01

mort.tj

03

mort.tj

04

mort.tj

05

type your text for 5th image here

07

type your text for 7th image here

08

mort.tj

09

type your text for 9th image here

10

mort.tj

Ба аввал: Ташкилёбӣ Аз фаъолияти Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ
ХУШ ОМАДЕД БА СОМОНАИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Аз фаъолияти Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ

Тоҷикистони тозаистиқлол аз рӯзҳои нахустини касб намудани мустақилият таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон, баҳри таъмини амнияти халқу давлат ва ҳифзи ормонҳои чандинасраи мардум, яъне Истиқлолият ба ташкилу такмили қудрати дифоии мамлакат диққати махсус равона карда, бидуни ҳеҷ як заминаи моддиву техникӣ дар ҷои холӣ ва аз сифр Артиши миллии худро таъсис дод. Ҳамин тариқ, 18-уми декабри соли 1992 бо Қарори Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қувваҳои Мусаллаҳ ташкил карда шуд. Ва 23-юми феврали соли 1993 дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт нахустин паради ҷузъу томҳои гарнизони Душанбе доир гардид, ки он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ эълон карда шуд.

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон замоне ташкил карда шуд, ки муноқишаҳои сиёсӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар идома доштанд. Новобаста аз вазъи сиёсии давр дар оғози фаъолияти Артиши миллӣ, ҳамчун масоили муҳиму саривақтӣ аз ҷониби раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ раҳмон ба ташкили заминаҳои моддиву маишӣ, бунёди қисму воҳидҳои низомии таъиноташон гуногун, пуррагардонии сафҳои ҷузъу томи Артиш бо ҷавонони соҳибамалакаву дорои маълумоти олии касбӣ, азнавсози сохтори ташкиливу штатӣ ва амсоли ин диққати махсус равона карда мешуд. Ин аст, ки аввалин қисмои ҳарбӣ дар заминаи фронти халқӣ ташкил карда шуда, дар он рӯзҳо нахустин навъи Қувваҳои Мусаллаҳ-Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва сипас, Қӯшунҳои хушкигард низ таъсис ёфтанд. Ҳамин тавр, бо амали намудани ҳадафҳо дар самтҳои мухталиф дар як муддати кӯтоҳ Вазорати мудофиа ҳамчун як нерӯи қудратманду тавоноӣ Артиш гардид. Аз ин рӯ, вобаста ба заминаҳои бунёдӣ ва таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаминро бояд зикр кард, ки ин ҳама дар ҳоле сурат мегирифт, ки вазъият ҳамоно дар мамлакат ноором боқӣ мемонд. Зеро, ба сиёсати сулҳҷӯёнаи Роҳбарияти давлат на ҳама гурӯҳҳои сиёсӣ розӣ буданд.

Дар он солҳои вазнину ҳассос ҳамоҳанггардонӣ, идоракунии фаъолияти якҷояи сохторҳои ҳарбӣ ва ташкили амалиёти дастаҷамъӣ зарурияти дар Артиши миллӣ таъсиси ситоди муштараки низомӣ, яъне Сарситодро пеш овард. Вобаста ба ин, 26-уми августи соли 1994 аз ҷониби Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи сохтори Вазорати мудофиа бори дигар дида баромада шуда, бо назардошти шароити кунунӣ Сарситоди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Оғози фаъолияти ин ниҳод, ки ба рӯзҳои таърихии қабули Конститутсия, тасдиқи рамзҳои давлатӣ, талошҳои Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри поягузорӣ ва ба даст овардани сулҳи тоҷикон рост омада буд, ҷиҳати иҷрои вазифаҳои пешбинишуда, омодагӣ мегирифт. Маҳз, бо бардошти амиқ ва андӯхти таҷриба аз он рӯзҳо, Ситоди генералии Қувваҳои мусаллаҳ ба як сохтори мукаммали идоракунандаи фаъолияти ҳарбӣ ва амалиётҳои ҷангӣ табдил ёфтааст.

