Ба аввал: Навид ҶАМЪБАСТ ЧИРО НИШОН ДОД?
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
НАЗАРСАНҶӢ
Аз кадом хизматрасонии сомонаи расмии Вазорати мудофиа қаноатмандед?
 
Омор
Имрӯз43
Дирӯз356
Моҳ5164
Ҳамагӣ194019
Наворҳо

Форум

ҶАМЪБАСТ ЧИРО НИШОН ДОД?

25.01.2018

НАТИҶАИ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ ДАР СОЛИ 2017

Инак нимаи аввали моҳи январи соли 2018 низ ба анҷом расид. Пеш аз оне, ки аз нақшаву дурнамои минбаъдаи Қувваҳои Мусаллаҳ дар соли нав ҳарф занем, бояд ёдовар шуд, ки соли 2017 барои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, чӣ гуна сол буд.

Дар ҷаласае, ки дар Вазорати мудофиаи мамлакат доир гардид, бурду бохт ва натиҷаҳои фаъолияти гуногунҷабҳаи ин ниҳоди қудратӣ мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор гирифт.

Дар ҷаласа котиби Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ, вазири мудофиаи кишвар, сарпрокурори ҳарбӣ, директори Агентии таъминоти амволи махсус, намояндагони Кумитаи давлатии аминияти миллӣ, ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳии Вазорати мудофиаи мамлакат, комиссарони ҳарбии вилоятҳо, командирони ҷузъу томҳо ва дигар масъулини дахлдор ширкат намуданд.

Дар ҷаласа нахуст сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, муовинони вазири мудофиа ва масъулини дигар раёсатҳои тобеи ин ниҳоди қудратӣ баромад намуда, доир ба татбиқи амалии нақша-чорабиниҳои соли сипаригашта, гузориш доданд. Тавре зикр гардид, ҳайати фармондеҳии навъҳо Қувваҳои Мусаллаҳ ва раёсатҳои Дастгоҳи марказиву Ситоди генералӣ дар доираи амалӣ намудани нақшаи ягонаи тайёрии ҷангӣ, беҳдошти сатҳу сифати машғулиятҳои мухталифи таълимӣ, гузаронидани ҷамъомаду барномаҳои омӯзишӣ, ташкилу ба роҳ мондани маҷмӯи машқҳои муштараки низомӣ, бо таҳлили ҳамаҷониба роҳандозӣ намудани роҳу усулҳои мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир ва дигар нақша-чорабиниҳои низомии пешбинишударо дар сатҳи лозима ба анҷом расониданд. Илова бар ин, дар сохтори штатии вазорат ва зертобеи он як қатор тағйирот ворид карда шуда, дар соли сипаригашта Маркази идоракунии Қувваҳои Мусаллаҳ таъсис ёфт, ки он метавонад дар як вақт тамоми қарорҳои ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳиро қабул намуда, тибқи он амал намояд.

Бунёди як қатор бинову иншооти гуногуни низомӣ, шаҳракҳои тактикиву оташфишонӣ, толору майдончаҳои варзишӣ, ташкили нуқтаву мавзеъҳои ёрирасони таълимӣ дар қисмҳои низомӣ ва амалӣ намудани корҳои сохтмонӣ аз корҳое буданд, ки дар соли сипаришуда иҷро гардиданд. Тавре иттилоъ дода шуд, дар соли 2017 вобаста ба самти фаъолияти Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ ва Раёсати тайёрии ҷангӣ дар доираи амалӣ намудани наздики 100 номгӯи нақша-чорабиниҳо, аз ҷумла, дар самти машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ бо зиёда аз 120 ҳазор нафар шаҳрвандон омӯзиш гузаронида шуда, дар тамоми гарнизонҳо ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ чорабиниҳои гуногуни низомӣ дар сатҳи баланд ташкилу ба роҳ мода шуданд.

Ҳангоми таҳлил ва баррасии масъалаҳои ба ҷамъомад пешбинишуда зикр карда шуд, ки дар баробари пешравиҳои назаррас камбудиҳои ҷиддӣ низ ба мушоҳида мерасид, ки барои бартараф намудани онҳо дар муҳлатҳои муайян таклифу пешниҳодоти мушаххас ба миён гузошта шуд.

