01

mort.tj

03

mort.tj

04

mort.tj

05

type your text for 5th image here

07

type your text for 7th image here

08

mort.tj

09

type your text for 9th image here

10

mort.tj

Home: NEWS ФИШУРДАИ МАТБУОТӢ
WELCOME TO THE WEB PAGE OF DEFENSE MINISTRY OF TAJIKISTAN
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
Ulti Clocks content
Statistics
Today128
This month5829
Only105671

ФИШУРДАИ МАТБУОТӢ

11.10.2017

Барои маълумот хотирасон мекунем, ки дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1990-2000 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ», аз 1-уми октябри соли 2017 дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ оғоз гардид. Ва дар давоми беш аз 10 рӯзи ҷараёни ин маъракаи муҳими сиёсӣ иҷрои нақшаи даъват дар қаламрави ҷумҳурӣ 46 фоизро ташкил медиҳад.

Дар давоми 10-рӯзи чорабиниҳои даъватии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ дар байни вилоятҳо иҷрои нақша дар ВМКБ 71 фоиз буда, алакай дар ин минтақа ноҳияҳои Дарвоз, Ишкошим ва Мурғоб дар хусуси пурра ба анҷом расонидани нақшаи ба онҳо пешбинишуда гузориш доданд.

Аз рӯзи оғози чорабиниҳои даъватӣ то ин дам ноҳияҳои Кӯҳистонӣ-Масчоҳ, Истиқлол, Спитамен, Зафаробод ва Шаҳристони вилояти Суғд нақшаи ба онҳо пешбинишударо пурра ба анҷом расониданд. Ин чорабинии муҳими сиёси дар дигар шаҳру навоҳии ин минтақа муташакилона идома дошта, иҷрои нақша дар вилояти Суғд ба 58 фоиз баробар мебошад.

Аз маҷмуи умумии 25 шаҳру навоҳии вилояти Хатлон то ин дам ноҳияҳои Н.Хисрав ва Ш.Шоҳин, аз иҷрои пурраи нақшаи даъват гузориш дода, иҷрои нақша дар қаламрави ин вилоят 44 фоизро ташкил медиҳад.

Ҳамин тариқ дар Комиссариатҳои ҳарбии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иҷрои нақша 36 фоиз ва дар чаҳор навоҳии пойтахт бошад он ба 40 фоиз баробар мебошад.

МАРКАЗИ МАТБУОТИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

MINISTRY OF DEFENCE
OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN

LIEUTENANT-GENERAL
SHERALI MIRZO
Video

Sport