Home: News ҶАМЪОМАДИ АМАЛИЁТӢ-САФАРБАРӢ
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
VOTE
Аз кадом хизматрасонии сомонаи расмии Вазорати мудофиа қаноатмандед?
 
Statistics
Today136
Week851
This month4531
Only233331
Video

Forum

ҶАМЪОМАДИ АМАЛИЁТӢ-САФАРБАРӢ

23.12.2017

Аз аввали моҳи январи соли 2018 дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон даври навбатии омӯзиш оғоз мегардад. Ба ин муносибат ҳафтаи равон дар пойгоҳи чанде аз қисмҳои низомии гарнизони Душанбе бо ҷалби ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳии Вазорати мудофиаи кишвар ва масъулини дигар сохторҳои қудратии мамлакат ҷамъомади серӯзаи методӣ-таълимӣ баргузор гардид.

Ҷамъомад ё худ машғулиятҳои амалиётӣ-сафарбарӣ давоми се рӯз дар пойгоҳи се қисми низомӣ ба таври назариявию амалӣ ва дар сатҳи зарурӣ ҷараён гирифт.

Қабл аз оғози машғулиятҳои таълимӣ дар доираи нақшаи фарҳангӣ иштирокчиёни ҷамъомад ба сайру тамошои Боғи фарҳангу фароғатии шаҳри Душанбе ҷалб гардиданд. Ба машғулиятҳо муовинони вазири мудофиа, фармондеҳони навъи Қувваҳои Мусаллаҳ, комиссарони ҳарбии вилоятҳо, шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи марказ, командирони қисмҳои низомӣ ва муовинони онҳо оид ба тайёрии ҷангӣ, ҷалб карда шуданд.

Рӯзи дуюми машғулиятҳо соати шаши субҳ бо сафороӣ ва аз назаргузаронии ҳайати шахсии иштирокчиёни ҷамъомади амалиётӣ-сафарбарӣ оғоз гардид. Масъулини машғулиятҳо аз омодагии иштирокчиёни он гузориш доданд.

Ҷамъомади амалиётӣ-сафарбарӣ дар пойгоҳи баталиони ҳифзи радиатсионӣ, кимиёвӣ ва биологии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён гирифт.

Қабл аз оғози машғулиятҳои таълимӣ дар доираи дастуру супоришҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ дар самти баланд бардоштани қудрати дифоии кишвар, ҳадафу моҳият ва ташкилу баргузории ҷамъомади мазкур, масъулини ҷамъомади таълимӣ суханронӣ карда, аз иштирокчиёни он масъулияти баландро дар омӯзиши фанҳои дақиқи низомӣ ва пурра аз бар намудани мавзуоти ба машғулиятҳо пешбинишуда талаб намуд.

Ҳамин тариқ, иштирокчиёни ҷамъомади амалиётӣ-сафарбарӣ вобаста ба мақому сатҳи вазифавӣ дар Артиши миллӣ ба гурӯҳҳо тақсим шуда, ба омӯзиши барномаҳои дарсӣ шурӯъ намуданд. Дар дохили қисмҳои низомӣ нуқтаҳои гуногуни муҷаҳҳази таълимӣ бунёд шуда буд, ки ба ҳар дарс роҳбарони машғулиятҳо таъин гардида буданд.

Хотирасон мекунем, ки омӯзиш то ин вақт дар як қисми низомӣ ҷараён мегирифт. Дар натиҷаи ворид намудани ислоҳоти ҳарбӣ он аз нав пурра таъмиру тармим ва азнавсозӣ гардида, ба баталиони ҳифзи радиатсионӣ, кимиёвӣ ва биологии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ табдил дода шуд.

Ҳадаф аз баргузории чунин ҷамъомадҳои амалиётӣ- сафарбарӣ ин пеш аз ҳама дар амал нишон додани роҳу усулҳои нави омӯзиш дар Қувваҳои Мусаллаҳ мебошад. Яъне ташаккул додани назару муносибати ягона ба масоили омодагии ҷангӣ, ташкили хидмати дохилии қӯшунҳо, мувофиқ намудани ҳудуди шаҳракҳои ҳарбӣ, майдончаҳои варзишӣ ва дигар мавзеъҳои таълимии афсарону сарбозон ба талаботи оинномаҳои ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ мебошад.

