01

mort.tj

03

mort.tj

04

mort.tj

05

type your text for 5th image here

07

type your text for 7th image here

08

mort.tj

09

type your text for 9th image here

10

mort.tj

Ба аввал: РОҲБАРИЯТ Муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал - майор Ғуломзода Абдулҳошим Даврон
ХУШ ОМАДЕД БА СОМОНАИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал - майор Ғуломзода Абдулҳошим Даврон

Генерал - майор Ғуломзода Абдулҳошим Даврон, 16 июли соли 1974 дар шаҳри Душанбе дар оилаи хизматчӣ таввалуд шудааст. Милаташ тоҷик мебошад. Соли 1993 ба Омӯзишгоҳи Олии ҳарбии муҳандисӣ-техникии шаҳри Омски Федератсияи Россия дохил шуда, онро соли 1998 бомуваффақият ба итмом расонидааст.

Давоми солҳои 2002 ва 2004 шунавандаи Академияи Умумиқӯшунии Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Россия буд. Мавсуф аз соли 1999 то соли 2015 дар вазифаҳои пурмасъулият, аз ҷумла муаллими кафедраи Коллеҷи Олии ҳарбии шаҳри Душанбе, муаллими калони кафедраи техникии қисми ҳарбии 09001, сардори кафедраи техникии Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа, муовини сардори Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа, сардори Ситод-муовини командири қисми ҳарбии 08010-и Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, командири қисми ҳарбии 08010-и Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Ситод-муовини аввали командири қисми ҳарбии 01972 Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, командири қисми ҳарбии 01972-и Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор ва фаъолият намудааст.

Аз моҳи январ то 24 ноябри соли 2015 дар вазифаи муовини Фармондеҳи Қӯшунҳои хушкигард, оид ба омодагии ҷангӣ адои вазифа намудааст. 24 ноябри соли 2015 мутобиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал - майор  Ғуломзода Абдулҳошим Даврон, ба вазифаи муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Хизматҳои шоистаи генерал - майор Ғуломзода Абдулҳошим бо медали «Ҷасорат», медалҳои ҷашнӣ ва «Аълочии Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дараҷаи 1 ва Ифтихорномаҳо қадрдонӣ гардидааст.

ВАЗИРИ МУДОФИАИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ГЕНЕРАЛ-ЛЕЙТЕНАНТ
ШЕРАЛӢ МИРЗО
Наворҳо

Варзиш