Главная страница: Новости Гиромидошти Рӯзи парчами миллӣ дар Вазорати мудофиа
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
ОПРОС
Аз кадом хизматрасонии сомонаи расмии Вазорати мудофиа қаноатмандед?
 
Статистика
Сегодня40
Недели1578
В этом месяце7206
Всего177343
Видео

Форум

Гиромидошти Рӯзи парчами миллӣ дар Вазорати мудофиа

25.11.2017

Парчам муҳимтарин рамзу аркони давлатдорӣ буда, тибқи сарчашмаҳои таърихӣ, яке аз парчамдорони нахустини халқи мо Коваи оҳангар ба ҳисоб меравад, ки барои барҳам задани пояи ҷабру бедодгарӣ ва ба даст овардани озодиву истиқлол талошу мубориза бурдааст. Хушбахтона, то имрӯз мардуми тоҷик ин муқаддасоти миллиро гиромӣ дошта, ҳангоми музаффарияту муваффақиятҳои худ таҳти навои Суруди миллӣ Парчами миллии худро парафшон менамоянд, ки ин албата аз дастовардҳои ҷавонони муваффақ ва ҷаҳонпаҳлавонони риштаи варзиши кишвар бештар ба назар мерасад. Боиси ифтихору шарафи бузург аст, ки маҳз бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶТ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми шарифи Тоҷикистон санаи қабули Парчами давлатиро аввалин маротиба 24-уми ноябри соли 2009- ум ҳамчун ҷашни умумимилӣ қайд намуданд. Ва ин рӯйдоди фараҳбахш бори дигар аз соҳибтамаддуниву фарҳангсолории халқи мо дарак дод.

Рӯзи парчами давлатии ҶТ ё худ ин ҷашни умумимиллиро дар қатори мардуми шарафманди Ватани азизамон низомиёни мамлакат низ бо як шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил намуданд. Ба ин муносибат дар кохи афсарони ВМ кишвар бо иштироки ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳӣ, хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томи ин ниҳоди қудратӣ ва намояндагони бахши фарҳангу ҳунари ҷумҳурӣ маҳфили адабӣ-сиёсӣ ташкилу ба роҳ монда шуд. Дар оғоз нахуст Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо аҳли толор, иштирокчиёни маҳфили он рӯза ва дар симои онҳо ҳамаи хизматчиёни ҳарбии Артиши миллиро бо солгарди рӯзи Парчами давлатӣ самимона шодбош гуфта, аз таърихи парчамдории ниёгонамон, эҳтироми он ва аз аҳамияти бузурги парчам дар низоми давлатдории тоҷикон ёдоварӣ намуда, зикр карданд, ки Парчами давлатӣ нишон аз пойдорӣ ва соҳибихтиёрии давлат аст. Аз ин рӯ, арҷгузорӣ нисбат ба он, муқаддас шуморидан ва эҳтиром гузоштан вазифаи ҳар як фарди ҷомеа, алалхусус афсарону сарбозони ҚМ мебошад. Ҳамчунин, қайд кард шуд, ки мувофиқи Оинномаҳои умумиҳарбии ҚМ дар қисму воҳидҳои низомӣ низ Байрақи ҷангӣ нигоҳ дошта мешавад ва ҳар як хизматчии ҳарбӣ ҳамчун нишони садоқату вафодорӣ ба халқу ватани хеш Байрақи ҷангии қисми ҳарбии худро эҳтиром намуда, қасам ёд мекунад, ки вазифаҳои хизматиашро мардонавор ва бо сари баланд ба ҷо меорад.

Сипас, баъд аз табрикоту таманниёт ва анҷоми қисмати расмии чорабинӣ барномаи фарҳангии омода намудаи аҳли санъат, ансамблҳои ҳунариву гурӯҳҳои рақсӣ, мактаббачагон, дастаи ҳаваскорони қисму воҳидҳои низомии гарнизони Душанбе ва муассисаҳои таълимии ҳарбӣ оғоз гардид.

Дар маҳфили адабӣ-сиёсии низомиёни кишвар иштирокчиёни эҷодкор бо ҳунари навозандгиву сарояндагӣ, қироати намунаҳои шеърии гуногунмазмун ва суруду оҳангҳои ватандӯстонаи хеш таъби ҳозиринро шод гардониданд.

МАРКАЗИ МАТБУОТИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Подпишитесь к нам!

ЭМОМАЛИ РАХМОН

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

МИНИСТР ОБОРОНЫ
РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

ГЕНЕРАЛ-ПОЛКОВНИК 
ШЕРАЛИ МИРЗО
Спорт

Tорговая площадка