01

mort.tj

03

mort.tj

04

mort.tj

05

type your text for 5th image here

07

type your text for 7th image here

08

mort.tj

09

type your text for 9th image here

10

mort.tj

Ба аввал: НАВИД ЭТИКАИ ХАРБӢ
ХУШ ОМАДЕД БА СОМОНАИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
Ulti Clocks content
Омор
Имрӯз158
Моҳ2890
Ҳамарӯза118970

ЭТИКАИ ХАРБӢ

Либоси низомӣ ин симои давлат ва эътибору нуфузи давлат дар байни халқ аст.

Эмомалӣ Раҳмон.

Дар ҳама давру замонҳо риояи ахлоқ, интизом, тарбияи ватандӯстӣ аз масъалаҳои асосии хизматчиёни Қувваҳои Мусаллаҳ, яъне Артиши Миллӣ буд ва ҳаст. Ҷамъият ба шахсоне, ки дар либоси низомианд, таваҷҷуҳ ва эҳтироми хосса дорад. Барои ҳамин донистани оинномаҳои ҳарбӣ аз шартҳои асосии хизмати ҳарбӣ мебошад.

Ҳангоми муносибату муошират бо шахсони ғайринизомӣ қоида ва одоби мунасибатро донистан, дар рафтори худ намунаи ибрат будан зарур аст.

Омӯхтани талаботи этикети ҳарбӣ имконият медиҳад, ки хизматчии ҳарбӣ худро дар муҳити низомӣ, дар ҳолатҳои мушкил идора карда тавонад. Моҳияти этикет дар навбати худ намудҳои гуногунро дар бар мегирад. Этикети дипломатӣ тарзи гуфтор, рафтор, инчунин муоширатро дар бар мегирад. Этикети умумишаҳрвандӣ маҷмӯаи анъанаҳо ва шартҳо мебошад, ки одамон ҳангоми муоширати байниҳамдигар истифода мебаранд. Этикети ҳарбӣ бошад, маҷмӯи қоидаҳо, рафтор ва муносиботи ҳарбиро дар бар мегирад. Этикети ҳарбӣ аз риояи талаботи оинномаҳо, принсипу аҳлоқ ва анъанаҳои Қувваҳои Мусаллаҳ асос ёфтааст.

Тарзи рафтору муносибати одам дар либоси низомӣ бояд чунон ба назар расад, ки мардум бо ҳавас нигоҳ кунад ва модарон ҳавас кунанд, ки кош фардо фарзандони онҳо низ либоси низомиро бо ифтихор ба бар намоянд. Шахси низомӣ бояд маданияти гуфтор ва бошуурона рафтор намуданро дар байни атрофиён риоя кунад. Маданияти баланди муносибат ва рафтору одоби ҳалимона ва дилкаш дошта бошад. Риоя намудани талаботи этикӣ аз тарафи ҳамаи хизматчиёни ҳарбӣ ба онҳо имконият медиҳанд, ки худро ҳамчун аъзои як оила эҳсос намоянд.

Хар як низомӣ вазифадор аст, ки дар кӯчаву хиёбон интизоми худро ба пояи баланд нигоҳ дошта тавонад.

Мисол, дар роҳи пиёдогард нафари пешомадаистодаро роҳ дода, як қадам ба тарафи рост тавваққуф намояд ва худро нигоҳ дорад. Дар рӯзҳои ҷашн ё идҳои Артиши миллӣ дар чашми меҳмонон ба ҷашномада чун намунаи волои зебоию назокат ҷилвагар гардад.

Низомӣ вазифадор аст, ки дар тарабхона ё ҷашну сур бо ҳамсӯҳбати худ хоксорона ва ботамкин муносибат намояд. Дар вақти таклиф намудани ӯ ба рақс қоидаҳои одобро риоя созад.

Нахустгенерали тоҷик М.Тошмуҳамедов дар мулоқоту вохӯриҳои расмӣ, ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигорон лаҳзаҳоеро аз хотироти ҷангиаш ёдрас мешуд. Аммо дар сӯҳбатҳои шахсӣ дар ин бобат камтар ҳарф мезад. Ӯ бештар ба суханони мусоҳиб гӯш медод. Ҳарфи зиёде намегуфт. Ҳангоми сӯҳбат чӣ гуна шахс будани мусоҳибашро дар назар мегирифт ва бештар ба мавзӯи барои мусоҳибаш мароқовар даҳл мекард. Бо деҳкон аз замину заминкорӣ, бо зиёӣ аз мавзӯи фаъолияти худи ӯ ва бо донишҷӯ аз ҳаёти донишҷӯиву хушиҳои ҷавонӣ сухан ба миён меовард.

Ҳамин тавр, этикет маданияти хулқу одоб, риояи меъёрҳои рафтори одамон мебошад, ки барои низомӣ амал кардан аз рӯи қоидаҳои он аз дигар шаҳрвандон дида муҳимтар аст. Зеро худи вожаи «Низомӣ» ифодагари инсони боназму тартиб мебошад.

ВАЗИРИ МУДОФИАИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ГЕНЕРАЛ-ЛЕЙТЕНАНТ
ШЕРАЛӢ МИРЗО
Наворҳо

Варзиш