Ба аввал: СОХТОР Сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ - муовини якуми вазири мудофиа генерал-лейтенант Собирзода Эмомалӣ Абдураҳим
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
НАЗАРСАНҶӢ
Аз кадом хизматрасонии сомонаи расмии Вазорати мудофиа қаноатмандед?
 
Омор
Имрӯз52
Дирӯз511
Моҳ6753
Ҳамагӣ223961
Наворҳо

Форум

Сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ - муовини якуми вазири мудофиа генерал-лейтенант Собирзода Эмомалӣ Абдураҳим

Генерал-лейтенант Собирзода Эмомалӣ Абдураҳим, 20 июли соли 1972 дар шаҳри Ваҳдати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи коргар ба дунё омада, миллаташ тоҷик мебошад. Мавсуф Коллеҷи Олии ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва факултаи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлобро хатм кардааст. Солҳои 1999 ва 2001 шунавандаи Академияи Умумиқӯшунии Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Россия буд.

 

Генерал-лейтенант Собирзода Э.А. аз соли 1992 инҷониб, либоси низомӣ ба бар дорад ва ӯ фаъолияти хизматиро аз вазифаи командири взвод оғоз намуда, дар давоми солҳои истиқлолияти кишвар ва рушду нумӯи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат масъулияти хизматиро дар вазифаҳои сардори хадамоти техникаҳои зиреҳпӯши танкӣ, сардори шӯъбаи аслиҳа ва техникаи ҳарбии Қӯшунҳои хушкигард, командири яке аз бригадаҳои ин навъи Қӯшун, муовини фармондеҳи Қӯшунҳои хушкигард оид ба аслиҳа ва техникаҳои ҷангӣ, сардори Ситод-муовини якуми фармондеҳи Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳро бар ӯҳда дошт.

Аз моҳи феврали соли 2010 то моҳи ноябри соли 2015 ба ҳайси Фармондеҳи Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст. 24 ноябри соли 2015, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Собирзода Эмомалӣ Абдураҳим сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ-муовини якуми вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 феврали соли 2018   ба генерал — майор Собирзода Эмомалӣ — Сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон рутбаи навбатии генерал-лейтенант супорида шуд.

Хизматҳои шоистаи генерал-лейтенант Собирзода Эмомалӣ бо ордени «Спитамен» дараҷаи 2, медали «Ҷасорат», медалҳои ҷашнӣ ва «Аълочии Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дараҷаи 1, Ифтихорномаҳо ва бо дигар тӯҳфаю мукофотҳо қадрдонӣ гардидааст.

Оиладор, соҳиби се фарзанд мебошад.

Обуна шудан!

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

ВАЗИРИ МУДОФИАИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ГЕНЕРАЛ-ПОЛКОВНИК 
ШЕРАЛӢ МИРЗО
Варзиш

Майдончаи савдо