Главная страница: НОВОСТИ Машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегии Қувваҳои муштараки вокуниши фаврии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
Новости
Ulti Clocks content
Статистика
Сегодня54
В этом месяце3928
Всего120008
Спорт

Видео

Машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегии Қувваҳои муштараки вокуниши фаврии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

18.11.2017

Дар доираи размоиши васеи низомии Қувваҳои муштараки вокуниши фаврии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки дар шаш машқгоҳи низомии гарнизони Хатлон ҷараён дошт, рӯзи 17-уми ноябри соли 2017 дар размгоҳи «Ҳарбмайдон»-и ин минтақа, бо ҷалби ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишварҳои узви ин Созмон ҷамъбаст ва натиҷагирӣ карда шуд.

 

Баҳри назорат аз болои тамринҳои муштараки низомӣ вазири мудофиаи мамлакат генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо, котиби генералии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ - Юрий Хачатуров, роҳбарону намояндагони сохторҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайати фармондеҳи Ҳавзаи марказии ҳарбии Федератсияи Россия, масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Аташеҳои низомии кишварҳои хориҷи муқими Тоҷикистон, намояндагони васоити ахбори омма-и дохилу хориҷ ва дигар шахсони расмӣ ба машқгоҳ омаданд.

Нахуст роҳбари машқҳо аз рӯи тамсила ё худ макет вобаста ба матлаби баргузории унсурҳои зиддитеррористӣ дар назди ҳозирин гузориш дод.

Дар амалиёти муштарак ҷузъу томҳои таъиншудаи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, вобаста ба маълумоти разведкаи фазоӣ ва заминӣ, унсурҳои мухталифи зиддитеррористиро тарҳрези карда, бо истифодаи авиатсияву техникаҳои вазнини мухталифи ҷангӣ, пойгоҳи шартии террористон ва самти ҳаракати афроди ғайриқонунии мусаллаҳро мавриди зарбаҳои мушакӣ қарор доданд.

Аз оғоз то анҷоми машқҳои муштарак дар маҷмӯъ ба он беш аз панҷ ҳазор нафар ҳайати шахсии ҷузъу томҳои Қувваҳои муштараки вокуниши фаврии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ҷалб гардида, ҳамзамон дар он 64 адад авиатсияи мухталифи ҷангӣ, зиёда аз 1500 адад навъи гуногуни техникаҳои зиреҳпӯши ҳарбиву артиллерӣ ва автомобилӣ, силоҳу муҳимоти ҳарбӣ истифода шуданд.

Зимни баргузории тамринҳои муштараки низомӣ иштирокчиёни он матлаби ба машқҳо пешбинишударо вобаста ба ташкили унсурҳои мухталифи зиддитеррористӣ дар сатҳи баланд иҷро намуданд.

Дар ҷараёни машқҳо, аз тамрингоҳи Лоҳур, ба сӯи ҳадафи муаяншуда, ки дар размгоҳи Ҳарбмайдон муаяйн гардида буд, зарбаҳои шадиди маҷмӯи мушакҳои амалиётӣ-стратегии “Искандер-М” равона карда шуд.

Зимни ҷамбаст ҷузъу томҳои Қувваҳои муштараки вокуниши фаврии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ бо техникаву лавозимоти ҷангӣ дар майдони ҳудуди машқгоҳ саф оростанд.

Вазири мудофиаи мамлакат, котиби генералии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва дигар шахсони расмӣ дар назди ҳайати шахсӣ, баромад намуда, доир ба таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти олии кишвар баҳри таъмини амнияти давлату миллат, ҳадафу моҳияти баргузории машқҳо ва зуҳури хатарҳои ҷаҳони муосир ибрози андеша карданд. Ҳамоҳангии доимӣ, табодули иттилооту таҷрибаомӯзӣ дар муборизаи муштараки зиддитеррористӣ ва дӯстиву ҳамдигарфаҳмии ҷузъу томҳоро асоси омодагии Қувваҳои Мусаллаҳи кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар таҳкими сулҳу амнияти минтақа ва мусоидати онро ба ҷомеаи ҷаҳони баланд арзёбӣ карданд.Ба иштирокчиёни фаъоли тамринҳои муштараки низомӣ, медалу ифтихорномаҳо ва дигар тӯҳфаҳои гуногуни хотиравӣ тақдим

карда шуд.