Ва ин амали воқеист. Зеро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии кишвар диққати махсус зоҳир намуда, онро аз рӯзҳои аввали таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ таҳти назорати доимии худ қарор додаанд.

Ҷамъомади амалиётӣ-сафарбарӣ, аз рӯи мавзуъҳои гуногуни соҳавӣ, аз ҷумла, ташкили мавзеи муваққатии идории ҷангӣ дар маҳалли амалиёт, машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ, амали намудани вазифаҳои ҷангии ҳайати шахсӣ ҳангоми эълон намудани бонги хатар, тартиби санҷиши омодабошии ҷангӣ, марҳилаҳои тайёрӣ ва тартиби бурдани хизмати қаровулӣ, ҷобаҷогузории наряди шабонарӯзӣ ва ғайраҳо ҷараён гирифт.

Бояд тазаккур дод, ки чунин машғулиятҳои амалиётӣ-сафарбарӣ дар як сол ду маротиба пеш аз оғози давраҳои омӯзишӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ гузаронида мешаванд. Ба ҳамин тартиб, даври нахустин, аввали моҳи январ ҷараён гирифта, қисмати дуюми он аз якуми июл роҳандозӣ мегардад. Барои гузаронидани чунин машғулиятҳои намунавии амалиётӣ-сафарбарӣ фармондеҳони навъи Қувваҳои Мусаллаҳ, командирони қисмҳои низомӣ ва афсарону сарбозони вобастаи ҷузъу томҳо, бо кӯмаку дастгирии роҳбарият ва хадамоти дахлдори Вазорати мудофиа тамоми кӯшишу ғайрати хешро ба он равона мекунанд, ки дар муддати шаш моҳе, ки барои тайёрӣ пешбинӣ мешавад, ҳама шароитҳои зарурии таълимиро муҳайё гардад. Ин масъулият, ҳисси баланди ҳавасмандиро дар байни командирони қисмҳои низомӣ ва ҳайати шахсии онҳо бедор карда, ҳар яке кӯшиш мекунанд, ки аз дигарон қафо намонанд. Ба ҳамин тартиб, дар давоми чанд соли охир ҳатто дар қисмҳои низомии навтаъсиси Вазорати мудофиа, заминаҳои хуби намунавии моддиву таълимӣ, хидматӣ, шароитҳои маишиву фароғатии афсарону сарбозон дар сатҳи баланд муҳайё карда шудаанд.

Рӯзи сеюми машғулиятҳои амалиётӣ-сафарбарӣ дар пойгоҳи яке аз қисмҳои низомии Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳ ҷараён гирифт.

Дар пойгоҳи ин қисми низомӣ иштирокчиён бо намунаи силоҳу муҳиммоти ҷангӣ, шароитҳои хизмативу маишии ҳайати шахсӣ, синфхонаҳои таълимӣ ва аз дигар мавзеъҳои фарҳангиву фароғатии он аз наздик шинос гардиданд, сипас дар назди афсарони масъулини Клуби марказии варзишии артиши Вазорати мудофиа аз машғулиятҳои гуногуни варзишӣ санҷиш супориданд.

Бояд тазаккур дод, ки пойгоҳ ва шароити моддиву техникии ин қисми низомӣ барои баргузории ҳама намуди машғулиятҳои ҳарбиву ҷисмонӣ ҷавобгӯ мебошад.

Нимаи дуюми ҳамон рӯз машғулиятҳои амалиётӣ-сафарбарӣ дар пойгоҳи Полки муҳандисӣ-сапёрии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ идома ёфтанд. Масъулини ин қисми низомӣ ба ҷамъомади мазкур омодагии ҷиддӣ дида, тамоми нуқтаҳои таълимӣ, синфхонаҳои дарсӣ, толору майдончаҳои варзишиву фароғатӣ ва дигар мавзеъҳоро ҳам барои омӯзиши иштирокчиёни ҷамъомад ва ҳам баҳри фаъолияти рӯзмараи ҳайати шахсӣ пурра муҷаҳҳаз намуда буданд. Дар ин қисми низомӣ дар баробари омӯзиши фанҳои ба ҷамъомад пешбинишуда, инчунин ба иштирокчиёни машғулиятҳои амалиётӣ-сафарбарӣ роҳу усулҳои безарар намудани навъҳои михталифи мина ва дигар моддаҳои тарканда, фаъолияти минаҷӯён дар майдону мавзеъҳои хатарнок, тарзи бурдани амалиёти ҷангӣ дар минтақаҳои минадор ва дигар воситаҳои бехатарӣ аз моддаҳои таркандаро фаҳмониданд.

