Home: Public relations “Наҳзатиён аз некбиниҳои Ҳукумат сӯиистифода карданд”
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
VOTE
Аз кадом хизматрасонии сомонаи расмии Вазорати мудофиа қаноатмандед?
 
Statistics
Today402
Week2850
This month1857
Only355320
Video

Forum

“Наҳзатиён аз некбиниҳои Ҳукумат сӯиистифода карданд”

Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон 31 январи соли равон дар шаҳри Истанбули Туркия бо хабарнигорони шабакаи давлатии телевизионии “ТРТ”, рӯзномаи бахши форсӣ ва туркии агентии давлатии “Анадолу” ва хабарнигори бахши туркии рӯзномаи “Спутник” мусоҳиба орост. Дар ин бора АМИТ “Ховар” бо такя ба Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон хабар додааст.

Зимни мусоҳиба Саидмукаррам Абдуқодирзода бо пешниҳоди рӯзноманигорони турк оид ба ҳамкорӣ миёни Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва диёнати Ҷумҳурии Туркия изҳори назар намуда, дар мавриди пешгирии амалҳои тахрибкоронаи ташкилоти террористии ҲНИТ ва созмони Фатҳуллоҳ Гӯлен аз ҷониби мақомоти марбутаи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти зарурӣ пешниҳод кард. Тавре муфтӣ зикр доштааст, гурӯҳи террористии ҲНИТ ҳанӯз солҳои ҳаштодуми асри гузашта бо истифода аз номи Ислом фаъолияти харобкориашро оғоз кард. Вале дере нагузашта чеҳраи воқеии он ошкор гашт. Аъзои созмони террористии мазкур, ки қаблан дар Афғонистон таълими низомӣ гирифта буданд, бо мақсади ғасби Ҳукумати Тоҷикистон даст ба амалиёти мусаллаҳона заданд. Муфтӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки ҳаводорони созмони террористии ҲНИТ миллати осоиштаи тоҷикро ба ҷанг кашида, дар натиҷа 150 ҳазор нафар мардуми шарифи Тоҷикистонро бераҳмона ба қатл расониданд. Рӯзноманигорони турк аз амалҳои террористии наҳзат ба ҳайрат омода, пурсиданд, ки чаро Ҳукумати Тоҷикистон барои фаъолияти минбаъдаи наҳзат иҷозат доданд?

С.Абдуқодирзода гуфт, Ҳукумати Тоҷикистон ба хотири қатъи ҷанг дар кишвар ба наҳзатиҳо иҷозат дод, то фаъолияташонро дар доираи қонун ба роҳ монда, дар пешрафти Тоҷикистон саҳм гузоранд. Мутаассифона, аъзои ташкилоти мазкур аз некбинии Ҳукумат сӯиистифода намуда, дубора ба мардуми шарифи Тоҷикистон хиёнат карданд. Ҷонибдорони наҳзат сентябри соли 2015 ба табаддулоти низомӣ даст заданд, ки хушбахтона, ин маротиб халқи тоҷик сари вақт ба онҳо ҷавоби зарурӣ дод.

Раиси Шӯрои уламо таъкид намуд, ки Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди миллати тоҷик ҲНИТ-ро ҳамчун ташкилоти экстремистӣ ва террористӣ эълон намуд. Зикр гардид, ки дар натиҷаи ҳамкории судманд миёни мақомоти дахлдори Тоҷикистону Туркия фаъолияти душманонаи аъзои наҳзат дар қаламрави Туркия қатъ гардида, ҷонибдоронаш аз ҷумҳурӣ берун карда шуданд. Дар анҷоми мусоҳиба Саидмукаррам Абдуқодирзода бо пешниҳоди рӯзноманигорон дар мавриди вазъи имрӯзаи Қудс ва амалиёти низомии Туркия дар шаҳри Африни Сурия низ изҳори назар намуд.

Рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон”

Subscribe to us!

EMOMALI RAHMON

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

Minister of Defense
of the Republic of Tajikistan

Colonel-General Sherali Mirzo
Sport

The newspaper "Defender of the Fatherland"

ДАР ИН ШУМОРА:

1. НАВРӮЗ МЕРАСАД БОЗ…

2. САЙРИ ТАЪРИХИИ НАВРӮЗ

3. МАШҚҲОИ МУШТАРАКИ АМАЛИЁТӢ-СТРАТЕГӢ

4. САЛОМИ ҲАРБӢ КАЙ ПАЙДО ШУД?

5. НАМУНАИ ИБРАТ

6. КАК ПРАВИЛЬНО ВЕСТИ СЕБЯ ОФИЦЕРУ В АРМИИ

7. САБЗКОРИҲОИ НИЗОМИЁН

8. ПИРӮЗИИ НЕКРӮЗ