Ба аввал: Навид НАТИҶАИ 31 РӮЗИ ДАЪВАТ

НАТИҶАИ 31 РӮЗИ ДАЪВАТ

01-11-2017

Аз оғози даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ 31 рӯз сипарӣ гардид. Дар ин муддат, аллакай 30 комисариати ҳарбии шаҳру навоҳии мамлакат, аз иҷрои пурраи нақшаи даъватии шаҳрвандон ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ гузориш доданд.

Дар ин радиф, иҷрои нақшаи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ дар вилояти Суғд 92 фоиз, гарнизони Бадахшон 96 фоиз ва чаҳор навоҳии пойтахт дар давоми як моҳи ин чорабинии муҳими сиёсӣ 95 фоизро ташкил медиҳанд. Ин нишондод, дар вилояти Хатлон 88 фоиз мебошад.

Умуман аз 1 октябр то аввали моҳи ноябри соли 2017 иҷрои нақша дар ҷумҳурӣ ба 87 фоиз баробар аст.

Барои маълумот хотиррасон мекунем, ки дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат даъвати тирамоҳии шахрвандон ба хизмати ҳарбӣ, аз 1 октябри соли 2017 оғоз гардида, фаъолияти комиссияҳои даъватӣ то 30 ноябри соли равон идома меёбад.

МАРКАЗИ МАТБУОТИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

ВАЗИРИ МУДОФИАИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ГЕНЕРАЛ-ПОЛКОВНИК 
ШЕРАЛӢ МИРЗО
Варзиш