Тибқи иттиллои масъули ин қисми низомӣ полковник Маъруф Шарифӣ дар бунёди чунин шароитҳои намунавӣ дар баробари дастгирии ҳайатҳои роҳбарикунандаи вазорат инчунин саҳми ҳайати шахсӣ хело калон аст. Ба қавли ӯ, аз афсарони баландрутба то сарбозони қатории қисми низомӣ тибқи ибораи маъмул- “ҳама барои як кас ва як кас барои ҳама” амал карда, тавонистанд дар иттиҳоду ҳамбастагӣ ва дар муддати кӯтоҳ тамоми шароити лозимиро муҳайё созанд.

Дар ҷараёни баргузории ҷамъомади амалиётӣ-сафарбарӣ иштирокчиёни он ба дарсҳои омодагии сафарбарӣ аз ҳисоби захираҳои эҳтиётии шаҳрвандон ва низомиёни дар қайди комиссариатҳои ҳарбибуда, тартиби дурусти ҳуҷҷатгузорӣ ва ғайраҳо ҷалб карда шуданд.

Умуман, дар давоми се рӯзи ҷараёни машғулиятҳои амалиётӣ-сафарбарӣ иштирокчиёни он аз фанҳои гуногуни ҳарбиву ҷисмонӣ, тарзи идора намудани ҷузъу томҳо, воҳидҳои ҳарбӣ, омодабошии ҷангӣ ва оид ба дигар мавзӯъҳои соҳавӣ дар назди афсарони масъули Вазорати мудофиа ва Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ санҷишу имтиҳон супориданд.

Қобили зикр аст, ки чунин шароитҳои намунавии омӯзишӣ на танҳо барои гузаронидани машғулиятҳои амалиётӣ-сафарбарӣ ва нишон додан ба иштирокчиёни он, балки ин гуна шароитҳо, пеш аз ҳама, барои омӯзиши доимии ҳайати шахсии қисмҳои низомӣ бунёд карда мешаванд.

Хотирасон мекунем, ки чунин ҷамъомадҳои амалиётӣ-сафарбарӣ аз соли 2000-ум дар доираи машғулиятҳои методӣ-таълимӣ ташкилу ба роҳ монда шудаанд.

Рӯзи сеюм машғулиятҳои амалиётӣ-сафарбарӣ ҷамъбаст ва натиҷагирӣ карда шуд.

Дар ҳамоиши ҷамъбастӣ муовини вазири мудофиа доир ба натиҷаҳои ҷамъомади мазкур, вазъи ҷузъу томҳо дар гарнизонҳо ва дигар масоили вобаста ба шароитҳои хизмативу маишӣ ва ҳам таълимии ҳайати шахсӣ маърӯза карданд. Аз ҷумла, қайд гардид, ки сарфи назар аз пешравиҳои назаррас дар фаъолияти баъзе аз қисмҳои низомӣ, ҳамоно як қатор камбудиҳо ба мушоҳида мерасанд, ки барои рафъи мушкилиҳои мавҷуда дар муҳлатҳои муайян тадбирҳои заруриро бояд татбиқ намуд.

Дар охир оид ба дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба баланд бардоштани қудрати мудофиавии давлат, ғамхориҳои пайвастаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ нисбат ба низомиёни кишвар ва талаби қотеонаи ӯ дар самти иҷрои ҳама вазифаву уҳдадориҳои хизматчиёни ҳарбӣ, масъулини ҷамъомад дар назди ҳозирин баромад намуда, доир ба ҷорӣ намудани шаклҳои нави пешбурди хизмати ҳарбӣ вобаста ба шароитҳои муҳайёгашта ва дигар нақшаҳои дар пеш истода изҳори назар карданд.

МАРКАЗИ МАТБУОТИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Subscribe to us!

EMOMALI RAHMON

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

Minister of Defense
of the Republic of Tajikistan

Colonel-General Sherali Mirzo
Sport

Trading platform