Home: News РӮЗИ ЗАБОН ДАР ТОЛОРИ ВАЗОРАТИ МУДОФИА
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
VOTE
Аз кадом хизматрасонии сомонаи расмии Вазорати мудофиа қаноатмандед?
 
Statistics
Today220
Week499
This month6127
Only176264
Video

Forum

РӮЗИ ЗАБОН ДАР ТОЛОРИ ВАЗОРАТИ МУДОФИА

06.10.2017

Забон яке аз рукнҳои давлатдори буда,тавассути он одамон байни ҳам муошират менамоянд. Бо воситаи забон таърихи пайдоиши ҳар як давлату миллат навишта шуда, асрҳо боқӣ мемонад. Тавассути забону адабиёт мероси гаронбаҳои таърихӣ аз насл ба насл мегузарад. Забони ноби тоҷикӣ ҳазорсолаҳо инҷониб дар Мовароуннаҳру Хуросон ва дигар минтақаҳои дуру наздики Осиёи Миёна амал намуда, миёни дигар забонҳо маъруфияти хоса дорад.

Бахшида ба рӯзи забони давлатӣ дар толори Вазорати мудофиа чорабинии судманд бо иштироки аҳли адаб ва масъулини соҳаи забоншиносӣ барпо гардид. Чорабиниро вазири мудофиа генерал-лейтенант Шерали Мирзо ҳусни оғоз бахшида, доир ба мақоми забони давлатӣ ва ҳусну нафосати забони ширини тоҷикӣ суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки бо дастгирии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри пойдории ин забон хидматҳои зиёде ба анҷом расонида шудааст. Хушбахтона имрӯзҳо тамоми ҳуҷчатгузори дар Қувваҳои Мусаллаҳ бо забони давлати-тоҷикӣ сурат мегирад.

Баъдан меҳмонон Муҳтарам Ҳотам-муҳақиқ, сармуҳаррири нашриёти «Адиб», Мирзо Шукурзода-корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи ба номи устод Айнӣ, аълочии фарҳанг, дорандаи ордени «Сурх» ва Зулфониён Раҳим Раҷабзод-сардори шуъбаи танзими истилоҳоти Кумитаи забони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таърихи забони тоҷикӣ, маъруфияту маҳбубияти он ва нигоҳдошти ин шевои зебои дарӣ суханрони намуда, изҳор доштанд, ки мо ифтихор аз он мекунем, ки бо забони Рӯдакиву Фидавсӣ, Саъдию Ҳофиз, Айниву Лоиқ сухан мегӯем. Хизматҳои низомиён дар таъмини амният ва нигоҳдории ҳар як забону давлату миллат

беандоза калон мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Созмони милали мутаҳида бо забони модарии тоҷикӣ баромад намудаву, ташаббусҳои созандаи худро баҳри ҳаёти солим ва оромиву сулҳу суббот дар сайёра, ки мардумонаш бо забонҳои гуногун ҳарф мезананд, пешниҳод менамоянд.

Ҳамчунин дар рафти ин чорабини афсарони Дастгоҳи марказӣ ва Ситоди генералӣ ба сухан баромада аз таърихи забони тоҷикӣ ва моҳияту нигоҳдошти он ҳарф заданд.

МАРКАЗИ МАТБУОТИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Subscribe to us!

EMOMALI RAHMON

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

Minister of Defense
of the Republic of Tajikistan

Colonel-General Sherali Mirzo
Sport

Trading platform