дарҷ шудааст.

Тоҷикистон имрӯз ба Афғонистон нерӯи барқ, масолеҳи сохтмонӣ, маҳсулоти кишоварзӣ, нуриҳои минералӣ ва маҳсулоти хӯрокворӣ содирот мекунад.

Дар ин замина, тавсия медиҳем, ба масъалаҳои таълиму тарбияи кадрҳои миллӣ, ки  ҷузъи муҳими таъмини сулҳу ризоият ва рушди иқтисодии Афғонистон мебошанд, диққати махсус дода шавад.

Бо дарназардошти гуногунии аҳолии Афғонистон, фикр мекунам, мутобиқи Конститутсияи ин кишвар ҳукумат бояд манфиатҳои ҳамаи халқиятҳоро ба инобат гирад.

Авҷи минбаъдаи низоъ дар Афғонистон ҳам барои ин кишвар ва ҳам барои минтақа оқибатҳои манфии дарозмӯҳлат дорад.

Аз ин рӯ, зарур мешуморем, ки барномаи стратегии маҷмӯан ва ҳамаҷониба асоснокшудаи амалҳои муштарак барои расидан ба сулҳ ва ризоият дар Афғонистон мувофиқат карда шаванд.

- Таманниёти Шумо ба тамошобинони телевизиони  СММ.

Мулоқоти мо бо шумо, аз нигоҳи ман, бо ду рӯйдоди муҳими байналмилалӣ рост омад: Ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Рӯзи умумиҷаҳонии об.

Тавре дар боло зикр кардем, маҳз дар ин рӯзи таърихӣ ҷомеаи ҷаҳонӣ татбиқи Даҳсолаи нави байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»-ро оғоз мекунад.

Дар робита ба ин, мехоҳам Шумо,  ҳайати  Шумо, кормандони сохторҳои СММ ва тамоми тамошобинонро бо ҷашни байналмилалии Наврӯз шодбош гуфта, саломатии бардавом, некӯаҳволӣ ва бурдборӣ таманно намоям.

Бо истифода аз фурсати муносиб, ба ҳамаи кишварҳои аъзо ва сохторҳои СММ барои мусоидат ба пешбурд ва татбиқи ташаббуси ҷаҳонии марбут ба об изҳори миннатдорӣ менамоям.

http://president.tj/node/17358

Обуна шудан!

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

ВАЗИРИ МУДОФИАИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ГЕНЕРАЛ-ПОЛКОВНИК 
ШЕРАЛӢ МИРЗО
Варзиш

Майдончаи савдо