Ҳайати роҳбарикунандаи Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро сардори Ситоди генералӣ-муовини якуми вазири мудофиа, муовинони ӯ ва сардорони бархе аз раёсатҳои тобеи Ситоди генералӣ ташкил медиҳанд, ки фаъолияти ин ниҳод дар доираи Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии амалкунандаи ҷумҳурӣ дар соҳаи низомӣ, фармону дастурҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муқаррарот оид ба Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ ба роҳ монда шудааст. То солҳои 2016 масъулияти идора намудани Сарситод ва Ситоди генералиро полковник Валерий Уянаев, генерал майор Никалай Шербатов, генерал майор Содиқ Бобоҷонов, Зуфар Файзиев, Рамил Нодиров ва Зариф Шарифзода бар ӯҳда доштанд. Дар ҳоли ҳозир ин вазифаи пурмасъулу калидии Артиши миллиро, генерал майор Эмомалӣ Собирзода бар ӯҳда дошта, дар ҳимояи марзу бум ва ба ҷо овардани рисолати касбии худ қадамҳои устувор мегузоранд.

Ин сохтори пурнуфузи ҳарбиро раёсату шуъбаҳои махсус ва воҳидҳои низомиии марбути он ташкил дода, давраи аз Сарситод ба Ситоди генералӣ табдили ном кардан дар сохтори ташкиливу штатӣ ва шакли идоракнии қӯшунҳои он низ тағйироту таҳаввулоти ҷадид ба амал омад, ки ҷиҳати пешбурди хизмати ҳарбӣ дар самтҳои мухталиф таъсири муҳим гузошт. Аз ин рӯ, даҳсолаи 2-юми фаъолияти Артиши миллиро, давраи ислоҳоти низомӣ дар мамлакати тозаистиқлоли мо ном бурдан мумкин аст. Зеро дар баробари таъсису азнавсозии қисму воҳиҳои низомӣ, инчунин дар Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат соли 2003-юм аз ҳисоби десантчиён, тирандозони куҳӣ ва дигар ҷузъу томҳои таъиноти махсус, Қӯшунҳои зудамал ташкил карда шуд. Илова бар ин, соли 2005-ум бо назардошти ҳадафу вазифаҳои ягона Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ муттаҳид гардонида шуданд. Ва албатта, пешбурду назорати доимии ин гуна омодагиҳо ва ширкати ҳамаи навъҳои қӯшуну сохторҳои мухталифи ҳарбӣ дар амалиётҳоро масъулини Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ бар ӯҳда доранд, ки ба истилоҳ онҳо Сарлашкарони Артиш дар замони худ мебошанд.

Соли равон аз таъсисёбии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он соли 2007 дар заминаи Сарситод ташкил ёфтааст 10 сол пур гардид. Ҳайати шахсии Вазорати мудофиа бо рӯҳияи баланди хизматӣ аз солгарди ин санаи муҳим таҷлил менамоянд. Дар воқеъ, ин ҷашнвора аз 10-соли рушду нумӯъ, тақвияти ҳамкориҳои самарбахш дар самти таҳкиму тақвияти иқтидори мудофиавии мамлакат, ба кор ҷалб гардидани мутахассисони касбӣ, васеъ гардидани доираи корӣ бо роҳи ислоҳоти кадриву тағйироти штатӣ ва амалӣ гардидани ҳадафҳои монанд ба ин дарак медиҳад, ки он барои хизматчиёни ҳарбии Артиши миллии кишвар боиси пешрафти кор ва ноил гардидан ба натиҷаҳои назаррас дар ин самт гардидааст. Вобаста ба ин муҳимият, истиқбол ва самимона ҷашн гирифтани 10-солагии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҳайати шахсии Вазорати мудофиа ва дар маҷмӯъ Қувваҳои Мусаллаҳ мояи ифтихор асту сарфарозӣ.

