Ба аввал: Навид Кадбонуи ҳунар
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
НАЗАРСАНҶӢ
Аз кадом хизматрасонии сомонаи расмии Вазорати мудофиа қаноатмандед?
 
Омор
Имрӯз161
Дирӯз323
Моҳ4652
Ҳамагӣ202733
Наворҳо

Форум

Кадбонуи ҳунар

21.02.2018

Занон ҳамчун қувваи бузурги тарбиятгарони насли созандаи ватан ва роҳнамову маърифатбахши аҳли ҷомеа ҳамеша дар партави таваҷҷӯҳи Роҳбарияти олии мамлакат қарор доранд. Ин аст, ки ҷавобан ба ғамхориҳо ва ташаббусҳои роҳандозӣ гардида дар самти дастгирии занон, ин қишри фаъоли ҷомеа дар иҷрои босифати вазифаҳои бар зимма дошта пурмасъуланду баробари мардон қадамҳои устувор мегузоранд. Конфренсияи илмӣ-амалие, ки таҳти мавзӯи “Саҳми занон дар рушд ва ташаккули ҚМ ҶТ” бо ибтикори роҳбарияти ВМ ва Шӯрои занони ин ниҳоди қудратии мамлакат дар Кохи афсарони ВМ доир гардид, зимни он намояндагони фаъоли ин қишри ҷомеа аз Маҷлиси Намояндагони МОҶТ, Агентии хизмати давлатии назди ПҶТ, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҲҶТ, Суди конститутсионнӣ, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ, ҚС КДАМ, КҲФ ва МГ НҲҶТ ва дигар сохторҳои давлативу низомии ҷумҳурӣ ширкат доштанд.

Конфренсияи мазкур бо намоиши филми мустанад оид ба фаъолияти занон хизматчиёни ҳарбии ҚМ ҶТ оғоз гардид, ки он бозгӯйкунандаи хизмати пурмасъули ҳарбии занону бонувони низомӣ дар сохтори идорӣ ва ҷузъу томи Артиши миллӣ буд. Дар воқеъ, хизмати ҳарбӣ масъулиятноку заҳматталаб аст, вале новобаста аз ин, имрӯзҳо занон афсарону прапоршикони Артиш худ муҳофизанду боз ҳам муҳофизони ояндаро тарбия намудаву бар камол мерасонанд.

Он ҳама заҳмату талошҳо, ташаббусҳои созанда ва некбинонаву ватанпарастонаи занону модарон, нақши онҳо дар пешрафту шукуфоии ватан ва рушду такомули ҚМ дар оғоз бо андешаронии амиқ маърӯзаи масъулини ВМ мамлакатро фаро гирифт.

Сипас, маърӯзачиён ҳар яке вобаста ба нақши зан, модар дар тарбияи насли солим, ҳисси ватанпарастии ҷавонон, рушди қонунгузории оилавӣ дар давраи Истиқолияти миллӣ ва дигар мавзӯъҳои амсоли ин бо нутқи пурмӯҳтаво баромад намуда, зикр карданд, ки хушбахтона, имрӯз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ занону бонувон бо истифода аз фазои озоди ҳуқуқӣ ва соҳибихтиёрӣ дар ҷомеа фаъолияти густурдаи худро дар бахшу соҳаҳои гуногун ба роҳ мондаанд, ки сарбаландона ифои вазифа менамоянд ва насли худро дар муҳити озоду осудаи ватан бо ҳисси баланду ифтихор аз давлату миллат тарбия менамоянд.

Ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ ва ҳуввияти миллӣ дар чӣ собит мегардад? Мавзӯи баррасинамудаи шоираи хушкалом, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, Меҳринисо Бобобекова буд, ки бо фарогирии ҷузъиёти маънавӣ ва ахлоқиву илмӣ пешниҳоди иштирокчиёни конфренсияи мазкур гардонида шуд. Мавсуф саҳми барҷастаи занону бонувон дар рушд ва ташаккули ҚМ-ро дар баробари хизмати мардона, инчунин аз тарбияи ҳомиёни ояндаи ин сарзамин маънидод кард.

Ҳамин тавр, зимни ҷараёни конфронс дигар иштирокчиён андешаҳои худро дар мавзӯи “Амалишавии Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар ҶТ барои солҳои 2015-2020” баён намуданд.

