Ба аввал: Навид МАШҚҲОИ МУШТАРАК ДАР ҶУМҲУРИИ ҚАЗОҚИСТОН

МАШҚҲОИ МУШТАРАК ДАР ҶУМҲУРИИ ҚАЗОҚИСТОН

Дар машқҳои муштараки «Бародарии шикастнопазоир - 2017», ки аз 16 то 20 - уми октябри соли 2017 дар Ҷумҳурии Қазоқистон доир мешавад, аз Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии сардори Раёсати тайёрии ҷангии Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Ҷамшед Маҳмадзода, гурӯҳҳои амалиётии Вазорати мудофиа, Вазорати корҳои дохилӣ ва як взводи тақвиятдодашудаи Баталиони сулҳҷӯёнаи Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб карда мешаванд.

Мувофиқи маьлумоти котиби матбуотии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ Владимир Зайнетдинов дар машқҳои муштарак беш аз 500 адад ҳавопаймо, мошинҳои зиреҳпӯши ҷангӣ ва намояндагон аз Созмони милалли муттаҳид, Кумитаи байналмилалии Салиби сурх иштирок меварзанд.

Инчунин бояд қайд намуд, ки ҳадаф аз баргузории чунин машқҳои муштарак омодагӣ ва амалиёти ҳамоҳангии нерӯҳои сулҳҷуёнаи Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, ҷиҳати таҳкими сулҳу суббот дар Осиёи марказӣ мебошад.

МАРКАЗИ МАТБУОТИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

ВАЗИРИ МУДОФИАИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ГЕНЕРАЛ-ЛЕЙТЕНАНТ
ШЕРАЛӢ МИРЗО
Рӯзномаи “Ҳомии Ватан”

ДАР ИН ШУМОРА:

1. ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ МАМЛАКАТ БА МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

2. БАҲРАБАРДОРӢ АЗ ПАЁМ

3. САМАРАИ ДУ СОЛИ ХИЗМАТ

4. БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ КУНЕМ

5. ҶАМЪОМАДИ АМАЛИЁТӢ- САФАРБАРӢ

6. САНҶИШИ МАҲОРАТ

7. БЕ ПИР МАРАВ...

8. РИОЯИ ОДОБИ МУОШИРАТ-АСОСИ ТАРБИЯ

9. ҚАДАМ БА СОЛИ БАРОРҲОИ НАВ