Home: PREZIDENT Таъиноти кадрӣ
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
Statistics
Today172
This month5363
Only137871
Sport

Video

Таъиноти кадрӣ

09.02,2018

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор кадрҳоеро, ки дар мақомоти Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Хатлону Суғд, вазоратҳои мудофиа, маориф ва илм, Хадамоти гумрук, Кумитаҳои сохтмон ва меъморӣ, ҳифзи муҳити зист ва Агентии авиатсияи гражданӣ ба вазифаҳои масъулу роҳбарикунанда таъин ва пешниҳод гардиданд, ба ҳузур пазируфтанд.

Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд ва ба вазифаи судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Абдураҳимзода Дилором Рустам", "дар бораи ба вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Ализода Набӣ Искандар ва Абдулҳақов Маҳмадалӣ”, дар асоси банди 2 моддаи 56 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Исматзода Раҳмат бинобар сабаби вафоташ” ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардиданд.

Бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қудратзода Саидҷон бо сабаби вафоташ аз вазифаи раиси суди ноҳияи Файзобод ва Табаров Хайрулло аз вазифаи раиси суди ҳарбии гарнизони Хоруғ бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан озод карда шуданд.

Мутобиқи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон" пешниҳоди Президенти мамлакат дар бораи Раиси палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Чиллазода Қарахон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.

Саидзода Бобоҷон Абдуқодир бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазифаи Фармондеҳи Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардида, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи муовини Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таьин карда шуд.

Бо Фармонҳои Президенти мамлакат Раисони шаҳрҳои Исфара, Бӯстон ва ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд, шаҳри Турсунзода, ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон аз ҳисоби кадрҳои кордону соҳибтаҷриба таьин гардиданд. Зиёзода Сулаймон Ризоӣ, ки то ин вақт дар вазифаи Раиси ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд кор мекард, минбаъд дар вазифаи муовини якуми Раиси вилояти Хатлон адои вазифа менамояд.

Бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Турсунзода Ҳайдар муовини якум, Шерализода Хуршед ва Ҳурматзода Иззатулло муовинони Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таьин шуданд.

Субҳонзода Икром Субҳон Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Набизода Азиз муовини директори Агентии мазкур таьин гардиданд.

Ҳамчунин, бо Қарорҳои ҳукумати мамлакат Сатторӣ Баҳром Бобоқул Директори иҷроияи Гурӯҳи татбиқи Лоиҳаи таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна таъин шуда, Айхон Шарифова аз вазифаи муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Окимбекова Зӯҳро аз вазифаи муовини Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби ба нафақа баромаданашон озод карда шуданд. Раҳматуллозода Шаҳноз- муовини Раиси кумитаи меъморӣ ва сохтмон ва Назарзода Заррина муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таьин гардиданд.

Зимни сӯҳбат Пешвои миллат аз ҳар як хизматчии давлатӣ, ки собиқаи корӣ ва малакаи зарурии роҳбариро соҳиб гаштаанд, садоқат ба халқу Ватан ва дасту дили пок ба дӯш гирифтани заҳмати шабонарӯзӣ барои пешрафти кишвари азизро талаб намуда, баҳри иҷрои рисолати сарварӣ дар асоси боварии мардум ва Сарвари давлат барору комёбӣ орзу намуданд. Дар ҷавоб ба эътимод ва ғамхориҳои Пешвои миллат онҳое, ки масъулияти баланди роҳбариро дар зинаҳои гуногуни ҳокимият ба ӯҳда гирифтанд, изҳор доштанд, ки дар оянда барои рафъи мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта дар соҳаҳои худ тамоми кӯшишу ғайрат ва таҷибаву малакаи андӯхтаашонро дареғ намедоранд.

president.tj

 

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

MINISTRY OF DEFENCE
OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN

LIEUTENANT-GENERAL
SHERALI MIRZO
Рӯзномаи “Ҳомии Ватан”

ДАР ИН ШУМОРА:

1. ҶАМЪБАСТ ЧИРО НИШОН ДОД?

2. БАҲРИ АМНИЯТИ ВАТАН

3. ТАНЗИМ ДАР ҲАЁТИ НИЗОМИЁН

4. АРТИШ ДАР ОЙИНАИ ТАЪРИХ

5. ДАСТОВАРДИ БУЗУРГИ СОЛ

6. ФИДОКОР

7. СОЛИ НАВИ ХОНИШ

8. ТАКМИЛИ ДОНИШУ МАҲОРАТ

9. БАЗМИ ХОТИРМОН