Тибқи нақша-чорабиниҳои Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ ҷузъу томҳои Вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои низомии кишвар сатҳи тайёрии касбӣ ва омодагии ҷангии ҳайати шахсии худро бо роҳи таҷрибаомӯзӣ аз ҳамдигар, дар машқҳои муштараки ҳарбии дохил ва хориҷ доимо тавият мебахшад. Дар ин раванд масъулини Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ вазифаи роҳандозӣ намудани фаъолити бехатарии коллективӣ, танзим ва назорати амалиётҳои якҷояи ҳарбиро бар ӯҳда доранд. Бо натиҷагирӣ аз фаъолияти Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ ва дар маҷмӯъ Вазорати мудофиаи мамлакат дар ин самт зикр кардан ба маврид аст, ки давоми 5 соли охир, яъне аз соли 2012 то соли 2016 чандин машқҳои муштараки амалиётӣ-тактикии Қӯшунҳои гарнизонҳои Хатлон, Хоруғ, Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо ҷалби хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои минтақаҳои зикргардида, қувваҳои эҳтиётии дар қайди комиссариатҳои ҳарбӣ буда, бо тирпарронии ҷангӣ аз навъҳои силоҳу муҳимот, техникаҳои вазнини ҳарбӣ ва авиатсияҳои ҷангӣ гузаронида шудааст. Боиси қаноатмандист, ки дар заминаи донишҳои баланди касбӣ ва таҷрибаи кофӣ, имрӯз бо назардошти вазъи ҳарбӣ-сиёсӣ ва шароити кунунии Қувваҳои Мусаллаҳ, зимни баргузории чунин машқҳои таълимиву таҷрибавӣ пайваста унсурҳои мухталифи зиддитеррористӣ зам карда мешаванд, ки албатта он бо нерӯи ҳайати афсарону сарбозони иштирокчии тамринҳо ва бо истифода аз қувваву воситаҳои ҳозиразамони ҷангӣ амалӣ мегардад.

Ҳамчунин, дар самти сиёсати хориҷӣ ва анҷоми корҳои муштарак дар доираи чанде аз Созмонҳи байналмиллалӣ бояд қайд кард, ки дар асоси Нақшаи чорабиниҳои муштараки фаврӣ ҳамасола бо ҷалби қувва ва воситаҳои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, машқҳои муштараки фармондеҳӣ-ситодӣ ва ҷамъомадҳои амалиётӣ бо контингентҳои ҳарбии Қувваҳои дастаҷамъии вокуниши фаврӣ таҳти унвони «ҳамкорӣ», тамринҳои муштараки Марз, Бародарии шикастнопазир ва ба ин монанд гузаронида мешаванд, ки саҳми Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёр ҳам назаррас мебошад.

Соли 2015 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бори нахуст машқҳои муштарак оид ба санҷиши ногаҳонии ҷузъу томҳои вокуниши фаврии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва соли 2016 бошад машқҳои муштарак бо қувва ва воситаҳои разведкаи давлатҳо-аъзони ин созмон доир шуд, ки ташкилу баргузории он аз ҷониби коршиносони сатҳи байналмиллалӣ сазовори баҳои баланд гардид.

Умуман, қайд кардан зарур аст, ки ин гуна машқҳои муштарки низомӣ давоми 5-соли охир дар доираи ҳамкориҳои ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳуриҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 4 маротиба, Созмони Ҳамкории Шанхай 5 маротиба, Атлантикаи Шимолӣ 14 маротиба ва як машқҳои муштараки дуҷонибаи Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар яке дар тамрингоҳҳои ҳудуди ин кишварҳо доир гардидааст.