Масоили вобаста ба пурзӯр намудани интизоми ҳарбӣ, нигоҳдорӣ ва тарзи дурусти истифода намудани техникаҳои ҷангиву автомобилӣ, таъминоти сару либос, маводи хӯрокворӣ, амволи шайъӣ, сӯзишвориву равғанҳои молиданӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба фаъолияти сохторҳои зертобеи ин ниҳоди қудратӣ низ дар ҷаласаи мазкур таҳлилу баррасӣ гардиданд.

Баъд аз шунидани маърӯзаҳои асосӣ иштирокчиён ба муҳокимаи масъалаҳои ба миёнгузошташуда, оғоз карданд. Ҳамзамон, вобаста ба дастгириҳои доимӣ ва ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карда шуд, ки ҳар як хизматчии ҳарбӣ пеш аз ҳама бояд сазовори бовариву эътимоди Сарвари давлат фаъолият намояд. Доир ба ин масъала вазири мудофиаи мамлакат Шерали Мирзо баромад намуда, оид ба сиёсати дифоии кишвар, вазъи зудтағирёбандаи кунунии минтақа ва ҷаҳон, зуҳури амалҳои террористиву ифродгароӣ, доман паҳн кардани амалҳои номатлуб дар байни афроди гумроҳу бегонапараст ва дигар паҳлӯҳои хатарзову таҳдидовар андешаронӣ кард.

Тавре қайд карда шуд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ баҳри баланд бардоштани қудрати дифоии кишвар дар ҳалли ҳама масоили амниятӣ, диққати аввалиндараҷа зоҳир намуда, фаъолият ва бурду бохти сохторҳои низомии мамлакатро таҳти назорати доимӣ қарор додааст. Аз ин рӯ, ӯ таъкид намуд, ки аз генерал то сарбози қаторӣ дар самти амалӣ намудани уҳдадориҳои базимадошта зираку ҳушёр бошанд ва дар иҷрои талаботи вазифаҳои хизматӣ, бо масъулияти баланд муносибат намоянд.

Дар рафти ҷаласа инчунин, масоили вобаста ба бурду бохти навъҳои Қӯшунҳо, натиҷаи фаъолияти солонаи ҳар як раёсат, шуъбаву хадамот ва қисму воҳидҳои алоҳидаи ин ниҳоди қудратӣ, аз ҷониби вазири мудофиаи ҷумҳурӣ бо таҳлили ҳамаҷониба, баҳогузорӣ карда шуд.

Лозим ба ёдоварист, ки соли 2017 барои Вазорати мудофиаи мамлакат соли хотирмон ва пур аз навгониҳо буд.

Тавре иттилоъ дода шуд, нақшаи пешбинишудаи соли сипаришуда, барзиёд иҷро гардидааст, ки он асосан аз баргузории маҷмӯи машқҳои низомӣ, машғулиятҳои мухталифи таълимӣ, сатҳу сифати даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ, чорабиниҳои гуногуни сиёсиву фарҳангӣ, варзишӣ ва ғайраҳо иборат буд.

Илова бар ин, соли гузашта дар баробари машқхои васеи низомии амалиётӣ-тактикии зиддитеррористии Тоҷикистону Россия ва дар доираи СААД, ҳамзамон дар вилоятҳои Хатлон, Суғд, шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ВМКБ ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ, машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ ва маҷмӯи машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегӣ ва садҳо ҷамъомаду машғулиятҳои дигари таълимӣ, ташкилу ба роҳ монда шуданд, ки ба он дар маҷмуъ зиёда аз 100 ҳазор нафар шаҳрвандону намояндагони сохторҳои низомии мамлакат, беш аз ҳазор адад техникаҳои зиреҳпӯши ҳарбиву артиллерӣ ва авиатсияи ҷангӣ истифода шуданд.

Масоили дигар ва аз ҳама муҳим дар Артиши миллӣ - ин ба даст овардани рӯҳияи ҳарбӣ - ватандӯстӣ, маърифатнокии ҳайати шахсӣ, пешгирӣ намудани сатҳи содиршавии ҷинояткориву қонуншиканиҳо, пурзӯр намудани интизоми ҳарбӣ аз ҷониби низомиён аст, ки он даъвати доимӣ ва талаботи қотеонаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ маҳсуб меёбад.

