Главная страница: Новости Машқҳои тирпарронӣ дар Фахробод
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
ОПРОС
Аз кадом хизматрасонии сомонаи расмии Вазорати мудофиа қаноатмандед?
 
Статистика
Сегодня318
Недели1638
В этом месяце5083
Всего193938
Видео

Форум

Машқҳои тирпарронӣ дар Фахробод

14.12.2017

Дарсу таълимоти низомӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ асосан ду давраро дар бар гирифта, он аз рӯйи муқарроти мавҷуда ва таври назариявию амалӣ ҷараён мегирад. Даври нимсолаи  якуми хониш дар Артиши миллӣ аз моҳи январ оғоз гардида, то моҳи май идома меёбад ва оғози даври нимсолаи дуюми он бошад моҳи июл буда, моҳи октябр ҷамъбаст карда мешавад. Дар ин муддат хизматчиёни ҳарбӣ ба омӯзиши фанҳои мухталифи низомӣ ва махсусиятҳои касбиву соҳавӣ фаро гирифта шуда, зимни натиҷагирӣ аз он ҳайати шахсӣ аз навъҳои силоҳу муҳимоти оташфишони ҷангӣ санҷиш месупоранд.

Дар идомаи ин ҳадаф ҳафтаи сипаригардида дар машқгоҳи "Фахробод"-и гарнизони Хатлон бо ҷалби хизматчиёни ҳарбии дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа ва Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ машғулиятҳои саҳроии тирпарронӣ ташкилу ба роҳ монда шуд.

Ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ гузаронидани машғулиятҳои саҳроии ин давр, нуқтаҳои таълимии муҷаҳҳаз бо шароити зарурӣ ва дигар лавозимоти ҳарбӣ ташкил карда шуда, роҳбарии машқҳои тирпарронӣ ва назорат аз болои ҳайати шахсиро муовинони вазири мудофиа ва дигар шахсони масъул бар уҳда доштанд.

Афсарони ботаҷриба, ки ҷараёни машғулиятҳои таълимиро назорат мекарданд, бо мақсади дар амал татбиқ намудани барномаҳои амалии омузишӣ, ҳайати шахсии ба машқҳо ҷалб гардидаро ба гурӯҳҳо тақсим намуда, аз силоҳи оташфишони сабуки ҷангӣ ва вобаста ба ихтиссоси низомӣ аз навъҳои техникаву муҳимоти ҳозиразамони ҳарбӣ тирпарронӣ намуданд.

Қобили зикр аст, ки омодабошии доимии ҷангӣ ва дар ин замина мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии мамлакат аз фаъолияти пурсамари ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва сатҳи баланди омодагии касбии ҳар як афсару сарбоз вобастагии калон дорад. Аз ин рӯ, дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ ва ноором гардидани вазъи ҳарбӣ-сиёсии минтақа ва ҷаҳон тарбияи кадрҳои болаёқати соҳа, истифодаву корбарии навъҳои муосири аслиҳаву муҳимот аҳамияти муҳим касб намуда, зарурияти пайваста ташкилу гузаронидани машқу тамринҳои тактикиро ба миён овардааст.

Лозим ба ёдоварист, ки чунин машғулиятҳои таълимӣ ва тамринҳои низомӣ бо ҷалби хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони сохторҳои қудратӣ дар мамлакат пайваста доир карда мешаванд, ки ба қавли масъулини омодабошии ҷангии ВМ он ҷиҳати баланд бардоштани донишҳои ҳарбӣ-сиёсии афсарони ҷавон, мукаммалсозии таҷрибаи мутахассисони соҳа, омӯзишу истифодабарии техникаву муҳимоти мухталиф ва дар самти иҷрои вазифаҳои ҷангии ҷузъу томҳои Артиши миллӣ мусоидат намудааст.

МАРКАЗИ МАТБУОТИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Подпишитесь к нам!

ЭМОМАЛИ РАХМОН

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

МИНИСТР ОБОРОНЫ
РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

ГЕНЕРАЛ-ПОЛКОВНИК 
ШЕРАЛИ МИРЗО
Спорт

Tорговая площадка