01

mort.tj

03

mort.tj

04

mort.tj

05

type your text for 5th image here

07

type your text for 7th image here

08

mort.tj

09

type your text for 9th image here

10

mort.tj

Home: NEWS Машқҳои фармондеҳии ситодӣ-сафарбарӣ
WELCOME TO THE WEB PAGE OF DEFENSE MINISTRY OF TAJIKISTAN
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
Ulti Clocks content
Statistics
Today127
This month5665
Only113737

Машқҳои фармондеҳии ситодӣ-сафарбарӣ

01-11-2017

Бо мақсади баланд бардоштани қудрати дифоии кишвар ва баҳри дар амал татбиқ намудани нақшаи чорабиниҳои асосии тайёрии амалиётӣ-стратегии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, рӯзҳои 30-31 октябри соли 2017 дар Вазорати мудофиа, бо ҷалби сохторҳои қудратии мамлакат ва мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон машқҳои фармондеҳии ситодӣ-сафарбарӣ, ташкилу ба роҳ монда шуданд.

Дар машқҳои фармондеҳии ситодӣ-сафарбарӣ, ки бори аввал бо чунин ҳайат доир шуд, оид ба моҳияти баргузории он, ки талаботи иҷрои супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вобаста ба таъмин намудани мудофиаи мамлакат дар бар мегирад, котиби Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ Абдураҳим Қаҳҳоров баромад карда, дар доираи амалӣ намудани ҳадафу вазифаҳои ба машқҳо пешбинишуда ва самтҳои афзалиятноки ҳамкориву ҳамоҳангсозии мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои аманиятиро, ки дар замони осоишта ва ҳолати ҷанг муайян ва танзим менамояд, бисёр муҳиму манфиатбахш ва саривақтӣ арзёбӣ намуд.

Дар ҷараёни баргузории машқҳо, инчунин вазири мудофиаи мамлакат Шерали Мирзо низ дар баромади худ сараввал вобаста ба сиёсати дифоии кишвар, вазъи ҳарбӣ-сиёсии минтақа ва ҷаҳон, таҳдиди хатарҳои ҷаҳони муосир, авҷ гирифтани амалу равияҳои тундараву ифротгароиро ҳамаҷониба таҳлилу барраси карда, изҳор дошт, ки тамоми соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат, бояд барои мудофиаи давлат омода бошанд. Илова бар ин нақшаи танзимкунандаи ҳамоҳангии вазорату кумитаҳо ва дигар мақомоти давлатӣ бояд тарҳрезӣ ва тасдиқ гарданд.

Ҳангоми баррасии масъалаҳои ба машқҳо пешбинигардида сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, муовинони вазири мудофиа ва дигар иштирокчиён, ки самтҳои доир кардани амалиёти ҷангӣ, сафарбарии қӯшунҳо, теъдоди силоҳу муҳимоти низомӣ, захираҳои эҳтиётӣ, таъминоти ақибгоҳӣ ва дигар соҳаҳоро дар бар мегирифт, баромад карда, ҳадафу вазифаҳои вазорату кумитаҳо ва дигар мақомоти давлатиро муайян ва мушаххас намуданд.

Қобили зикр аст, ки Маркази идоракунии навтаъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо системаи навтарини алоқаи видеоконфронсӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, дар дигар манотиқи кишвар низ рафти машқҳо бо пахши мустақим бе ягон мамоният тавассути маниторҳо назорат мегардад ва оид ба қарори қабулнамудаи маркази асосии идоракунии Қувваҳои Мусаллаҳ фаъолияти мақомоти давлативу сохторҳои қудратӣ ба танзим дароварда мешуд.

Аз ин рӯ, ин чорабинии муҳими низомӣ, бо ҷалби мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як вақт ҳудуди гарнизонҳои Хоруғ, Рашт, Хатлон ва Суғдро дар бар гирифта, ҳайати ба размоиш ҷалбгардида аз пойтахти кишвар шаҳри Душанбе идора мегардид.

Дар марҳилаи дуюми машқҳо, ки рӯзи 31-уми октябр доир гардид, нахуст сардорони минтақаи мудофиаи ҳудудии гарнизонҳои Хатлон ва Хоруғ, тавассути системаи алоқаи видеоконфронсӣ, бо пахши мустақим, доир ба омодагии сохтору мақомоти давлативу қудратӣ, захираҳои эҳтиётӣ, кувва ва оид ба дигар воситаҳое, ки дар замони осоишта ва ҳолати ҷанг барои баргузории ин чорабинии муҳими низомӣ заруранд, ба ҳайати маркази идоракунии Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ гузориш доданд.

Дар ин замина, инчунин роҳбарон ва намояндагони чанде аз вазорату кумитаҳо ва дигар масъулини мақомоти давлатӣ низ, вазъияти эҳтимолии ба машқҳо пешбинишударо таҳлил намуда, дар самтҳои фаъолияти соҳавӣ, ки дар ҳолати ҷанг кадом корҳоро бояд ба анҷом расонанд, баромад карданд.

Иштирокчиёни машқҳо ҳангоми баромади хеш пеш аз ҳама дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба ҳамкориву ҳамоҳангии сохторҳои қудративу мақомоти давлатии мамлакат, баҳри бозҳам баланд бардоштани сатҳи омодагии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ баён дошта, онро дар самти таъмини бехатарии давлат баланд арзёбӣ намуданд. Илова бар ин дар машқҳо доир ба таҳия ва тарҳрезӣ намудани Нақша-чорабиниҳои вазорату кумитаҳо ва дигар мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба иҷрои талаботи вазифаву уҳдадориҳои сохтору мақомоти давлативу қудратии мамлакат, ҳангоми эҳтимолияти таҳдиди хатари воқеӣ зарур мебошанд, муайян ва мушаххас намуданд.

Зимни ҷамбаст котиби Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ Абдураҳим Қаҳҳоров доир ба ҳадафу вазифаҳои ба машқҳо пешбинишуда ва омодагии вазорату кумитаҳо ва дигар мақомоти дахлдори давлатиро вобаста ба иштирок ва нишон додани масъулияти баланд дар ин чорабинии низомӣ натиҷагирӣ карда, самтҳои ҳамкориву ҳамоҳангсозии мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои аманиятиро, ки дар замони осоишта ва ҳолати ҷанг муайян ва танзим менамояд, барои мудофиаи Тоҷикистони азиз бисёр муҳиму манфиатбахш арзёбӣ намуд.

МАРКАЗИ МАТБУОТИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

MINISTRY OF DEFENCE
OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN

LIEUTENANT-GENERAL
SHERALI MIRZO
Video

Sport