Ба аввал: РОҲБАРИЯТ Генерал-майор Саидзода Бобоҷон Абдуқодир - Фармондеҳи Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
Ulti Clocks content
Омор
Имрӯз55
Моҳ3929
Ҳамарӯза120009
Варзиш

Наворҳо

Генерал-майор Саидзода Бобоҷон Абдуқодир - Фармондеҳи Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Генерал-майор Саидзода Бобоҷон Абдуқодир 15 апрели соли 1969 дар ноҳияи Данғараи Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Хатмкардаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон мебошад.

Ӯ аз соли 1995 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар вазифаҳои гуногун, командири қисми ҳарбии 10001, командири қисми ҳарбии 07020 адои хизмат намудааст. Солҳои 2007-2009 дар Академияи Умумиқӯшунии Федератсияи Россия таҳсил намудааст.

Пас аз хатми Академия дар вазифаҳои муовини сардори Раёсати аслиҳа ва техикаи ҳарбии Вазорати мудофиа, командири қисми ҳарбии 01011-и Вазорати мудофиа кор ва фаъолият намудааст.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2011 то моҳи ноябри соли 2015 дар вазифаи муовини вазири мудофиа оид ба ақибгоҳ адои вазифа намудааст.

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 ноябри соли 2015 ба вазифаи фармондеҳи Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст.

ВАЗИРИ МУДОФИАИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ГЕНЕРАЛ-ЛЕЙТЕНАНТ
ШЕРАЛӢ МИРЗО