Главная страница: Новости Аввалин қисми ҳарбӣ
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
ОПРОС
Аз кадом хизматрасонии сомонаи расмии Вазорати мудофиа қаноатмандед?
 
Статистика
Сегодня318
Недели1638
В этом месяце5083
Всего193938
Видео

Форум

Аввалин қисми ҳарбӣ

27.02.2018

23 феврал аз замони таъсисёбии ҚМ ҶТ 25 сол пур шуд. Дар тӯли ин муддат марҳила ба марҳила қисму воҳидҳои низомӣ ташкил шуда, ҷавобгӯй ба талаботи замони муосир бунёд ёфтанд, вале мо дар ин барнома аз таърихи ташкилёбии яке аз аввалин қисмҳои ҳарбӣ, роҳи тайнамуда ва хизматҳои ҳайати шахсии он ёдовар хоҳем шуд. Бригадаи алоҳидаи таъйиноти махсус аз ҷумлаи он қисмҳои низомӣ аст, ки фаъолияти худро аз моҳи феврали соли 1993 оғоз намуда, ба тадриҷ дар заминаи он қисми низомии 07017 таъсис ёфт.

Аз оғози фаъолият ҳайати фармондеҳӣ ва афсарони ин воҳиди навтаъсиси ҳарбиро аксаран хизматчиёни низомие, ки аз фронти халқӣ шомили Қувваҳои Мусаллаҳи навбунёди кишвар гардида буданд, ташкил медоданд. Яъне дар он солҳо нафарони касбу кори гуногун хизматчии ҳарбӣ шуда, дар ин воҳиди низомӣ адои хизмат мекарданд.

Дар он лаҳзаҳои бисёр ҳасос барои Тоҷикистон, ки мушкилиҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва дигар вазъияти пуртазод монеаҳои зиёдеро пеш меовард, ҳайати шахсии ин қисми низомӣ ба камбудиву норасогиҳои ҷойдошта нигоҳ накарда, маҳорату малака ва нерӯи ҷангии худро, дар самти ҳимояи марзу буми аҷдодӣ, таҳким бахшидани сохти конститутсионӣ ва баҳри пойдории сулҳу суботи мамлакат равона намуданд. Ин нуқтаро подполковник Неъмат Азизода, ки аз солҳои аввали ташкилёбии ин воҳиди низомӣ то ҳол ба ҳайси иқтисодчӣ адои хизмат мекунад, тасдиқ намуд.

Тавре иттило дода шуд, дар давоми ин солҳо бо дастгирии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тамоми бинову иншооти ёрирасони қисми низомӣ, шароитҳои хизмативу маишӣ ва ҳам таълимии ҳайати шахсӣ ба талаботи ҳозиразамони ҳарбӣ мутобиқ гардонида шуданд.

Бояд қайд намуд, ки аз нахустин рӯзҳои ташкилшавӣ то инҷониб, ҳайати шахсии ин воҳиди низомӣ дар баробари ташкилу роҳандози намудани машқҳои пайвастаи баталионӣ-тактикӣ ва дигар ҷамъомаду машғулиятҳои таълимии саҳроӣ, инчунин дар машқҳои муштараки Қувваҳои Мусаллаҳи кишварҳои узви созмонҳои байналмилалӣ, ки дар ҳудуди ҶТ доир мешаванд, ширкати фаъолона карда, доимо сазовори баҳои баланд мегарданд.

Қайд кардан зарур аст, ки интизоми ҳайати шахсӣ вобаста ба таъмини волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ ва тибқи талаботи оинномаҳои умумиҳарбӣ ба роҳ монда шуда, афсарони масъул дар таълиму тарбияи сарбозон диққати махсус зоҳир менамоянд. Ва албатта, ин ҳама аз заминаҳои хуби моддиву маънавӣ дарк медиҳад. Зеро, қисми низомӣ дорои тамоми шароиту имконоти пешбинишуда ба хизмати ҳарбӣ мебошад, ки он имкон медиҳад ҳамаи ҳайати шахсӣ вазифаҳои бар уҳда доштаро сарбландона иҷро намоянд.

Умуман, афсарону сарбозони қисми ҳарбӣ аз нахсутрӯзҳои таъсиси Артиши миллӣ дар роҳи хизмат ба Ватан ва баҳри дифо аз музаффариятҳои Истиқлолияти давлатӣ кӯшиши зиёд намуда, имрӯз ин воҳиди низомии худро ба як неруи пурзӯри мудофиавии ватан табдил додаанд.

Маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Подпишитесь к нам!

ЭМОМАЛИ РАХМОН

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

МИНИСТР ОБОРОНЫ
РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

ГЕНЕРАЛ-ПОЛКОВНИК 
ШЕРАЛИ МИРЗО
Спорт

Tорговая площадка