01

mort.tj

03

mort.tj

04

mort.tj

05

type your text for 5th image here

07

type your text for 7th image here

08

mort.tj

09

type your text for 9th image here

10

mort.tj

Ба аввал: НАВИД Машқҳои муштараки низомии Қувваҳои Мусаллаҳи кишварҳои СААД дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
ХУШ ОМАДЕД БА СОМОНАИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
Ulti Clocks content
Омор
Имрӯз126
Моҳ5664
Ҳамарӯза113736

Машқҳои муштараки низомии Қувваҳои Мусаллаҳи кишварҳои СААД дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

09-11-2017

Аз 10 то 20 ноябри соли 2017 дар доираи Қувваҳои муштараки вокуниши фаврии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва дар асоси қарори қабулнамудаи сарони кишварҳои узви Созмони мазкур дар машқгоҳи низомии «Ҳарбмайдон»-и гарнизони Хатлон машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегӣ, гузаронида мешаванд. Дар асоси қарори дуҷонибаи роҳбарони сатҳи олии Тоҷикистону Россия дар машқгоҳҳои ҳарбии «Сумбула», «Лоҳур», «Ҳомиён» ва минтақаҳои наздисарҳадии «Ҳалқаёр» ва «Ҷайралӣ», бо ҷалби ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвари мо ва Ҳавзаи марказии ҳарбии Федератсияи Россия гузаронидани машқҳои баталионӣ-тактикӣ пешбинӣ гардидааст.

Тибқи нақша дар доираи баргузории машқҳои муштараки ҳарбӣ гурӯҳҳои амалиётии Вазоратҳои мудофиаи кишварҳои узви СААД ва интиқоли теъдоди нерӯҳои муаяйншудаи Ҷумҳуриҳои Арманистон, Белоруссия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Федератсияи Россия муҷаҳаз бо силоҳ, техникаҳои зиреҳпӯш, захираи лавозимоти ҷангӣ ва дигар дастгоҳу маводи зарурӣ тавассути ҳавопаймоҳо, авиатсияи ҳарбиву нақлиётӣ ва роҳпаймоии маршӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Машқҳои муштарак дар се марҳила ба нақша гирифта шуда, ба он дар маҷмӯъ беш аз панҷ ҳазор нафар ҳайати шахсӣ ҷалб мегардад. Дар ин размоиши муштараки васеи низомӣ 64 адад авиатсияи мухталифи ҷангӣ, зиёда аз 1500 адад навъи гуногуни техникаҳои зиреҳпӯши ҳарбиву артиллерӣ ва автомобилӣ, силоҳу муҳимоти ҳарбӣ истифода мешаванд. Дар даври ниҳоии машқҳои муштарак зарбаҳои шадиди маҷмӯи мушакҳои амалиётӣ-стратегии Искендер-М пешбинӣ гардидааст.

Ҳадаф аз баргузории, пеш аз ҳама, мукаммалгардонии сатҳи омодабошии ҷангии ҷузъу томҳои Қувваҳои муштараки вокуниши фаврии Созмони мазкур, тарҳрезӣ намудани назару муносибати ягонаи кории мақомоти идории ҳарбии кишварҳои аъзо дар ташкили амалиёти муштараки зиддитеррористӣ дар шароити кӯҳистон, бо усули ягона идора кардани Ситоди муштараки муттаҳидаи Қӯшунҳо, таъмини бехатарӣ дар минтақа ва табодули таҷрибаомӯзӣ дар таҳия, ташкил ва баргузор кардани унсурҳои зиддитеррористӣ мебошад.

МАРКАЗИ МАТБУОТИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ВАЗИРИ МУДОФИАИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ГЕНЕРАЛ-ЛЕЙТЕНАНТ
ШЕРАЛӢ МИРЗО
Наворҳо

Варзиш