Home: News Маросими қабули Савганди ҳарбӣ дар Баталиони таъиноти махсус
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
VOTE
Аз кадом хизматрасонии сомонаи расмии Вазорати мудофиа қаноатмандед?
 
Statistics
Today137
Week852
This month4532
Only233332
Video

Forum

Маросими қабули Савганди ҳарбӣ дар Баталиони таъиноти махсус

27.11.2017

Чунин чорабинии пуршукӯҳ ба муносибати қабули савганди ҳарбӣ ва сазовор гардидан бо номи пуршарафи сарбоз дар яке аз воҳидҳои навтаъсиси таъиноти махсуси Вазорати мудофиа низ доир гардид. Таҳти навои Суруди миллӣ ҳайати шахсӣ дар зери Байрақи ҷангии қисми ҳарбӣ саф ороста бо гузориши масъулини роҳбарикунандаи ин қисми таъиноти махсус ба ҳайати фармондеҳии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ қисмати расмии чорабиниро оғоз бахшиданд.

 

Сардори ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал майор Эмомалӣ Собирзода баъд аз табрики наваскарон ва волидони онҳо ба ин муносибат, бо ёдоварӣ аз вазъи кунунии ҷаҳони муосир саҳми ҷавонони далеру тавонои ватанро дар ҳимояи марзу бум, арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлативу арзишҳои миллӣ, хизматҳои Пешвои миллат ва ҳифзи музаффариятҳои даврони соҳибистиқлолӣ муҳим арзёбӣ намуда, ба ҳайати бисёрнафараи наваскарони қисми низомӣ таъкид карданд, ки онҳо низ бо чунин рӯҳия ва дарки баланди масъулияти фарзандӣ дар назди Модар-Ватан хизмати ҷавонмардона намоянд.

Сипас бо фармони командири бевоситаи ҷузъу том ҳайати шахсии наваскарон ба сафи пеши чорабинӣ баромада, дар назди меҳмонони қисми низомӣ, падару модарон ва командирону ҳамхизматони худ қасами ҳарбӣ ёд намуданд.

Ин гурӯҳи ҷавонони худогоҳу ватандӯст низ қавл доданд, ки чун насли гузаштаи хеш ва афсарону сарбозони содиқи ватан ба савганди садоқат ба халқу сарзамини аҷдодӣ содиқ монда, бо нерӯйи ҷавонӣ дар ободиву шукуфоии кишвари маҳбубамон ва баланд бардоштани қудрати дифоии он саҳмгузор мешаванд.

Иштироки гурӯҳи сарбозон дар машқҳои тан ба тан аз омодагии сатҳи баланди ҷангӣ дарак медод, ки бо роҳу усули муҳорибавӣ намоиш дода шуд.

Ҳамин тавр, маросими бошукӯҳи савгандёдкунӣ дар ин қисми ҳарбӣ бо намоиши барномаи васеи консертӣ ба поён расид.

МАРКАЗИ МАТБУОТИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Subscribe to us!

EMOMALI RAHMON

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

Minister of Defense
of the Republic of Tajikistan

Colonel-General Sherali Mirzo
Sport

Trading platform