Ба аввал: РОҲБАРИЯТ Муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ - сардори Раёсати аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ генерал-майор Маҳмадзода Сӯҳроб Талбак
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
Ulti Clocks content
Омор
Имрӯз55
Моҳ3929
Ҳамарӯза120009
Варзиш

Наворҳо

Муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ - сардори Раёсати аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ генерал-майор Маҳмадзода Сӯҳроб Талбак

Генерал-майор Маҳмадзода Сӯҳроб Талбак 6 апрели соли 1970 дар ш. Душанбе таваллуд шудааст. Солҳои 1987 – 1991 омӯзишгоҳи олӣ – ҳарбии танкистии ш. Тошкентро хатм намудааст. Солҳои 1993-1994 дар вазифаҳои командири взвод ва командири ротаи таълимии Донишкадаи ҳарбӣ адои хизмат намудааст. Солҳои 1997-1998 сардори хадамоти бронетанкӣ аз соли 1998 то соли 2002 муовини сардори шӯъбаи аслиҳа ва техникаи ҳарбии Қушунҳои хушкигард хизмат намудааст.

Академияи умумиқӯшунии Федератсияи Россияро (2002-2004) хатм кардааст. Соли 2004 муваққатан иҷрокунандаи вазифаи командири бригадаи якум буд. Аз соли 2005 то соли 2007 дар вазифаи муовини фармондеҳ оид ба аслиҳа ва техникаи ҳарбиро ба дӯш дошт. Аз соли 2007 то моҳи июни соли 2011 вазифаи командири қисми ҳарбии 87840-ро ба дӯш дошт.

Генерал-майор Маҳмадзода Сӯҳроб Талбак бо Қарори Ҳукумати ҶТ муовини вазири мудофиа оид ба аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ – сардори Раёсати аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ таъин гардидааст.

 

ВАЗИРИ МУДОФИАИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ГЕНЕРАЛ-ЛЕЙТЕНАНТ
ШЕРАЛӢ МИРЗО