Дар воқеъ, баланд бардоштани тайёрии ҷангӣ, омодагии амлиётии навъҳои қӯшуни Артиши миллӣ, ҷузъу томҳои пиёданизом, қувваҳои зудамалу таъиноташон махсус, техникаҳои вазнин, авиатсияҳои ҷангӣ ва пеш аз ҳама маҳорати касбии хизматчиёни ҳарбӣ дар самтҳои марбут ба фаъолияти Ситоди генералӣ ҳамчун ҳадафҳои саривақтӣ таҳти таваҷҷӯҳи ҳамешагии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар ин замина ҷиҳати пурзур намудани амнияти халқу иқтидори мудофиавии мамлакат корҳои мушаххас амалӣ карда мешаванд.

Масъалаҳои вобаста ба пуррагардони ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва сохторҳои қудратии мамлакат бо ташкили нақша-чорабиниҳо аз тарафи зерсохторҳои Ситоди генералӣ амалӣ карда мешаванд. Дар ин замина дар баробари даъвату гусели шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ, инчунин бо мақсади бозомӯзӣ, такмили маҳорати ҷангӣ ва дар ҳолати зарурӣ саривақт ҷалб кардани қувваҳои эҳтиётӣ, ташкилу баргузории машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ ва ҷамъомадҳои гуногуни таълимӣ аз самтҳои муҳими фаъолияти масъулини Ситоди генералӣ ба ҳисоб меравад. Ин аст, ки танҳо дар соли 2016 беш 100 ҳазор нафар шаҳрвандони дар эҳтиёт қарор дошта, техникаҳои хоҷагии халқ, наздики 1000 адад техникаҳои зиреҳпӯши ҳарбиву артиллерӣ, авиатсияҳои ҷангӣ ва дигар лавозимоти зарурӣ, ки ба ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ, машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ ва машқҳои мукаммали низомӣ заруранд, ҷалб карда шудаанд.

Дар ин замина, фаъолият ва саҳми Разведкаи ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ низ назаррас мебошад. Зеро ҳеҷ як амалиёти ҷангиро бидуни таҷриба дар пешбурди фаъолияти фаврӣ, кашшофиву пешниҳоди маълумоти дақиқ, пурранамоии сафҳои ҷузъу томҳо бо қувваҳои зарурӣ, таъминоти хизмати муҳандисиву сапёрӣ, риояи талаботи бехатарӣ, системаи идоракунии алоқа, танку туп, пешгирӣ аз заҳролудшавӣ, коркарди ҳуҷҷатҳо, ҳифзи иттилооту махфияти онҳо, ҳамлу нақли молу амвол, қувваи зинда ва рӯҳияи баланди хизматии ҳайати шахсӣ пеш бурдан ғайримкон аст.

Умуман, нақши Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми самтҳои хизмати пурмасъули ҳарбӣ самарбахш буда, ин ниҳоди калидии Артиш зимни доир намудани ҳама гуна амалиёт дар ҳамоҳангӣ бо дигар сохторҳи ҳарбӣ, аз ҷумла чузъу томҳои Вазорати мудофиа, Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Гвардияи милӣ, Қушӯнҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бригадаи посбоникунандаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои бисёр ҳам зарурӣ ва ҳаётан муҳимро иҷро менамояд. Аз ин рӯ, бо боварии комил метавон гуфт, ки ҳайати шахсии сохторҳои низомии мамлакат, барои муҳофизати ҳар як ваҷаб хоки муқаддаси ин сарзамин, арзишҳои милливу давлатӣ, музаффариятҳои даврони соҳибистиқлолӣ, ки он ҳама таҳти роҳнамоии Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерали артиш. Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми шарафманди Тоҷикистон ба даст омадааст, бо савганди садоқатманди ба халқу Ватан ва сарвари ғамхори худ чун гавҳараки чашм онро нигаҳбонӣ менамоянд.

ВАЗИРИ МУДОФИАИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ГЕНЕРАЛ-ЛЕЙТЕНАНТ
ШЕРАЛӢ МИРЗО
Наворҳо

Варзиш