01

mort.tj

03

mort.tj

04

mort.tj

05

type your text for 5th image here

07

type your text for 7th image here

08

mort.tj

09

type your text for 9th image here

10

mort.tj

Ба аввал: РОҲБАРИЯТ Муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Латифзода Асрор Қурбон
ХУШ ОМАДЕД БА СОМОНАИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Латифзода Асрор Қурбон

Полковник Латифзода Асрор Қурбон, 10-уми марти соли 1962 дар шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омадааст. Соли 1984 Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ-ташкилотчӣ ба итмом расонида, хатмкардаи Кафедраи ҳарбии Донишгоҳи мазкур мебошад.

Полковник Латифзода Асрор, дар тули фаъолияти корияш дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла корманди хурди илмии Пажуҳишгоҳи иқтисодиёти хоҷагии қишлоқ, мудири шӯъбаи ташкилӣ, котиби дуюм ва якуми Кумитаи комсомоли ноҳияи Синои (Фрунзе) шаҳри Душанбе, котиби якуми Кумитаи комсомолии шаҳри Душанбе, муовин-муовини аввали раиси Шӯрои Марказии иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи сиёсати кадрҳо, раиси Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори КВД «Сайёҳ»-и Вазорати иқтисодиёт ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини сардори Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири Шӯъбаи ташкилии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Точикистон содиқона кор ва фаъолият намудааст.

Мавсуф хатмкардаи Акадамияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия, бо ихтисоси идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ мебошад. 26-уми декабри соли 2009 дар Анҷумани Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муовини Раиси Ҳизби халқии Демократии Тоҷикистон интихоб гардид.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 ноябри соли 2015 ба вазифаи муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид. Хизматҳои шоистаи полковник Латифзода Асрор Қурбон бо ордени «Шараф» дараҷаи 2 ва бо Ифтихорномаҳо сарфароз гардидааст.

Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

ВАЗИРИ МУДОФИАИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ГЕНЕРАЛ-ЛЕЙТЕНАНТ
ШЕРАЛӢ МИРЗО
Наворҳо

Варзиш