Ба аввал: Сафарҳои хориҷӣ Мулоқот бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
НАЗАРСАНҶӢ
Аз кадом хизматрасонии сомонаи расмии Вазорати мудофиа қаноатмандед?
 
Омор
Имрӯз290
Дирӯз530
Моҳ8000
Ҳамагӣ225208
Наворҳо

Форум

Мулоқот бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш

22.03.2018 02:33, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

21 марти соли 2018 дар шаҳри Ню Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар ҳошияи кушодашавии чорабинӣ бахшида ба Оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш мулоқот карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Антониу Гутерриш барои дастгирии доимӣ аз ташаббусҳои марбут ба оби Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид миннатдорӣ карда, бо итминон иброз доштанд, ки Даҳсолаи “Об барои рушди устувор” ҷиҳати ҳалли масъалаҳои об ва пешбарии Ҳадафи шашуми рушди устувори марбут ба он дар сатҳи ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва миллӣ мусоидат хоҳад кард.

Дар мулоқот масъалаҳо вобаста ба татбиқи Рӯзномаи 2030, ислоҳоти Низоми Созмони Милали Муттаҳид дар самтҳои сулҳу амният, низоми рушд ва мудирият, инчунин Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки дар доираи Барномаи рушди Созмони Милал таҳиягардида ба хотири ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор татбиқ мегарданд, баррасӣ карда шуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Тоҷикистон дар доираи роҳандозии рӯзномаи оби Созмони Милал, рӯзҳои 20-22-юми июни соли 2018 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалиро оид ба масъалаҳои об баргузор менамояд.

Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ дар масъалаи истифодаи самараноки обу энергетика ба манфиати мардуми Тоҷикистон ва минтақа, инчунин “Энергияи устувор барои ҳама” муҳокима карда шуд.

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш нақши пешсаф ва пешвогии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  дар масоили обӣ, пешбурди муваффақомези рӯзномаи ҷаҳонии об, мубориза алайҳи терроризм ва пешгирии ангезиши падидаҳои он дар минтақа ва фаротар аз он қайд намуд.

Дар пуштибонии ақидаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш пайвасти зичи масоили обу энергетикаро ба  таври возеҳ таъкид намуд.

Ӯ иброз дошт, ки пешгирии зуҳуроти тағйирёбии иқлим ин тавлиди энергияи аз манбаҳои таҷдидшаванда ва ё барқароршаванда мебошад ки захираву иқтидори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он боиси қобили мулоҳиза аст.

Вобаста ба андешидани тадбирҳои муштарак баҳри аз байн бурдани гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ аз қабили терроризму экстремизм, Тоҷикистон дар доираи Стратегияи миллии зиддимухаддиротии худ ва дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар шарикони рушд рӯзҳои 3-4 майи соли 2018 дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баландро дар мавзӯи муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ ва тундгароӣ баргузор менамояд.

Бо истифода аз фурсати муносиб баҳри кӯмаку дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Антониу Гутерриш ҷиҳати роҳандозии ҳамкориҳои густурда бо ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид дар пешгирии терроризм изҳори сипос намуд.

Дар ҷараёни мулоқот вобаста ба ҳалли масъалаҳои марбут ба таъмини сулҳу субот дар кишвари ҳамсояи мо - Афғонистон, саҳми Тоҷикистон дар барқарорсозии инфрасохтори иҷтимоӣ ва иқтисодии Афғонистон тавассути пайваст намудани шоҳроҳҳои нақлиётии ду кишвар, бунёди “пули энергетикӣ”-и CASA-1000 ва дигар тадбирҳо табодули андеша сурат гирифт.

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш таъкид кард, ки “Ман нигаронии Шуморо дар бораи дурнамои вазъи Афгонистон, ташаннуҷи вазъ дар Афгонистон дар мубориза алайҳи ҷангҷуён, пешгирии терроризм, қочоқи маводи мухаддир ва хариду фурӯши одамон хуб дарк менамоям”.

http://president.tj

Обуна шудан!

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

ВАЗИРИ МУДОФИАИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ГЕНЕРАЛ-ПОЛКОВНИК 
ШЕРАЛӢ МИРЗО
Варзиш

Майдончаи савдо