Ба аввал: РОҲБАРИЯТ Генерал-майор Сафарализода Раҳмонали Давлат - Фармондеҳи Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
Ulti Clocks content
Омор
Имрӯз55
Моҳ3929
Ҳамарӯза120009
Варзиш

Наворҳо

Генерал-майор Сафарализода Раҳмонали Давлат - Фармондеҳи Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Генерал-майор Сафарализода Раҳмонали Давлат 6 апрели соли 1969 дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Соли 1986 ба омӯзишгоҳи олии зенитию мушакии Қӯшунҳои мудофиаи зидди ҳавоӣ дохил шуда, соли 1990 онро ба итмом расонидааст. Барои хизмат ба бригадаи зенитию мушакии 83-юм фиристонида шуд.

Соли 1993 сардори шӯъбаи якуми комиссариати ҳарбии ноҳияи Восеъ, худи ҳамин сол муовини командири 2-юми баталёни алоҳидаи кӯҳӣ – тирандозии ВМ ҶТ оид ба лавозимоти ҳарбӣ, таъин мегардад. Аз соли 1994 то соли 1997 дар Академияи муҳофизати зидди ҳавоии ВМ ФР таҳсил кардааст.

Аз соли 1997 то соли 2001 вазифаҳои сардори ситод, муовини Фармондеҳи Қӯшунҳои мудофиаи зидди ҳавоии ВМ ҶТ адо кардааст. Аз соли 2001 муваққатан вазифаи Фармондеҳи Қувваҳои ҳарбӣ- ҳавоиро ба дӯш дошт. Аз 4 апрели соли 2001 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи фармондеҳи Қувваҳои ҳарбии – ҳавоиро иҷро намудааст. Бо ордену медалҳои давлатӣ мукофонида шудааст. Оиладор, соҳиби 7 фарзанд.

 

ВАЗИРИ МУДОФИАИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ГЕНЕРАЛ-ЛЕЙТЕНАНТ
ШЕРАЛӢ МИРЗО