Ба аввал: РОҲБАРИЯТ Сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ - муовини якуми вазири мудофиа генерал-майор Собирзода Эмомалӣ Абдураҳим
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
Ulti Clocks content
Омор
Имрӯз55
Моҳ3929
Ҳамарӯза120009
Варзиш

Наворҳо

Сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ - муовини якуми вазири мудофиа генерал-майор Собирзода Эмомалӣ Абдураҳим

Генерал-майор Собирзода Эмомалӣ Абдураҳим, 20 июли соли 1972 дар шаҳри Ваҳдати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи коргар ба дунё омада, миллаташ тоҷик мебошад. Мавсуф Коллеҷи Олии ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва факултаи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлобро хатм кардааст. Солҳои 1999 ва 2001 шунавандаи Академияи Умумиқӯшунии Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Россия буд.

Генерал-майор Собирзода Э.А. аз соли 1992 инҷониб, либоси низомӣ ба бар дорад ва ӯ фаъолияти хизматиро аз вазифаи командири взвод оғоз намуда, дар давоми солҳои истиқлолияти кишвар ва рушду нумӯи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат масъулияти хизматиро дар вазифаҳои сардори хадамоти техникаҳои зиреҳпӯши танкӣ, сардори шӯъбаи аслиҳа ва техникаи ҳарбии Қӯшунҳои хушкигард, командири яке аз бригадаҳои ин навъи Қӯшун, муовини фармондеҳи Қӯшунҳои хушкигард оид ба аслиҳа ва техникаҳои ҷангӣ, сардори Ситод-муовини якуми фармондеҳи Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳро бар ӯҳда дошт.

Аз моҳи феврали соли 2010 то моҳи ноябри соли 2015 ба ҳайси Фармондеҳи Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст. 24 ноябри соли 2015, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Собирзода Эмомалӣ Абдураҳим сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ-муовини якуми вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Хизматҳои шоистаи генерал-майор Собирзода Эмомалӣ бо ордени «Спитамен» дараҷаи 2, медали «Ҷасорат», медалҳои ҷашнӣ ва «Аълочии Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дараҷаи 1, Ифтихорномаҳо ва бо дигар тӯҳфаю мукофотҳо қадрдонӣ гардидааст. Оиладор, соҳиби се фарзанд мебошад.

ВАЗИРИ МУДОФИАИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ГЕНЕРАЛ-ЛЕЙТЕНАНТ
ШЕРАЛӢ МИРЗО