Главная страница: Спорт ДАСТОВАРДИ БУЗУРГИ СОЛ
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
ОПРОС
Аз кадом хизматрасонии сомонаи расмии Вазорати мудофиа қаноатмандед?
 
Статистика
Сегодня50
Недели1992
В этом месяце6364
Всего212958
Видео

Форум

ДАСТОВАРДИ БУЗУРГИ СОЛ

30.01.2018

Дар мавсими сипаригардидаи футболи мамлакат дастаи варзишгарони Клуби марказии варзиши артиши “Помир” аз 21 бозӣ 8 ғалаба ба даст оварда, 10 бозиро мусовӣ анҷом дода, бо таносуби тубҳо-19 бар 13 соҳиби 34 имтиёз гардид ва бори нахуст аз замони таъсисёбии хеш ба дарёфти мақоми 3-юм ва медалҳои бринҷии чемпионати 26-уми Лигаи олии футболи Тоҷикистон шарафёб шуд. Ҳайати дуюми ҷавонони даста низ ҳамин натиҷаи шоёнро дар мавсими футболи соли 2017 ба даст оварданд.

Ба ин муносибат дар Кохи афсарони Вазорати мудофиа бо иштироки ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳии ин ниҳоди қудратии кишвар, намояндагон аз Федератсияи футболи Тоҷикистон, мураббиёну варзишгарон ва ҷавонон аз қишрҳои гуногуни ҷомеа маросими ҷоизасупорӣ ҷиҳати натиҷаи ифтихорӣ баргузор гардид.

Дар ҳамоиш аз Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои баррасигардида самти оммавигардонии варзиш, таблиғи тарзи ҳаёти солим ва рушди бемайлони варзиш вазири мудофиаи мамлакат генерал-лейтенант Шерали Мирзо мисолҳо оварда, бо изҳори хушнудӣ аз ин дастоварди арзандаи футболбозон қайд карданд, ки Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолии мамлакат заминаҳои меъёриву ҳуқуқӣ ва ташкиливу инфрасохтории соҳаи варзишро фароҳам овардааст. Намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон бо миннатдорӣ аз роҳбарияти вазорат қайд карданд, ки шароит ва имкониятҳои бошишгоҳи Клуби марказии варзишии артиши Вазорати мудофиа сол аз сол беҳтар гашта истодааст. Изҳори боварӣ карда шуд, ки футболбозони Вазорати мудофиа дар чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи миллӣ боз ҳам бештар талош варзида, дар соли 2018 низ ба комёбиҳои нав ноил мегарданд.

Қабл аз маросими ҷоизасупорӣ ташкилкунандагони чорабинӣ ба ҳозирин филми мустанадро аз таърихи гузашта ва имрӯзи ин Клуби овозадори варзиш намоиш доданд. Қобили зикр аст, ки Клуби марказии варзиши артиш “Помир”-яке аз дастаҳои собиқадори футболи тоҷик буда, ҳанӯз дар замони Ҳукумати шуравӣ дар чемпианатҳо ширкат меварзид. Даста соли 1950 бо номи “Болшевик” таъсис ёфта, аз соли 1970 инҷониб дар байни мухлисону ҳаводоронаш бо номи “Помир” маъруфият дорад. Дастовардҳои он ҳанӯз аз замони Ҳукумати шуравӣ ибтидо гирифтаанд. Роҳбарияти даста маҳорати бозингаронашонро бо тадриҷ сайқал дода, соли 1967 ҳар кадом ба дарёфти унвони устоди варзиши СССР шарафёб гардида буданд.

Дар ҳамоиш ба футболбозони муваффақи клуби мазкур роҳбарияти Вазорати мудофиа ҷиҳати дастгириҳои пайвастаи футболбозони артиш ва ноил гардидан ба дастоварди арзанда дар соли ҷавонон аз номи Президенти Федератисияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ сипоснома супорида шуд. Сипас, ба масъулин, мураббиён ва худи варзишгарон низ медалҳои биринҷӣ, ҷоизаи асосӣ бо маблағи 217000 сомонӣ ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ дар фазои тантанавӣ тақдим гардид.

Фазои шодиву сурури футболбозони даста, дар маҷмӯъ ҳайати шахсии Клуби марказии варзиши артиши Вазорати мудофиа ва кулли иштирокчиёни маросими навбатии ҷоизасупориро дар фарҷом суруду оҳангҳои ватанпарастонаи ҳунармандони Ансамбли “Шараф”-и вазорат боз ҳам рангинтар гардонид.

МАРКАЗИ МАТБУОТИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Подпишитесь к нам!

ЭМОМАЛИ РАХМОН

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

МИНИСТР ОБОРОНЫ
РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

ГЕНЕРАЛ-ПОЛКОВНИК 
ШЕРАЛИ МИРЗО
Спорт

Tорговая площадка