01

mort.tj

03

mort.tj

04

mort.tj

05

type your text for 5th image here

07

type your text for 7th image here

08

mort.tj

09

type your text for 9th image here

10

mort.tj

Ба аввал: РОҲБАРИЯТ Муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ақибгоҳ полковник Ҳусайнзода Солеҳ Ҳусайн
ХУШ ОМАДЕД БА СОМОНАИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ақибгоҳ полковник Ҳусайнзода Солеҳ Ҳусайн

Полковник Ҳусайнзода Солеҳ Ҳусайн, 10 феврали соли 1972 дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Шунавандаи курсҳои кӯтоҳмуддати Коллеҷи Олии ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 1992-1994 мебошад.

Дар ин давра полковник Ҳусайнзода Солеҳ Ҳусайн, фаъолияти кории худро аз командири взвод-сардори алоқа дар баталиони 1-уми вазнини кӯҳии қисми ҳарбии 08012, сардори Хадамоти хӯрокаи Қӯшунҳои хушкигард, муовини командири қисми ҳарбии 08010, оид ба ақибгоҳ, муовини командири рота, оид ба корҳои тарбиявии қисми ҳарбии 08012, муовини командири қисми ҳарбии 08012 оид ба ақибгоҳ, ҷонишини командири яке аз бригадаҳои Қӯшунҳои хушкигард оид ба ақибгоҳ кор ва фаъолият намудааст.

Солҳои 2007-2009 дар Академияи ҳарбии ақибгоҳӣ ва нақлиёти шаҳри Санкт-Петрбурги Федератсияи Россия таҳсил намуда, онро бо дипломи аъло хатм намудааст. Аз моҳи октябри соли 2009 то моҳи ноябри соли 2015 вазифаи муовини Фармондехи Қӯшунҳои хушкигард оид ба ақибгоҳро бар ӯҳда дошт. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 ноябри соли 2015 муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ақибгоҳ таъин гардид.

Хизматҳои полковник Ҳусейнзода С.Ҳ. бо медали «Хизмати шоиста», медали «Ҷасорат», медалҳои ҷашнӣ ва бо дигар Ифтихорномаю тӯҳфаҳо қадрдонӣ гардидааст.

ВАЗИРИ МУДОФИАИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ГЕНЕРАЛ-ЛЕЙТЕНАНТ
ШЕРАЛӢ МИРЗО
Наворҳо

Варзиш