Расми гузашти низомии афсарону сарбозон ва умуман ҳайати шахсии дар машқҳо ширкатнамуда, аз назди минбар ва ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳӣ ва парвози авиатсияи ҷангӣ, аз болои майдони баргузории чорабинӣ, яке аз ороишҳои асосӣ ва анҷомбахши марҳилаи сеюми машқҳои амалиётӣ-стратегии Қувваҳои муштараки вокуниши фаврии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар машқгоҳи Ҳарбмайдони гарнизони Хатлон гардид.

Барои маълумот хотирасон мекунем, ки машқҳои васеи низомии ин созмон аз 10 то 20-уми ноябри соли 2017 дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён гирифта, гурӯҳҳои амалиётӣ ва ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳуриҳои Арманистон, Белорусия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Федератсияи Россия, баъди гирифтани ишораи ҷангӣ, муҷаҳаз бо силоҳу муҳимоти ҳарбӣ ва техникаҳои зиреҳпӯши ҷангӣ тавассути ҳавопаймоҳои ҳарбиву нақлиётӣ ва роҳпаймоии маршӣ дар муддати се шабонарӯз бо теъдоди муқарраргардида ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол ёфтанд. Бо ташкили хаймаҳои мувақатӣ размгоҳи Ҳарбмайдонро ба майдони шартии ҷанг табдил дода, ба марҳилаи нахустини машқҳо шурӯъ карданд.

Зимни оғози марҳилаи якуми машқҳо дар размгоҳи Ҳарбмайдон сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ва дигар намояндагони нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои узви Қувваҳои муштараки вокуниши фаврии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар назди иштирокчиён доир ба ҳадафу моҳияти баргузории размоиши мазкур баромад карда, онро барои амният ва пойдории сулҳу субот дар минтақа ва кишварҳои узви ин созмон баланд арзёбӣ намуданд.

Дар доираи баргузории марҳилаи якуми муштараки ҳарбӣ дар минтақаҳои наздисарҳадии «Ҳалқаёр ва Ҷайрали»-и, ҳудуди ноҳияҳои Панҷу Фархор машқҳои ротавӣ-тактикӣ доир гардида, ҷараёни он дар нуқтаи фармондеҳӣ аз ҷониби роҳбарияти Вазорати мудофиаи кишвар ва фармондеҳи Ҳавзаи марказии ҳарбии Федератсияи Россия назорат гардид.

Дар доираи баргузории машқҳои васеи ҳарбии Қувваҳои муштараки вокуниши фаврии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ марҳилаи дуюми размоиши низомии Тоҷикистону Россия дар размгоҳи ҳарбии Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ, машқгоҳҳои Ҳомиёни минтақаи Кӯлоб ва Сумбулаи гарнизони Хатлон, бо ташкили тамринҳои баталионӣ-тактикӣ ҷараён гирифт.

Ҷузъу томҳои ҷалбгардида ё худ низомиёни тоҷику рус, тибқи матлаб тамринҳои васеи низомиро аз рӯи мавзуи пешгири намудани убури ғайриқонунии марз, дастгиру безарар гардонидани афроди сарҳадшикан, торумор намудани душманони шартӣ, озод намудани гаравгонон дар бинову иншооти муҳими давлатӣ, маҳаллаҳои аҳолинишин, шароити дашту саҳро, мавзеҳои стратегӣ ва роҳҳои душворгузари кӯҳистони ҳудуди ҷумҳурӣ доир карда, вазифаҳои ҷангиро дар сатҳи баланд иҷро намуданд.

Ҳадаф аз баргузории машқҳои муштараки низомии Қувваҳои Мусаллаҳи кишварҳои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин пеш аз ҳама мукаммалгардонии сатҳи омодабошии ҷангии ҷузъу томҳои Қувваҳои муштараки вокуниши фаврии Созмони мазкур, тарҳрезӣ намудани назару муносибати ягонаи кории мақомоти идории ҳарбии кишварҳои аъзо дар ташкили амалиёти муштараки зиддитеррористӣ дар шароити кӯҳистон, бо усули ягона идора кардани Ситоди муштараки муттаҳидаи Қӯшунҳо, таъмини бехатарӣ дар минтақа ва табодули таҷрибаомӯзӣ дар таҳия, ташкил ва баргузор кардани унсурҳои зиддитеррористиро дар бар мегирад.

МАРКАЗИ МАТБУОТИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

МИНИСТР ОБОРОНЫ
РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

ГЕНЕРАЛ-ЛЕЙТЕНАНТ
ШЕРАЛИ МИРЗО