Интизоми ҳарбӣ, барои хизматчиёни низомии ҳама зинаҳо ва мартабаҳо вазифаи аввалиндараҷа шумурда мешавад. Зеро бе интизоми қавии ҳарбӣ ҳеҷ гуна омодагии ҷангӣ ба даст намеояд. Дар соли сипаригашта дар баробари таълимоти дарсҳои ҷамъиятию давлатӣ, инчунин дар доираи нақша-чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ вохӯриҳои гуногун, дидорбинии волидон бо сарбозон, ташкили озмуни беҳтарин суруди сарбоз, рӯзномаҳои деворӣ, ҷорӣ намудани як қатор дастурамалҳои методӣ ва амсоли ин аз корҳое мебошанд, ки агар аз як тараф сатҳи маърифатнокии хизматчиёни ҳарбиро аз ҷиҳати сиёсиву фарҳангӣ баланд бардоранд, аз ҷониби дигар он ба ғанӣ гардидани донишу малакаи ҳар як афсару сарбоз таъсири мусбӣ мерасонанд.

Дар баробари дигар муваффақиятҳои бадастомада, инчунин дар самти таъминоти ақибгоҳӣ, нигоҳдориву истифодабарии техникаҳои ҷангӣ, анҷоми корҳои сохтмонӣ, мусобиқаҳои варзишӣ ва дар маҷмӯъ вобаста ба дигар фаъолияти рӯзмарраи хизматчиёни ҳарбӣ корҳои зиёде амалӣ карда шуданд.

Ҳангоми баррасии масъалаҳои соҳавӣ бо пешниҳоди вазири мудофиаи мамлакат Шерали Мирзо тамоми ҳайати шахсии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ шиори “25-умин солгарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо нерӯи тоза, омодабошии ҷангӣ ва интизоми намунавӣ истиқбол мегирем” қабул гардид.

Дар ҷамъомад изҳор гардид, ки хизматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиа, бо интизоми намунавӣ, омодагии ҷангӣ ва маҳорати баланди касбӣ, баҳри мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии кишвар софдилона хизмат намуда, бо савганди садоқатмандӣ ба халқу Ватан ва Сарвари давлат, баҳри ҳифзи марзу буми Тоҷикистони маҳбуб ҳаёт ва ҷони худро дареғ намедоранд.

Дар охири ҷаласа Котиби Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ Абдураҳим Қаҳҳоров баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатӣ ва дар ҷаласаи Шӯрои амният баррасӣ ва мавриди иҷро қарор гирифта буд, ибрози назар карда, вобаста ба ҳамоҳангии доимии сохторҳои қудратӣ, боз ҳам тақвият бахшидани омодагии ҷангӣ, интизоми намунавию иродаи қавӣ дар иҷрои вазифаву уҳдадориҳои хизматӣ ва вобаста ба дигар масъалаҳои ҳалталаб андешаронӣ карда, ба ҳозирин ва дар симои онҳо ба тамоми муҳофизони Ватан дар самти пойдор нигоҳ доштани амну субот, таъмини ҳаёти осоиштаи мардум ва бо хизмати софдилонаву содиқона ба халқу миллат, Ватан ва Сарвари давлат, барору комёбиҳо таманно намуд.

Қобили зикр аст, ки бо мақсади муайян намудани беҳтарин коллективҳои низомӣ ҳамасола байни ҷузъу томҳои Вазорати мудофиа мусобиқа эълон карда мешавад. Ин аст, ки он рӯз зимни натиҷагирӣ аз соли 2017 бригадаҳо, полку қисмҳои низомии навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, муассисаҳои таълимии ҳарбӣ ва дигар сохторҳои тобеи ин ниҳоди қудратӣ, ки бо нишондиҳандаҳои хубу назаррас дар мусобиқаи умумиҳарбӣ ғолибиятро ба даст оварда, аз беҳтаринҳо дониста шудаанд, ҷои якум бо Байрақи сайёри Вазорати мудофиа қисмҳои ҳарбии 02011, 41008, 04533 ва 10001, ҷои дуюм бо вимпели Вазорати мудофиа қисмҳои ҳарбии 87740, 08145, 52403, 06385 ва барои ҷои сеюм бо Дипломи Вазорати мудофиа бошад қисмҳои ҳарбии 14356, 02615, 07150 ва 08008 дониста шуданд, ки онҳо дар фазои идона қадрдонӣ гардиданд.

МАРКАЗИ МАТБУОТИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Обуна шудан!

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

ВАЗИРИ МУДОФИАИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ГЕНЕРАЛ-ПОЛКОВНИК 
ШЕРАЛӢ МИРЗО
Варзиш

Майдончаи савдо