Главная страница: Новости Таҷлили Рӯзи Конститутсия дар Вазорати мудофиа
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
ОПРОС
Аз кадом хизматрасонии сомонаи расмии Вазорати мудофиа қаноатмандед?
 
Статистика
Сегодня224
Недели1992
В этом месяце5672
Всего234472
Видео

Форум

Таҷлили Рӯзи Конститутсия дар Вазорати мудофиа

Дар ҷамъомаде, ки таҳти роҳбарии Вазири мудофиа генерал-лейтенант Шерали Мирзо ба муносибати 23-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Вазорати мудофиа доир гардид, зимни баргузории он намоянда аз Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати шахсии Дастгоҳи марказии вазорати мудофиа ва Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ иштироку суханронӣ намуда, бо такя ба аҳамияти ҳуқуқии Конститутсияи даврони соҳибистиқлолии кишвар, нақши ин санади муқаддаси таърихӣ ва сарнавиштсозро дар таърихи давлатдории навини тоҷикон муҳиму зарур арзёбӣ карданд.

Дар идомаи чорабинӣ зикр карда шуд, ки дар баробари соҳибистиқлол гардидани кишвар ва қабули Конститутсия ҷомеа ва давлати Тоҷикистон ба марҳилаи сифатан нави таърихи инкишоф ворид гардида, дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа дигаргуниҳои куллӣ ба миён омад. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эълон гардида, раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот ҳамчун ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ эътироф шудааст.

Қобили зикр аст, ки таҳияи қонуну санадҳои меъёри- ҳуқуқӣ доир ба фаъолияти хизматчиёни низомии Қувваҳои Мусаллаҳ низ дар асоси меъёрҳои Конститутсия ба роҳ монда шуда, пеш аз ҳама моддаи 43-юми ин санади олии ҳуқӯқи, фаъолияти рӯзмарраи хизматчиёни ҳарбиро муайяну мушаххас намудааст. Вобаста ба ин хизматчиёни ҳарбиро мебояд барои фаъолияти пурсаммар ҷиҳати таҳкими истиқлолияти давлатӣ, амният ва баҳри дар доираи қонун ба роҳ мондани фаъолияти ҳамешагии хеш ҷаҳду талош намоянд.

Ҳамзамон афсарони гуногунрутбаи ин ниҳоди қудратӣ дар рафти суханрониҳои хеш вобаста ба тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардида зикр намуданд, ки он бо тақозои рушди устувору босуботи ҷомеа анҷом дода шуда, ба рушди минбаъдаи демократиякунонии ҳаёти ҷомеа ва ҳуқуқу озодиҳои инсон мусоидат намуд.

Дар идомаи ҷамъомад афзалияти дигари Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусияти миллӣ доштани он дониста шуд, ки ба андешаи хозирин дар ин ҳуҷҷати муҳим ормони мардуми Тоҷик, суннатҳои таърихии давлатдорӣ ва ғояҳои инсондӯстонаи халқи кишвар инъикос ёфта, он заминаи ҳуқӯқиро барои эҳёи сунату анъанаҳои фарҳангӣ ва бузургдошти муқаддасоти миллӣ фароҳам овард.

МАРКАЗИ МАТБУОТИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Подпишитесь к нам!

ЭМОМАЛИ РАХМОН

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

МИНИСТР ОБОРОНЫ
РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

ГЕНЕРАЛ-ПОЛКОВНИК 
ШЕРАЛИ МИРЗО
Спорт

Tорговая площадка