01

mort.tj

03

mort.tj

04

mort.tj

05

type your text for 5th image here

07

type your text for 7th image here

08

mort.tj

09

type your text for 9th image here

10

mort.tj

Главная страница: НОВОСТИ ПОСДОРОНИ СУЛҲ
ДОБРО ПОЖАЛОВАТЬ НА ВЕБ-СТРАНИЦУ МИНИСТЕРСТВО ОБОРОНЫ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
Новости
Ulti Clocks content
Статистика
Сегодня158
В этом месяце2890
Всего118970

ПОСДОРОНИ СУЛҲ

Ба муносибати Рӯзи таъсисёбии Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 сентябри соли 2003 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфтааст. Ташкилёбии навъи нави қӯшун дар доираи азнавсозии Қувваҳои Мусаллаҳ бе зиёд намудани шумораи умумии Артиши миллӣ сурат гирифта, ба он ҳамаи қисмҳои десантии ҳамлаовар, баталионҳои алоҳидаи тирандозӣ ва таъиноти махсуси амалкунанда шомил гаштанд. Дар бораи мавқеи ҷойгиршавии қисмҳои ҳарбии навъи нави қушун дар самтҳои асоситарини стратегӣ тадбирҳо андешида шуданд.

Зарурати таъсисдиҳии ин навъи қӯшунро ҳамчун захираи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон руйдодҳои солҳои охири дохили кишвар, минтақа ва олам тақозо кард. Терроризми байналмилалӣ ва экстремизми сиёсӣ имрӯз ба хатари асосии замон табдил ёфт, ки ба амнияти тамоми халқу давлатҳо таҳдид мекунад ва Ҷумҳурии Тоҷикистон истисно нест. Аз ин рӯ, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи башарӣ дар баробари кишварҳои дигар ҷиҳати решакан намудани ин зуҳуроти номатлуб тадбирҳо андешида, муборизаро пурзӯр менамояд. Маҳз амалҳои террористию экстремистии солҳои охир дар кишвар ва минтақа роҳбарияти ҷумҳуриро водор намуд, ки ҷиҳати пешгирии беадолатию қонуншиканиҳо ва фоҷиаҳои даҳшатбор Қӯшунҳои зудамалро ташкил намояд.

Баъди ташкилёбии Қӯшунҳои зудамал дар ҷузъу томҳои он усулҳои нави омодагии мубориза бар зидди гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ва нашъаҷаллоб дар минтақаҳои кӯҳӣ ҷорӣ гардид. Тайи солҳои гузашта Қӯшунҳои зудамал дар якҷоягӣ бо дигар ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва низомиёни аъзои СААД, ШОС машқҳои муштараки ҳарбӣ гузаронида, таҷрибаи омодагии ҷангии худро баланд мебардоранд.

Дар доираи ҳамкориҳои харбӣ бо Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъи(СААД), Қувваҳои муштараки дастаҷамъии зудамали минтақаи Осиёи Марказӣ таъсис ёфта, якчанд воҳидҳои ҳарбии Қӯшунҳои зудамали Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба ҳайати нерӯҳои зудамали минтақаи Осиёи Марказӣ шомил шудаанд. Якҷоя бо бародарони ҳамяроқ онҳо дар амалиёти гуногуни зиддитеррористӣ дар хоки кишвар ва аъзои аҳднома ширкат варзида, малакаву таҷрибаи касбиашонро сайқал медиҳанд.

Боиси ифтихор аст, ки ҳайати шахсии Қӯшунҳои зудамал дар тамоми машқу тамринҳои якҷояи Қувваҳои Мусаллаҳ дар дохили кишвар, машқу тамринҳои ҳарбию зиддитеррористии ҷузъу томҳои аъзои СААД ва ШОС фаъолона иштирок намуда, дар ҷамъбасти иҷрои вазифаҳои гузошташудаи омодагии ҷангӣ нишондодҳои баланд нишон медиҳанд ва шӯҳрати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қувваҳои Мусаллаҳи онро баланд мебардоранд.

Албатта, наметавон иштироки ҷузъу томҳои қӯшунро дар мубориза алайҳи гурӯҳҳои террористию экстремистии дохили кишвар дар солҳои охир фаромӯш кунем. Воҳидҳои махсуси аз ҳама ҷиҳат омодаи ҷангии қӯшун, дар амалиёти ҷангӣ иштирок намуда, супоришҳои махсуси гузошташудаи ҷангиро сарбаландона иҷро менамоянд.

Дар ташкил, тақвият ва рушди ӯушунҳои зудамал саҳми аввалин фармондеҳи он генерал-майор Л. Файзиев, генерал-майор Т. Хайруллоев, генерал-майор М. Раҳматзода, генерал-майор Б. Рузмоншоев, шодравон генерал-майор Р. Амакиев, полковникон Э. Хақиров, Ш. Мирзоев, С. Тоҳиров, Г. Пиров, А. Сайвалиев, А. Ҷумъаев, Т. Хишратбеков, Н. Сатторов, марҳум М. Буриев, Ф. Ҷаъфаров, А. Маҳмудов, И. Эмомов, М. Розиев, А.Сулаймонов ва дигарон калон мебошад. Инчунин, мо хотираи неки фарзандони вафодори Ватан, афсарону сарбозони Қӯшунҳои зудамалро, ки баҳри ҳифзи Ватан, ичрои вазифаҳои ҷангӣ дар амалиёт бар зидди гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ҷони худро фидо карданд, ҳеч гоҳ фаромӯш нахоҳем кард. Рӯҳи қаҳрамонон шоду манзили охирашон обод бод.

Ҳоло дар олам ва минтақа, хусусан, дар хоки ҳамсоякишварамон Афғонистон вазъияти ҳарбӣ-сиёсӣ хеле муташанниҷ буда, гурӯҳҳои террористию экстремистӣ бо амалҳои ҷинояткоронаи худ ба сулху салоҳ, амнияти давлату ҷомеа ва ҳаёти осоиштаи мардум халал мерасонанд. Аз ин рӯ, имрӯз ҳайати шахсии Қӯшунҳои зудамал баҳри пешгирии ҳодисаҳои номатлуб ва таъмини амнияти давлату халқи тоҷик, ҳамзамон, баҳри сазовор истиқбол гирифтани 25-умин солгарди ташкилёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста машқу тамринҳо гузаронида, малакаи касбию омодагии ҷангиашонро сайқал медиҳанд. Боварии комил дорем, ки онҳо ҳамчун посдорони сулҳ рисолати худро садоқатмандона иҷро намуда, музаффариятҳои истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ҳамчун гавҳараки чашм муҳофизат мекунанд ва ҷашни фархундаи артиши миллии Ватанро бо дастовезҳои сазовор истиқбол мегиранд. Ҳар як фарди қӯшун ҳамчун захираи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша хушёру зирак, дар ҳолати баланди омодагии ҷангӣ қарор дошта, ҳангоми зарурат ба ҳамагуна гурӯҳҳои мухолиф ва тахрибкор фавран ва дар фурсати кӯтоҳ зарбаи қатъӣ зада, вазифаи худро иҷро хоҳад кард.

Мо ҳайати шахсии Қӯшунҳои зудамалро бо ҷашни касбиашон самимона табрику муборакбод гуфта, ба онҳо саломатӣ, баҳри хизмат ба Ватан ва ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти кишварамон барору пирӯзиҳо орзу менамоем!

Маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

МИНИСТР ОБОРОНЫ
РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

ГЕНЕРАЛ-ЛЕЙТЕНАНТ
ШЕРАЛИ МИРЗО
Видео

Спорт