01

mort.tj

03

mort.tj

04

mort.tj

05

type your text for 5th image here

07

type your text for 7th image here

08

mort.tj

09

type your text for 9th image here

10

mort.tj

Главная страница: НОВОСТИ Натиҷаҳои дилхоҳ
ДОБРО ПОЖАЛОВАТЬ НА ВЕБ-СТРАНИЦУ МИНИСТЕРСТВО ОБОРОНЫ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
Новости
Ulti Clocks content
Статистика
Сегодня161
В этом месяце2893
Всего118973

Натиҷаҳои дилхоҳ

Тавре қаблан иттилоъ додем аз аввали моҳи октябр дар мамлакат чорабиниҳо бахшида ба рӯзи даъватшаванда муташаккилона ҷараён дошта, дар доираи баргузории ингуна ҷамъомадҳо ва идомаи бомуваффақонаи он дар нахустрӯзи ин чорабинии муҳими сиёсӣ аввалин шуда дар ҷумҳурӣ, ноҳияҳои Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Носири Хусрави вилояти Хатлон аз иҷрои пурраи нақшаи даъват гузориш доданд. Ноҳияҳои Шаҳристон ва Кӯҳистони Мастчоҳи куҳии вилояти Суғд бошанд, чун солҳои қаблӣ бо пешсафӣ ва дарки ин вазифаи муҳим нақшаи ба худ пешбинишударо дар нахустин руз 80 фоиз иҷро намудаанд.

 

Албатта, ноил гардидан ба чунин дасовардҳои арзандаи хизматӣ масъулияти баланди мақомоти вобастаи даъвати бархе аз шаҳру ноҳияҳои кишварро нишон медиҳад, ки вазифаву ӯҳдадории ба худ вогузор шударо бо дарки баланди масъулият ва иҷрои қарзи фарзандӣ дар назди модар ватан ба анҷом мерасонанд. Дар ин замина, вобаста ба омодагӣ баҳри сифатан хуб роҳандози намудани чорабиниҳои даъватӣ бояд қайд кард, тибқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки мӯҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1990-1999 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ ва ҷиҳати иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ, давоми ду моҳи ба даъват пешбинишуда, шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18-солагӣ расида, барои хизмат ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва навъҳои қӯшуни он даъват карда мешаванд.

Қобили қайд аст, ки дар пойгоҳи ҳамаи комиссариатҳои ҳарбӣ, комиссияи даъватӣ бо ҷалби мақомоти масъули давлатии даъват ва нуқтаи қабули шаҳрвандон ташкил карда шудааст. Асоси кори комиссияҳои даъватиро муоинаи ҳаматарафаи навдаъватшавандагон ташкил медиҳад, ки бо назардоши ин муҳимият табибон ва мутахассисони ботаҷрибаи соҳа корро дар ин самт бо истифода аз асбобу таҷҳизоти ҳозиразамони тиббӣ ба роҳ мондаанд. Дар воқеъ, зимни ташхиси даъватшавандагон афзалияти корӣ комиссияҳои тиббӣ аз интихоби нафарони ҷисману рӯҳан солим дида мешавад. Зеро, шумораи ҷавонони синну соли даъватӣ нисбат ба талаботи Қувваҳои Мусаллаҳ хеле зиёд аст ва ин имконият медиҳад, ки аз байни ҷавонони ҳама табақаҳои аҳолии кишвар беҳтаринҳо ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ даъватӣ даъват карда шаванд.

МАРКАЗИ МАТБУОТИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

МИНИСТР ОБОРОНЫ
РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

ГЕНЕРАЛ-ЛЕЙТЕНАНТ
ШЕРАЛИ МИРЗО
Видео

Спорт