Қисмати амалии конфренсия бошад бо ташкилу баргузории озмуни “Кадбонуи беҳтарин” дар Донишкадаи ҳарбии ВМ доир гардид, меҳмононро масъулини ин муассисаи таълимии ҳарбӣ таҳти навои Оркестри ҳарбӣ-нафасӣ пешвоз гирифтанд.

Озмуни мазкур ба эълон гардидани Соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва сазовор пешвоз гирифтани 25 - солагии ҚМ ҶТ бахшида шуда буд, ки мақсад аз роҳандозӣ намудани онро ташкилкунандагон дар баробари таҳкими маҳорати касбӣ, инчунин эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ, тарғибу ташвиқи арзишҳои миллӣ, эҳтиром ба хӯрокҳои милливу аврупоӣ ва арҷгузорӣ ба меҳнати истеҳсолкунандагони молу маҳсулот арзёбӣ намуданд.

Дар ин озмун даҳ даста ширкат доштанд, ки онҳо Дастгоҳи марказии вазорат, СГ ҚМ, навъҳои қӯшуни Артиши миллӣ, муассисаҳои таълимии низомӣ, шифохонаи марказии ҳарбӣ, Комбинати дӯзандагии молу амволи ҳарбӣ ва комиссариатҳои ҳарбии шаҳри Душанбеву ноҳияҳои тобеи ҷумҳуририро намояндагӣ мекарданд.

Дастаҳои иштирокчӣ вобаста ба таъйиноти хизматӣ дар рафти озмун ва иҷрои шартҳои ба он пешбинишуда бо номҳои рамзии муҳофизони ватан, пайравони сино, зудамалу нӯшофарин, гурдофарид, ҳавонавард, чеварон, ояндасози ҚМ, бонувони Артиш ва ҳомиёни марзу бум ҳар яке навъи ҷузъу томи худро дар назди меҳмонон ва ҳайати иштирокчиён муаррифӣ намуданд.

Шартҳои пешбинишуда ба озмун бо фарогирии сарзамини зебоманзару соҳибганҷ будани Тоҷикистони азиз, ҳамчунин ҳунарҳои хоси мардуми минтақаҳои гуногуни кишвар, маҳорати пухту паз ва рафти хизмати занону бонувони низомиро аз худ таҷассум менамуд. Тавре меҳмонон қайд карданд, он мавзуву масълаҳое, ки дар қисмати илмии конфренсия паҳлуҳои гуногуни он ҳарф зада будем, ҳамакнун бахе аз шартҳои озмун воқеияти ҳоли онро нишон дод, то бидонем занону бонувони низомии мо дар сафи Артиш чӣ масъулиятро бар зимма доранд.

Аз рӯйи тартиб ҳар як шарти озмуни “Кадбонуи беҳтарин” таҳти навои мусиқӣ, оҳангҳои ватандӯстона ва рақси миллӣ доир гардид, ки ин ҳам як бахши ҳунару фарҳанги мардум мебошад. Боиси хушнудист, ки имрӯз халқи Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба гиромидошту эҳтироми тамаддуни аҷдодӣ ва урфу одатҳои миллӣ мепардозанд. Далели ин гуфтаҳо эълон гардидани соли 2018 “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” аз ҷониби Пешвои миллат мебошад.

Ҳамин тавр, қабл аз оғози барномаи васеи консертӣ ҳайати ҳакамон нозукбинонаву эҳтиёткорона дар баҳогузорӣ ба ҳунару маҳорати иштирокчиёни озмун ҳамаи дастаҳоро ҳунарманду тавоно муаррифӣ намуда, онҳоро аз номи роҳбарияти ВМ кишвар бо тӯҳфаҳои хотиравӣ ва маблағҳои пулӣ қадрдонӣ намуданд.

Дар охир, озмуни мазкурро суруду оҳангҳои ватандӯстонаи ҳунармандони ансамбли “Шараф”-и ВМ ва ФДТ ба номи Акашариф Ҷӯраев бо хушҳоливу болидарӯҳии иштирокчиён ҷамъбаст намуд.

МАРКАЗИ МАТБУОТИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Обуна шудан!

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

ВАЗИРИ МУДОФИАИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ГЕНЕРАЛ-ПОЛКОВНИК 
ШЕРАЛӢ МИРЗО
Варзиш

Майдончаи савдо