Главная страница: Новости Конфренсия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи ҳарбӣ
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
ОПРОС
Аз кадом хизматрасонии сомонаи расмии Вазорати мудофиа қаноатмандед?
 
Статистика
Сегодня228
Недели1996
В этом месяце5676
Всего234476
Видео

Форум

Конфренсия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи ҳарбӣ

Бахшида ба 23-юмин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа, конфронси илмӣ-амалӣ ташкилу ба роҳ монда шуд. Зимни он афсарону, муаллимон ва курсантони Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа доир ба мавзуъҳои гуногуни ҳуқуқӣ, аз ҷумла нақши Конститутсия ва таҳкими Ваҳдати миллӣ дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни танзим ва вазъи иқтисодию иҷтимоии шаҳрвандон дар шароити муосир маърӯза намуда, модда ва бобҳои алоҳидаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳу тавзеҳ доданд.

Инчунин қайд карданд, ки Конститутсия барои миллати Тоҷик ҳамчун заминаи шаклгирии миллӣ, таҳкими амнияту суботи сиёсии Тоҷикистон аҳамияти хосса дорад.

Дар рафти чорабинӣ сардори шуъбаи ҳуқуқӣ Дастгоҳи вазири мудофиа доир ба Конститутсия- ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ дар назди ҳозирин сухан гуфта, таъкид доштанд, ки баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии миллати куҳанбунёди Тоҷик дигаргуниҳои назарррас ба вуҷуд омада, дар ин давра барои ҷомеае, ки асосҳои бунёдии онро таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ташкил медиҳад, орзӯи халқи Тоҷик дар масири таърих буд.

Аз замони ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ то ба имрӯз дар ташаккули давлатдории миллӣ ва пойдории сулҳу субот Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муҳими худро гузошта истодааст. Аз ин рӯ, ҳамасола бо тантана ва шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил намудани ин рӯз барои миллати куҳанбунёди тоҷик басо муҳим мебошад.

МАРКАЗИ МАТБУОТИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Подпишитесь к нам!

ЭМОМАЛИ РАХМОН

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

МИНИСТР ОБОРОНЫ
РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

ГЕНЕРАЛ-ПОЛКОВНИК 
ШЕРАЛИ МИРЗО
Спорт

Tорговая площадка