Home: News ТАНЗИМ ДАР ҲАЁТИ НИЗОМИЁН
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
Statistics
Today173
This month5364
Only137872
Sport

Video

ТАНЗИМ ДАР ҲАЁТИ НИЗОМИЁН

01.02.2018

Бо мақсади ҳимоя намудан аз манфиатҳои иҷтимоӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ, гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ аз ҷониби хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гарждании шаҳри Душанбе ва воҳидҳои сохтории он, комиссияи ҷамъиятии танзими анъана ва ҷашну маросимҳо таъсис дода шудааст. Комиссияи мазкур назорати доимии риояи анъана ва ҷашну маросимро дар ситод ва дар манзилҳои истиқоматии ҳайати шахсии ситод ба уҳда дорад.

Таҳти роҳбарии раиси комиссияи ҷамъиятӣ майор Ҳамзаалӣ Саидов, комиссияи мазкур мунтазам корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда, вохӯриҳои намояндагони Раёсати танзими Кумитаи оид ба корҳои дин ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ҳайати шахсӣ доир месозад.

Дар соли 2017 зери назорати ин комиссия 11 чорабинии ҷашни туйи домодию арӯсӣ ва маросимҳои азодорӣ дар доираи талаботи ин қонун бе исрофкориву зиёдаравӣ гузаронида шудааст.

МУХБИРИ МАРКАЗИ МАТБУОТИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

MINISTRY OF DEFENCE
OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN

LIEUTENANT-GENERAL
SHERALI MIRZO
Рӯзномаи “Ҳомии Ватан”

ДАР ИН ШУМОРА:

1. ҶАМЪБАСТ ЧИРО НИШОН ДОД?

2. БАҲРИ АМНИЯТИ ВАТАН

3. ТАНЗИМ ДАР ҲАЁТИ НИЗОМИЁН

4. АРТИШ ДАР ОЙИНАИ ТАЪРИХ

5. ДАСТОВАРДИ БУЗУРГИ СОЛ

6. ФИДОКОР

7. СОЛИ НАВИ ХОНИШ

8. ТАКМИЛИ ДОНИШУ МАҲОРАТ

9. БАЗМИ ХОТИРМОН