01

mort.tj

03

mort.tj

04

mort.tj

05

type your text for 5th image here

07

type your text for 7th image here

08

mort.tj

09

type your text for 9th image here

10

mort.tj

Главная страница: НОВОСТИ НАТИҶАИ ДАЪВАТ
ДОБРО ПОЖАЛОВАТЬ НА ВЕБ-СТРАНИЦУ МИНИСТЕРСТВО ОБОРОНЫ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
Новости
Ulti Clocks content
Статистика
Сегодня128
В этом месяце5666
Всего113738

НАТИҶАИ ДАЪВАТ

17.10.2017

Барои маълумот хотирасон мекунем, ки аз 1-уми октябри соли 2017 дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат даъвати тирамоҳии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1990-2000-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ ҷараён дорад.

Дар давоми 17-рӯзи чорабиниҳои даъватии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ дар байни вилоятҳо иҷрои нақша дар ВМКБ 79 фоиз буда, алакай дар ин минтақа ноҳияҳои Дарвоз, Ишкошим, Мурғоб ва Шуғнон дар хусуси пурра ба анҷом расонидани нақшаи ба онҳо пешбинишуда гузориш доданд.

Аз рӯзи оғози чорабиниҳои даъватӣ то ин дам ноҳияҳои Кӯҳистонӣ-Масчоҳ, Истиқлол, Спитамен, Зафаробод, Шаҳристон ва Гулистони вилояти Суғд нақшаи ба онҳо пешбинишударо пурра ба анҷом расониданд. Ин чорабинии муҳими сиёси дар дигар шаҳру навоҳии ин минтақа муташакилона идома дошта, иҷрои нақша дар вилояти Суғд ба 71 фоиз баробар мебошад.

Аз маҷмуи умумии 25 шаҳру навоҳии вилояти Хатлон то ин дам ноҳияҳои Н.Хисрав ва Ш.Шоҳин, аз иҷрои пурраи нақшаи даъват гузориш дода, иҷрои нақша дар қаламрави ин вилоят 55 фоизро ташкил медиҳад.

Ҳамин тариқ дар Комиссариатҳои ҳарбии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иҷрои нақша 47 фоиз ва дар чаҳор навоҳии пойтахт бошад он ба 55 фоиз баробар аст.

Умуман аз оғози даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ то ин дам иҷрои нақша дар қаламрави ҷумҳурӣ наздики 60 фоизро дар бар мегирад.

МАРКАЗИ МАТБУОТИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

МИНИСТР ОБОРОНЫ
РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

ГЕНЕРАЛ-ЛЕЙТЕНАНТ
ШЕРАЛИ МИРЗО
Видео

Спорт